Сиёсат

Тарроҳи амалиёти терури Сулаймонӣ дар суқути ҳавопаймо дар Афғонистон ба ҳалокат расида? Хабаре, ки Омрико ҳанӯз на таъйид карда ва на рад

Имрӯз дар чанд расона хабаре мунташир шуд мабнӣ бар ин ки Мойк ДиОндрео (Michael D’Andrea) маъруф ба “Оятуллоҳ Мойк” — масъули парвандаи Эрон дар CIA (Созмони иттилооти марказии Омрико = ЦРУ) ва тарроҳи амалиёти терури Сардори шаҳид Сулаймонӣ — дар ҳавопаймое будаааст, ки дирӯз дар Афғонистон сарнагун шуда. Хабаре, ки ҳанӯз Омрико на таъйидаш карда ва на рад.

Ин хабарро аз ҷумла рӯзномаи ангилисии Mirror ва ҳамчунин пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Veterans Today нақл кардаанд.

Ҳамчунин Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ — вазири асбақи фарҳанг ва иршоди Эрон (дар даврони Хотамӣ), ки дар ҳоли ҳозир муқими Ландан аст низ дар Твиттер дар ин бора навиштааст:

Тромп ҳанӯз дар бораи суқути ҳавопаймои низомии Омрико дар Афғонистон сухане нагуфта, зоҳиран (аз назари Тромп): ҳама чиз олист! Теъдоде дучори зарбаи мағзӣ шудаанд.”

Муҳоҷиронӣ дар идома афзуда: “Мегӯянд, Мойк ҳам ҷузъи “зарбахӯрдагон” аст. Баъид аст асомии афсарони баландпояи CIA ба фаврият эълом шавад агар Мойк, коршиноси Эрон дучори “зарбаи мағзӣ” шуда бошад.”

Ва ҳамчунин Фобию Корису (Fabio Carisio) — мудири Gospanews дар сафҳаи твиттери худ дар бораи ин мавзӯъ навиштааст:

Оятуллоҳ Мойк, мудири мизи Ховари Миёнаи CIA мумкин аст дар ҷараёни суқути ҳавопаймо (-и омрикоӣ) дар Афғонистон мурда бошад.”

«Оятуллоҳ Мойк» кист?

Расонаҳо пас аз терури Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ, ки ба дастури мустақими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико анҷом шуд, Мойк ДиОндрео (Michael D’andrea) — масъули парвандаи Эрон дар Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA)-ро ба унвони мағзи мутафаккир дар терури Сардор Сулаймонӣ муаррифӣ карданд.

Мойк ДиОндрео дар созмони CIA ба “шоҳзодаи торикӣ” маъруф аст ва ба “Оятуллоҳ Мойк” низ шӯҳрат дорад. Дар 2 июни 2017 рӯзномаи New York Times бо интишори гузорише эълом кард, ки Мойк ДиОндрео ба унвони раиси мизи Эрон дар созмони CIA мансуб шудааст. Вай пеш аз он мудирияти маркази зидди теруристии созмони CIA дар солҳои 2000-ро бар ӯҳда доштааст. Ба гузориши рӯзномаи New York Times, вай дар ин замон амалиёти ҷустуҷӯ ва таъқиби Усома бен Лодан, бунёнгузор ва раҳбари собиқи Алқоъидаро бар ӯҳда дошт. Ҳамчунин ҳидояти барномаи CIA дар “қатлҳои ҳадафманд” низ бар ӯҳдаи Мойк ДиОндрео будааст.

Бар асоси гузоришҳо, Мойк ДиОндрео пас аз издивоҷ бо як зани мусалмон, ба “Оятуллоҳ Мойк” маъруф шуд. Вай ҳамсарашро дар яке аз маъмуриятҳои хориҷии CIA мулоқот кард ва барои издивоҷ бо ӯ ба дини ислом даромад, гарчи мегӯянд, ӯ ба зоҳир ба ислом гаравида будааст.

Мойк ДиОндрео шӯҳрат ва собиқае фавқулъода дар созмони CIA дорад, шояд ҳеч кадом аз кормандони CIA ба андозаи ӯ дар тазъифи Алқоъида нақш надоштаанд. Вай ҳангоме, ки нозир бар шикори Усома бен Лодан ва мудири барномаи ҳамлаҳои таҳоҷумии Омрико буд, ба “шоҳзодаи торикӣ” маъруф шуд. CIA амалиёти таҳоҷумӣ ба василаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро таҳти раҳбарии Мойк ДиОндрео ба Яман густариш дод ва бисёре дар CIA ӯро яке аз омилҳои аслӣ дар тазъиф ва фалаҷ кардани Алқоъида медонанд.

Илова бар он, маъмуроне, ки таҳти ҳидояти Мойк ДиОндрео кор кардаанд, нақше асосӣ дар ба шаҳодат расондани шаҳид Имод Муғния — аз фармондеҳони аршади Ҳизбуллоҳи Лубнон дар феврали 2008 доштаанд. Бо ҳамкории исроилиҳо CIA бо бомбе, ки дар мошин кор гузошта шуда буд, Муғнияро дар Димишқ ба шаҳодат расонданд.

Гуфта мешавад, ки амалиёти шикори Абӯбакри Бағдодӣ — саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ низ таҳти назари Мойк ДиОндрео анҷом шудааст.

* * *

Гуфтанист, ҳанӯз будани Мойк ДиОндрео дар ҳавопаймое, ки дирӯз дар Ғазнии Афғонистон суқут кард аз сӯи Омрико таъйид ва ё рад нашудааст.

Ҳавопаймои соқишуда аз навъи Bombardier E-11A аст, ки барои амалиёти ҷосусӣ бар фарози Афғонистон истифода мешуд. Тамоми сарнишинони ин ҳавопаймо кушта шудаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.