Дидгоҳ

Оё навбати сӯфиҳо ҳам расид?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш дар расонаҳо хабаре мунташир шуд мабнӣ бар даргузашти як руҳонии маъруф дар Вахш ба номи Домулло Сафархоҷа. Тибқи гузориши расонаҳо, ин руҳонии 72-сола пеш аз вафот ҳамроҳ бо 3 фарзанд ва 1 наберааш аз сӯи мақомот дастгир ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта будааст. Марҳум Домулло Сафархоҷа гароиши сӯфигарӣ доштааст.

Ба илова, сомонаи Ахбор бо истинод ба манобеи худ дар дохили кишвар гузориш карда, ки “мақомот рӯзҳои охир даҳҳо нафар аз сӯфиёни тариқат, аз ҷумла Абдухолиқ Ҳамроев, маъруф ба Эшони қорӣ, як рӯҳонии машҳури зодаи Қумсангирро, ки ҳоло дар ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ мекардааст, низ боздошт ва бозпурсӣ кардаанд.” Яке аз афроде, ки баъди бозпурсии мақомот раҳо шудааст, ба сомонаи Ахбор гуфта, ки онҳо зимни бозпурсиҳо таъкид кардаанд, ки аҳли тариқат пурра пойбанди мазҳаби ҳанафия мебошанд, вале ин таъкиди онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсире нагузоштааст.

Достони бархӯрди мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон бо мусалмонони пойбанд ба анҷоми маросими динӣ – чӣ ӯ сӯфӣ бошад ё салафӣ, чӣ ихвонӣ бошад ё ҳанафӣ, чӣ наҳзатӣ бошад ё таҳрирӣ -, достони бархӯрди боғбон бо се рафиқи мусалмонро мемонад, ки ҳар як гаройише хосс доштанд: яке фақеҳ буд, дигаре шариф (яъне сайид ва аз авлоди Паёмбари Акрам (с)) буд ва севвумӣ сӯфӣ. Мавлоно ин достонро дар Маснавӣ овардааст ва достони бисёр дарсомӯз аст.

Хулосаи достон ин аст, ки ин се рафиқ вориди як боғ шуда ва бо ҳам дар онҷо нишаста саргарми гуфтугӯ мешаванд. Боғбон, ки гумон мекард ин се тан ба қасди дӯздӣ вориди боғи ӯ шудаанд, тасмим мегирад ин се рафиқро аз байн бибарад. Аммо чун бо ҳам буданд, наметавонист бо онҳо муқобила кунад, аз ин рӯ, пеши худ гуфт, аввал бояд ин се нафарро аз якдигар ҷудо кунам, ва замоне ки ҳар як танҳо шуд, он вақт метавонам нобудашон кунам:

Барнаёям як тана бо се нафар,

Пас, бибуррамшон нахуст аз ҳамдигар.

Ҳар якеро з-он дигар танҳо кунам,

Чунки танҳо шуд, сабилаш барканам.

Бинобар ин, боғбон ҳилаву найранге ба кор баст ва ба сӯфӣ гуфт, бирав ба утоқ ва барои ин ду дӯстат як гилем бардор ва биёр. Сӯфӣ вақте ба дунболи гилем рафт, боғбон ба он ду нафар гуфт: ту як фақеҳӣ ва ин ҳам як сайиди номовар. Мо ба баракати фатвоҳои фақеҳ нон мехӯрем ва ин сайид низ авлоди ҳазрати Мустафо (с) аст. Он сӯфии шикампарасти фурӯмоя кист, ки бо шумо бузургон ҳамнишинӣ кунад?

Боғбон гуфт: ҳамин ки сӯфӣ инҷо омад, бигиред ва бизанедаш, он вақт ба подоши ин кор, як ҳафта дар боғу бӯстони ман хуш гардиш кунед. Боғ чӣ арзише дорад? Ҷонам азони шумост, эй шумое, ки барои ман монанди чашми рост азизу арзишманд ҳастед!

Чун биёяд, мар варо пунба кунед,

Ҳафтае бар боғу доғи ман занед.

Боғ чӣ бвад? Ҷони ман, они шумост,

Эй шумо буда маро чун чашми рост.

