Сиёсат

Оё он вокунишҳо аз рӯи беиттилоъӣ буд ё мақҳури филмҳои ҳоливудӣ шудаем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар таърихи 8 январи соли ҷорӣ, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар аввалин вокуниши худ ба “силии Эрон” барои интиқоми хуни шаҳид Қосим Сулаймонӣ — ки ҳудуди 13 мушаки болистик ба бузургтарин пойгоҳи низомии Омрико дар Ироқ яъне пойгоҳи Айнуласад партоб кард — изҳор дошт: “Ба иттилоъи мардуми Омрико мерасонам, ки ҳеч омрикоӣ дар ҳамлаи шаби гузашта осеб надид (!), ҳамаи сарбозони мо саломат ҳастанд ва танҳо осебҳои ҷузъӣ ба таҷҳизот (!) ворид шудааст…” Вай бо баёни ин ки Омрико қудратмандтарин артиши дунёро дар ихтиёр дорад афзуд: “Нерӯҳои низомии Омрико дар давлати ман бо 2.3 трилюн дулор комилан бозсозӣ шудааст. Мушакҳои мо комилан дақиқ ва маргбор ҳастанд. Мо мушакҳои фаросавтӣ дорем…” (Мутмаин бошед, агар ба ҷойи Тромп фарде дигар, масалан Убомо ҳам мебуд, ҳамин гуна мавзеъ мегирифт, ин хосси оқои Тромп нест, далелашро андаке баъд ёдоварӣ хоҳам кард.)

Хуб, замоне ки Тромп ин ҳарфҳоро ба забон овард, бо вуҷуди он ки на худаш ба ин ҳарфҳо бовар дошт ва на женеролҳояш, зеро медонистанд Эрон чӣ силии муҳкаме бар онҳо ворид овардааст (ва ин воқеият, аз вазъи сару сурати ӯ ва женеролҳояш дар ҳамон нишасти хабарӣ комилан ҳувайдо буд), аммо бо ин ҳама медонист афкори умумии дунё ҳарфҳои пучи ӯро мепазирад. Чаро?

Далелаш ин аст, ки Омрико, аз замони поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум то ба ин соат, беш аз он ки ба пирӯзӣ дар замин эътиқод дошта бошад, ба пирӯзӣ дар мағзҳо эътиқод дорад. Бинобар ин, ин кишвар аз ҳамон замон (яъне поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум) тамоми кӯшиши худро сарфи нуфуз ба зеҳну мағзи ҷаҳониён намудааст, он ҳам бо роҳандозии расонаҳо ва зери назорати шадиди худ қарор додани онҳо ва ҷиҳат додан ба онҳо, ва муҳимтар аз ҳама, сохтани филмҳои ҷаззоб дар Ҳоливуд; филмҳое, ки артиши Омрикоро артише “шикастнопазир” ва афсарони омрикоиро “суперменҳое”, ки ҳеч чиз тавони истодан дар баробари онҳоро надорад, ба намоиш мегузоранд.

Имрӯза бештари ғулҳои расонаӣ ё зери назорати мустақими Омрико (бахусус CIA ва Пентогун ва ё ҳаддиақал Кунгура) қарор доранд ва ё ба сурати ғайримустақим бар онҳо эъмоли нуфуз мекунад.

Ва дар ин ҷиҳат, Омрико тавониста афкори умумиро дар ҷаҳон ба нафъи худаш созмон бидиҳад ба гунае ки агар имрӯза масалан хабаргузории Reuters хабареро мунташир кунад (ки одатан бештари хабарҳо аввал тавассути ҳамин хабаргузорӣ пахш мешавад), ҷаҳониён кучактарин тардиде дар “дурустӣ”-и он намекунанд; ингор “лавҳи маҳфуз” аст ва ахбораш ҳам “ваҳйи мунзал”. Аммо агар як хабар нахустин бор аз сӯи як хабаргузории дигар (масалан хабаргузориҳои мутаъаллиқ ба ҷаҳони севвум) мунташир шавад, ҷаҳониён мунтазир менишинанд, то бибинанд Reuters чӣ мегӯяд, ки агар хабаре аз сӯи ин хабаргузорӣ набуд, бедиранг ба такзиби он хабар мепардозанд, зеро мӯътақиданд агар ин хабар сиҳҳат дошт, қатъан ва бетардид Reuters ё CNN ва ё BBC пахшаш мекард. Ва аслан ин эҳтимолро намедиҳанд, ки шояд ин хабаргузориҳо гоҳе ба кетмонкорӣ ва пинҳонкорӣ рӯй оваранд.

