Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Эрон муомилаи қарнро “хиёнати қарн” дар ҳаққи мардуми Фаластин ва уммати исломӣ хонд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон муомилаи қарнро “хиёнати қарн” дар ҳаққи мардуми Фаластин ва уммати исломӣ хонд ва хостори муқобилаи давлатҳо ва миллатҳои озодаи минтақа ва ҷаҳон бо ин тарҳи нангин шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидаббос Мӯсавӣ — сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, тарҳи сулҳи Омрико мавсум ба “муомилаи қарн”-ро “хиёнати қарн” дар ҳаққи мардуми Фаластин ва уммати исломӣ тавсиф кард ва хостори муқобилаи давлатҳо ва миллатҳои озодаи минтақа ва ҷаҳон бо ин тарҳи нангин шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ин ки сарзамини Фаластин аз они мардуми Фаластин аст, гуфт: “Режими саҳюнистӣ режиме ғосиб ва ишғолгар аст ва танҳо роҳи ҳалли бӯҳрони Фаластин баргузории ҳамапурсӣ дар байни сокинони аслии сарзамини Фаластин хоҳад буд ва ингуна тарҳҳои хабосатомез маҳкум ба шикаст аст.”

Мӯсавӣ бо баёни ин ки аз дидгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаи Фаластин ва Қудси шариф масъалаи аввали ҷаҳони ислом аст, афзуд: “Ҷойи таассуф аст, ки бархе кишварҳои исломӣ бо фаромӯшии ин ормон душманро ҷойи дӯст нишонда ва беш аз 70 сол ҷиноятҳои зидди башарии режими саҳюнистиро омидона ва ё аз рӯи ғафлат ба фаромӯшӣ месупоранд.”

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷӯҳ ба фаврият ва аҳаммияти масъалаи Фаластин ва тавтиаи азиме, ки пушти сари ба истилоҳ муомилаи қарн зидди уммати исломӣ нуҳуфтааст, омодагӣ дорад то сарфи назар аз ихтилофоти худ бо бархе кишварҳои минтақа, ки бисёре аз ин ихтилофот сохтаи ғосибони Қудси шариф ва муомилагарони ҳайсият, обрӯ ва номуси мусалмонон аст, барои ваҳдати ҷаҳони ислом ва ба манзури муқобила бо тавтиаи бузурге, ки киёни уммати исломиро ба хатар афкандааст, дар ҳар сатҳе ҳамкорӣ кунад.”

Ҳизбуллоҳи Лубнон тарҳи Омрикоро “муомилаи нангин ва хиёнати ҳокимони араб” хонд

Ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон дар баёнияе тарҳи Омрико алайҳи фаластиниёнро шадидан маҳкум кард ва онро тарҳи нангини давлати Тромп алайҳи фаластиниён донист.

Ҳизбуллоҳ афзуд, агар хиёнати бархе аз ҳуккоми араб набуд, ин тарҳ таҳмил намешуд.

Ин ҷунбиш эълом кард, ки “ин муомилаи нангин гоми бисёр хатарноке аст ва бозтобҳои бисёр баде бар ояндаи минтақа ва миллатҳои он хоҳад дошт.”

Ҳизбуллоҳ таъкид кард: “Агар ҳамдастӣ ва хиёнати бархе аз режимҳои арабӣ, ки ба сурати аланӣ дар ин тавтиа даст доранд вуҷуд надошт, ин муомила шакл намегирифт.”

Ансоруллоҳи Яман: “Тарҳи Тромп ҳуҷуми ошкори Омрико ба Фаластин ва уммати исломӣ аст”

Сухангӯи расмии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар вокуниш ба тарҳи таҳмилии Омрико, ин тарҳро ҳуҷум ба Фаластин ва уммати исломӣ донист.

Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи расмии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар ҳисоби твиттери худ навишт: “Тарҳи Тромп ҳуҷуми ошкори Омрико бар Фаластин ва уммати исломӣ аст. Ин тарҳест, ки Арабистон ва Аморот барои решакан кардани ормони Фаластин, аз он ҳимояти молӣ кардаанд.”

Сухангӯи Ансоруллоҳ гуфт, ки миллатҳои минтақа бояд масъулияти муқобила бо ин хатарро ба ӯҳда бигиранд ва онро рад кунанд.

Гуфтанист, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико шомгоҳи сешанбе тайи нишасти хабарӣ, ки нахуствазири режими саҳюнистӣ ва сафирони кишварҳои арабии Баҳрайн, Аморот ва Умон ҳузур доштанд, тарҳи муомилаи қарни худро рӯнамоӣ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.