Хулоса, боғбон найранг ба кор гирифт ва он қадр он ду (фақеҳу сайид)-ро васваса кард, ки гӯли ҳарфҳояшро хӯрданд. Ҳамин ки сӯфӣ рафт, боғбон як чӯби сифту сахте бардошт ва ба дунболи он сӯфӣ рафт ва ӯро чунон сахт кӯбид, ки нимаҷонаш кард ва сару каллаашро шикаст. Сӯфӣ дар он ҳоли зор бо худ гуфт: навбати ман гузашт, вале эй дӯстон, хуб мувозиби худ бошед! Шумо воқеан маро бегона пиндоштед, вале ман ҳар кӣ бошам, бегонатар аз ин даюс нестам. Ин кутаке, ки ман хӯрдам, шумо низ ҳатман хоҳед хӯрд:

Гуфт сӯфӣ: они ман бигзашт, лек

Эй рафиқон, поси худ доред нек.

Мар маро ағёр донистед, ҳон?

Нестам ағёртар з-ин қалтабон.

Ин чӣ ман хӯрдам, шуморо хӯрданист

В-ин чунин шарбат ҷазои ҳар данист.

Ҳамин ки боғбон хиёлаш аз ҷониби сӯфӣ роҳат шуд, баҳонаи дигаре тарошид ва ба сайид гуфт: эй сайиди бузургворам! Бирав ба тарафи утоқ, ки ман барои чошт қадре нони нозук пухтаам. Бирав, дар хона ба навкарам бигӯ, то он нони нозук ва мурғобиро биёварад. Боғбон ҳамин ки сайидро роҳӣ кард, ба фақеҳ гуфт: эй одами борикбин! Ин мусаллам аст, ки ту як фақеҳӣ. Ин сайид, ки иддаои номаъқуле мекунад ва мегӯяд, ман авлоди паёмбарам, аз куҷо медонад, ки чӣ одаме бо модари ӯ омезиш кардааст?

Боғбон ба қадре суханони найрангомез ба гӯши фақеҳ хонд, ки ӯ низ он ҳарфҳоро бовар кард. Он гоҳ боғбони ситамкор ба дунболи сайид равон шуд ва ба ӯ ҳамон кард, ки бо сӯфӣ карда буд. Ҳамин ки боғбон хиёлаш аз ҷониби сайид ҳам роҳат шуд, ба суроғи фақеҳ омад ва гуфт: эй фақеҳ! Ту чӣ фақеҳе ҳастӣ? Дастат бурида бод! Сипас боғбон шурӯъ кард ба задани фақеҳ. Он гоҳ он фақеҳ ба боғбон гуфт: бизан, ки акнун ғалаба бо туст! Ин аст сазои касе, ки аз ёрони худ ҷудо шавад:

Гуфт: ҳаққ астат, бизан, дастат расид,

Ин сазои он ки аз ёрон бурид.

* * *

Замоне, ки мақомот фаъолияти ҲНИТ-ро мамнӯъ ва раҳбаронашро ба зиндон афканданд, дигарон сокит нишастанд ва балки ба далели ихтилофоти ҷузъие, ки бо ҲНИТ доштанд, хушҳол ҳам шуданд, аз ҷумла салафиҳо. Навбат ба мусалмонони салафӣ расид; вақте ҳаводорони ин ҷараёни мазҳабӣ боздошт ва равонаи зиндон шуданд, дигарон ва бахусус сӯфиҳо табли шодӣ заданд, ба хотири ихтилофоте, ки бо онҳо доштанд. Инро ҳам арз кунам, ки замоне, ки шуморе аз мусалмонон ба иттиҳоми шиъагароӣ боздошт ва равонаи зиндон мешуданд, ҳамон салафиҳо табли шодӣ мезаданд. Сипас навбати ба истилоҳ ихвониҳо ҳам расид. Боз ҳам камокон дигарон сокит ва аҳёнан хушҳол шуданд. Инак, зоҳиран навбати сӯфиҳо низ — ки худро ҳанафии хеле сифту сахт медонанд ва бештарашон коре ҳам ба кори сиёсат надоранд ва дар мавориде аз сиёсатҳои ҳукумати кунунӣ дифоъ мекунанд – расида.

Ин ҳукумат хоҳони маҳви пойбандӣ ба ислом аст, на ин ки бо гурӯҳе хуб ва бо гурӯҳи дигар бад бошад. Мехоҳад дар ҷомеаи Тоҷикистон фарде боқӣ намонад, ки ба ислому шариат пойбанд бошад. Ин аст решаи мушкил.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.