* * *

Ҳамин буд, ки баъд аз он силии муҳкам ва эълони хабаре аз сӯи бархе расонаҳои эронӣ мабнӣ бар ин ки зарбаи Айнуласад зарбае бисёр кӯбанда буд ва кушта ва захмиҳои зиёдеро дар миёни афсарони омрикоӣ гузоштааст, хелеҳо дар ҷаҳон аз ҷумла бисёре аз тоҷикони худамон ва ҳатто афроде, ки худро коршинос мешуморанд, ба ҳадсу гумоназаниҳои аҷибу ғарибе пардохтанд ва ҳатто баъзе ҳам зарбаи Эронро ба масхара гирифтанд.

Ин ҳадсу гумонҳо, ба назари ман, на аз рӯи беиттилоъӣ буданд ва на ҳатто аз сари кина ва душманӣ бо Эрони Исломӣ (ки албатта ин ҳам чандон баъид нест), балки бештар ба ин ҷиҳат буданд, ки дар зеҳни ин афрод (ва на танҳо ин афрод, балки бисёре аз ҷаҳониён) артиши Омрико ва афсарони омрикоӣ “шикастнопазир” намоён мешаванд ва женеролҳояш бисёр-бисёр оқилу боҳуш, ки ҳар гомеро ҳисобшуда бармедоранд ва ҳаргиз амале аҳмақона аз онҳо сар намезанад. Далелаш ба назарам ҳамин аст.

Ва ба ҳамин хотир буд, ки чунин гумон зада шуд (ва ҳатто дар бархе аз расонаҳои мӯътабар низ гуфта шуд), ки: маҳол аст Эрон ба ҳамин роҳатӣ бикӯбад ва Омрико сокит нишинад, пас қатъан “зери коса нимкосае” ҳаст. Хуб, ҳоло ин “нимкоса” чӣ будааст?! Гуфтанд, Омрико бо Эрон “ҳамоҳангӣ” карда ва Омрико пойгоҳҳояшро холӣ карда ва ин пойгоҳ комилан аз “мавҷуди зинда” холӣ будааст! Мисли ин гумоназанӣ, ки: “Барои он ки баъди исобати беш аз даҳ мушаки баллистикӣ ба пойгоҳи ҳарбӣ касе кушта ё маҷрӯҳ нашавад, бояд он пойгоҳ комилан аз одам холӣ бошад ё мушакҳо каме онтарафтар, масалан ба як дашти холӣ исобат кунанд. Мушаки баллистикӣ, Ҷумъабой, петардаи солинавии кӯдакон ки нест…” Ва ё ин ки “Душмании Эрону Омрико, мултфилми Маша Медведро ба ёд меорад. Амрико – Медвед, Эрон – Маша…” ва ғайра аз ин қабил гумоназаниҳои аҷибу ғариб, ки ба назарам, ҳамагӣ ношӣ аз ин аст, ки дар зеҳни мо аз Омрико ва артишаш ва афсаронаш тасвире комилан дигар, хилофи он чи дар воқеият аст, нақш баста.

* * *

Аммо инак, баъд аз сипарӣ шудани муддате кӯтоҳ ва андармон будани афкори умумӣ дар ҷаҳон ва зеҳнҳо ба “куруновирус” ва дигар масоил, Омрико дар ҳоли бозгӯсозии ҳақоиқи он шаби Айнуласад аст. Он ҳам ба тадриҷ ва бисёр ҳушмандона, то ҳассосиятҳо барангехта нашавад. Аввал гуфт, 11 афсар осеб дида будаанд; ва ҷумлае ҳам, ки расонаҳояш дар ин маврид ба кор бурданд, бисёр аҷиб аст: “осебҳои мулойими мағзӣ”! Баъди ду рӯз, гуфт, ки на, балки 34 афсар осеб дида будааст. Сипас эълон кард, ки на 11 ва на 34, балки ба 50 афсар осеби мағзӣ ворид шуда будааст. Ва субҳи имрӯз (ҷумъа, 31 январ) ҳам ду мақоми баландпояи омрикоӣ ба CNN гуфтаанд, шумори низомиёни омрикоие, ки бар асари ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айнуласад ба “зарбаи мағзӣ” дучор шудаанд, ба 64 нафар афзоиш ёфтааст. Ҳоло маълум нест то чанд рӯзи дигар ин теъдод то куҷо хоҳад расид. Мутмаин бошед, дар чанд моҳи оянда кушташудаҳои ин ҳодиса низ эълон хоҳанд шуд.

