Иқтисод

Идомаи мамнӯияти мошинҳои борбарии Тоҷикистон аз тариқи хоки Туркманистон

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон аз идомаи мамнӯияти мошинҳои борбарии ин кишвар аз тариқи хоки Туркманистон хабар дод.

Акс аз хабаргузории Спутник

Ба гузориши Спутник, Худоёр Худоёрзода, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон, дар нишасте хабарӣ гуфт: “Мушкили ҳаракати мошинҳои борбарии Тоҷикистон аз тариқи хоки Туркманистон то кунун ҳал нашудааст.”

Вай афзуд: “Замоне, ки мо ин масъаларо бо ҳамтоёни туркмании худ баррасӣ мекунем, онҳо аз сабаби чунин рафторе изҳори беиттилоӣ мекунанд.”

Худоёр Худоёрзода, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон. Акс аз Родию Озодӣ.

Худоёрзода гуфт: “Ҷоддаҳои Туркманистон на танҳо барои ширкатҳои тоҷикӣ, балки барои ширкатҳои кишварҳои мухталиф, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ҳамл мекунанд, баста аст.”

Вай тасреҳ кард: “Мо роҳҳои ҷойгузин барои вуруд ба Ховари Миёна бо давр задани Туркманистон аз тариқи Ӯзбакистон, Қазоқистон, дарёи Хазар, Озарбойҷон ва сипас ба самти Эрон ва Туркияро пайдо кардаем.”

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард: “Масирҳои фавқ то Эрон аз тариқи Туркманистон ҳазор километр тӯлонитар ва то Туркия баръакс 434 километр кӯтоҳтар аст.”

Гуфтанист, Туркманистон аз феврали соли гузашта бо маҳдуд кардани вуруди мошинҳои борбарии Тоҷикистон, барои онҳо мушкилотеро эҷод кардааст ва ба эътиқоди коршиносон, ин мушкил ба иллати ихтилофот байни ду кишвар бар сари дигар масоил аз ҷумла хатти оҳани Туркманистон, Тоҷикистон ба Афғонистон аст, ки Душанбе аз ин хатти оҳан ба далоили мухталиф хориҷ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.