Ҳуқуқи башар

КШНГЗ: “Дар Тоҷикистон фоҷеъаи соли 37-и асри гузашта такрор мешавад!”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) дар номае саркушода ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, Иттиҳодияи Урупо, Созмони амният ва ҳамкории Урупо ва созмонҳои ҳуқуқи башар, бо баёни ин ки “дар Тоҷикистон фоҷеъаи соли 37-и асри гузашта такрор мешавад”, аз ин созмонҳо даъват ба амал овардааст, то “ба ин фоҷеъаи бузурги инсонӣ, ки дар Тоҷикистон идома дорад таваҷҷӯҳ кунанд ва бо ҳар роҳи мумкин барои хотима додани он ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оранд.” КШНГЗ таъкид кардааст, ки “дар сурати идомаи ин бетаваҷҷӯҳӣ, имкони бамаротиб бузургтар шудани он ва ба як нуқтаи доғи дигар дар харитаи ҷаҳон табдил шудани Тоҷикистон бисёр зиёд аст.”

Ба гузориши сойти Зиндониён, номаи мазкур ба шарҳи зерин аст:

Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба:

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ

Иттиҳодияи Урупо

Созмони амният ва ҳамкории Урупо

Ҳамаи кишварҳое, ки ба ҳуқуқ ва шарофати инсон арҷ мегузоранд

Созмонҳои ҳуқуқи башар

Бо хомӯшии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ҳамсоягии Афғонистону Чин, яке аз қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон — Тоҷикистон фоҷеъае ҷараён дорад, ки 5 сол пеш шурӯъ шуда, алангаи оташаш торафт баландтар мешавад. Аммо дар сояи Афғонистону Чин то ҳанӯз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба он мутаваҷҷеҳ нашудааст.

Дар ин муддат дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар бегуноҳ зиндонӣ шуданд, садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва даҳҳо ҳазор барои фирор аз таъқиб кишварро тарк карданд. Танҳо шумори зиндониёни сиёсии номҳояшон ошкоршуда беш аз 400 нафар аст. Имкон дорад ин шумор бамаротиб бештар бошад.

Аз оғози соли 2020 мавҷи нави боздоштҳо, ки ҳатто занони хонашинро фаро гирифтааст, оғоз шуд ва тибқи маълумоти расмӣ 113 нафар, аммо тибқи маълумоти расонаҳо то 1000 нафар боздошт шудаанд, ки байнашон ҳаддиақал 10 зан ва чанд устоди донишгоҳ қарор доранд. Мақомот танҳо баъди қариб як моҳи шурӯъи боздоштҳо шарҳи расмӣ доданд ва боздоштшудагонро пайравони Ихвонул-муслимин номиданд. Даъвое, ки бисёр шубҳанок аст, чун қаблан ҳам мақомот нафаронеро боздошт ва ба иртибот бо ин созмон муттаҳам карда буданд, ки аслан ақидаашон хилоф ва ҳатто зидди ақидаи Ихвонул-муслимин буд.

Мақомоти Тоҷикистон таъқибҳои сиёсиву мазҳабӣ ва ҳатто иқтисодиашро “мубориза бо терроризм” унвон мекунад. Дар аксари ҳолатҳо сохта будани иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон ифшо мешаванд, аммо мақомот аз ироаи иттиҳому фарзияҳои сохтаи нав худдорӣ намекунанд. Танҳо дар якуним соли охир чунин ҳолатҳо чанд маротиба такрор шуданд.

Дар ин муддат се куштори дастаҷамъии зиндониён дар зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ваҳдат ва зимни интиқоли зиндониён аз Хуҷанд ба Душанбе дар таърихҳои 08.11.2019, 19.05.2019 ва 07.07.2019 рух дод, ки дар умум беш аз сад маҳбус кушта шуданд. Тамоми шарҳу фарзияҳои ироакардаи мақомот дар ин ҳодисаҳо аз тарафи коршиносон ва матбуот дурӯғ бароварда шуда, то ҳанӯз сабабҳои аслии он ҳодисаҳо ва қатли афроди бесилоҳ шарҳ дода нашудааст.

Моҳи июни соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ сурат гирифт, ки шаҳрвандони ИМА, Нидерланд ва Суис кушта шуданд. Вазорати корҳои дохила билофосила эълон кард, ки амалиёти террористӣ кори дасти ҲНИТ будааст — ҳизби мухолифе, ки дар порлумон узв дошт ва фаъолияташ соли 2015 манъ шуд, аммо ҳеч созмон ё кишваре ба ин иттиҳом бовар накард. Баъди як ҳафтаи амалиёт, ДОИШ онро ба дӯш гирифт ва навори видеоӣ ҳам нашр кард. Аммо бо ин ҳама, мақомот аз фарзияи худ даст накашиданд ва дар сойти Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳанӯз қарори ин додгоҳ мабнӣ бар даст доштани ҲНИТ вуҷуд дорад.

Дар ин муддат садҳо нафар дар зиндонҳои кишвар, дар боздоштгоҳҳои Вазорати корҳои дохила, дар артиш дар натиҷаи латукӯб ва зимни боздоштҳо кушта шуданд, аммо то ҳол танҳо омилони ду ё се ҳодисаи ин кушторҳо ҷазо гирифта, дигарон бе ҷазо мондаанд. Ҳодисаҳои ба мансаби баландтар рафтани кормандони мақомоти қудратӣ баъди ифшо шудани шиканҷа ва ҳатто куштор ҳам ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин ҳодисаҳои боздошти ғайриқонунии занон барои либос, латукӯби онҳо, таҳдид ба таҷовуз ва ҳатто таҷовуз низ ба расонаӣ шудаанд. Чанд нафар зан барои либос, ҳамсар ё наздики нафари мухолиф будан, эътирози маданӣ ва ғайра шиканҷаи ҷисмиву равонӣ шуда, наворҳои беобрӯкунандае дар ҳақи онҳо аз тарафи мақомот нашр гардиданд.

Дар Тоҷикистон бино бар фишор ва назорати шадид, дарсади хеле ками ҷабрдидагон ҷуръат ба расонаӣ кардани ҷиноятҳои мақомот мешаванд. Дар асл шумори кушташудагон, шиканҷашудагон ва озориҷинсидидаҳо бамаротиб бештар аз он аст, ки расонаҳо гузориш медиҳанд. Тибқи маълумоте, ки ҷабрдидагон, наздикони онҳо ва шоҳидон ба Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ ироа мекунанд, метавон бо сароҳат гуфт, ки шумори онҳо даҳҳо баробар бештар аз он аст, ки расонаӣ мешаванд.

Шурӯъ аз 1 январи соли ҷорӣ мақомот садҳо нафарро боздошт карданд ва ин боздоштҳо то ҳол идома доранд. Рӯзи 06.01 боздошти занҳои хонашин низ шурӯъ шуда, тибқи маълумоти гуногун аз 5 то 10 зан боздошт шудаанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ, СММ, ИА, созмонҳои ҳуқуқи башар даъват мекунад ба ин фоҷеъаи бузурги инсонӣ, ки дар Тоҷикистон идома дорад таваҷҷӯҳ кунанд ва бо ҳар роҳи мумкин барои хотима додани он ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оранд.

Дар сурати идомаи ин бетаваҷҷӯҳӣ, имкони бамаротиб бузургтар шудани он ва ба як нуқтаи доғи дигар дар харитаи ҷаҳон табдил шудани Тоҷикистон бисёр зиёд аст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава

28.01.2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.