Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Маҳмуд Аббос: “Мухолифи “Муомилаи қарн” буда ва ҳастам… Намехоҳам хоин бошам!”

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин зимни радди “Муомилаи қарн”, таъкид кард, ки мухолифи ин тарҳи иддаоии сулҳи Омрико буда ва ҳаст. Дар ҳамин росто, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, унвон дошт, ки “Муомилаи қарн” аз пеш шикастхӯрда аст.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, ба созмонҳои амниятӣ иҷоза нахоҳад дод, ки аз эътирозоти фаластиниҳо алайҳи режими саҳюнистӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Вай дар ҷамъи аъзои ҷунбиши Фатҳ гуфтааст, ки “рӯзҳои душворе пеши рӯй дорем ва бояд натоиҷи адами пазириши “Муомилаи қарн”-ро — ҳар чӣ ки бошад — таҳаммул кунем.”

Маҳмуд Аббос эълом карда, ки “ниёзманди афзоиши муқовимати мардумӣ дар тамоми манотиқ ва таҳрики тамоми кодрҳои ҷавон ҳастем ва ин ки хиёбонҳоро тарк накунем.”

Аббос афзуд: “Замоне, ки напазируфтам бо Дунолд Тромп гуфтугӯ кунам, маро таҳдид карданд, ки ба хотири рафторам — ки онро аҳмақона хонданд — баҳои сангине пардохт хоҳам кард.”

Вай, бо ишора ба ин ки “чизе аз умр боқӣ намондааст”, тасреҳ кард: “Намехоҳам хоин бошам.” Аббос афзуд: “Ба “Муомилаи қарн” на гуфтам… Ва ҳамчунон на хоҳам гуфт… Тромп мехоҳад чизе ба мо таҳмил кунад, ки мо онро намехоҳем… Ин ғайримумкин аст.”

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин тасреҳ кард: “Тайи рӯзҳои оянда мавзеъи мо воҳид хоҳад буд ва бояд мавозеъи Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ низ чунин бошад.

Вай хотирнишон кард: “Мо дар рӯзҳои оянда, дар вазъияти фавқулъода қарор хоҳем дошт ва аз ҳама мехоҳем, ки дар канори мо бошанд. Мо ниёзманди ҳама ҳастем!

Аббос дар поён таъкид кард: “Мо мушак ва ҳавопаймо надорем… Вале ирода, азм ва миллати бузурге дорем.”

Зариф: “Таваҳҳуми “Муомилаи қарн” аз пеш шикастхӯрда аст”

Дар ҳамин росто, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи душанбе тарҳи созиши мавсум ба “Муомилаи қарн”-ро аз пеш шикастхӯрда тавсиф кард ва бори дигар тарҳи пешниҳодии Эрон барои ҳалли муноқишаи Фаластинро ёдовар шуд.

Вай дар Твиттер навишт: “Касоне, ки худро “парчамдорони демукросӣ” мехонанд, беҳтар аст ба ҷойи таваҳҳуми “Муомилаи қарн” — ки аз пеш шикастхӯрда аст — роҳкори демукротики Эронро, ки тавассути Оятуллоҳ Хоманаӣ пешниҳод шуда бипазиранд, ва он ин аст: як ҳамапурсӣ, ки дар он, ҳамаи фаластиниҳо (мусалмон, яҳудӣ ва масеҳӣ) дар мавриди ояндаи худ тасмим бигиранд.”

Гуфтанист, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дирӯз (душанбе, 27 январ) дар дидор бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, ки тарҳи сулҳи Омрико асри фардо (сешанбе) рӯнамоӣ хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Омрико гуфт: “Тарҳи сулҳи таърихӣ, ки фардо эълом хоҳад шуд, мавриди тавофуқи бисёре аз кишварҳои арабӣ буда ва фикр мекунам, ки фаластиниён низ дар ниҳоят хостори он хоҳанд буд.”

Вай афзуд, ки тарҳи сулҳ шонси муваффақият дорад ва агар фаластиниён хостори тавофуқ набошад, тавофуқе ҳосил нахоҳад шуд.

Бар асоси гузоришҳои расонаӣ, ин тарҳ пойтахти Қудсро аз фаластиниҳо салб карда, ҳокимияти режими саҳюнистӣ бар бахши аъзами каронаи Бохтариро ба расмият шинохта ва оворагони фаластиниро аз ҳаққи бозгашт маҳрум мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.