Ва ин ҳам дар ҳоле аст, ки Тромп дар рӯзи аввал гуфта буд: “Ба иттилоъи мардуми Омрико мерасонам, ки ҳеч омрикоӣ дар ҳамлаи шаби гузашта осеб надид (!), ҳамаи сарбозони мо саломат ҳастанд ва танҳо осебҳои ҷузъӣ ба таҷҳизот (!) ворид шудааст…

* * *

Ҳақиқат ин аст, ки Омрико сиёсаташ ҳамин аст. Банда пас аз он силии муҳкам, дар ёддоште навишта будам: “Эрон, ду рӯз пеш, интиқоми сахти худро аз Омрико гирифт. Ва бо ин ки ғулҳои расонаӣ ба сурати ҳадафманд ҳамлаи Сипоҳи Эронро камранг ҷилва медиҳанд, аммо ба зудӣ ҳаҷми хасоратҳои ҷонӣ ва моддии воридашуда бар артиши Омрико зоҳир хоҳад шуд. Демукротҳо, ки дар Маҷлиси намояндагон аксариятро ташкил медиҳанд ва умедворанд дар интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда намояндаи онҳо ҷойгузини Дунолд Тромп шавад, барои онҳо фурсати пешомада, як фурсати тилоӣ аст, то аз ин тариқ аз эътибору ҷойгоҳи Тромп дар ҷомеаи Омрико бикоҳанд; магар ин ки гуфта шавад, замоне ки масъала ба “убуҳҳату азамати” артиши Омрико иртибот пайдо мекунад, демукроту ҷумҳурихоҳ сиёсати кетмон ва пинҳонкориро пеш хоҳанд гирифт. Зеро ки масъала дигар масъалаи ҳизбӣ ва гурӯҳӣ нест, балки як масъалаи миллӣ аст…”

Ин аст моҳияти ҳақиқии сиёсати Омрико. Пинҳонкорӣ дар ин гуна маворид, сиёсати собити Омрикост, чӣ дар раъси ин кишвар Тромп бошад ё Борок Убомо. Ва ҳатто дар мавриди суқути ҳавопаймои ҷосусии ин кишвар дар Афғонистон низ, ки чанд рӯз пеш иттифоқ афтод, агар баёнияи Толибон ва тасовире, ки мунташир шуданд набуд, Омрико ҳаргиз ва абадан намепазируфт ва такзиб мекард. Албатта, то ҳанӯз дар бораи сарнавишти сарнишинони он ҳавопаймо сукут ихтиёр карда ва ҳар чизеро, ки ба расонаҳо дар ин хусус дарз мешавад такзиб мекунад. Ду рӯз пеш ҳам дар Аланбори Ироқ яке дигар аз ҳавопаймоҳои низомии омрикоӣ суқут кард, аммо чун ҳеч аксе аз он мунташир нашуд (зеро омрикоиҳо билофосила пас аз ин ҳодиса нагузоштанд касе онҷо наздик шавад), бинобар ин, сокит аст.

* * *

Инки арз кардам, ки воқеияти Омрико ва артишаш бо он чи дар зеҳни афрод дар бораи он шакл гирифта мутафовит аст ва артиши Омрико чунон ҳам ки тасаввур мешавад нест, ин арзи банда ҳаргиз ба ин маъно нест, ки гуфта бошам Омрико ҳечу пуч аст. На! Артиши Омрико пешрафтатарин таҷҳизоти низомиро дар ихтиёр дорад; таҷҳизоте, ки Эрон ҷаҳоряки онро ҳам надорад. Аммо дар ҷанг, ин ирода аст, ки ҳарфи аввалу охирро мезанад, на таҷҳизоти низомӣ. Омрико пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҳеч набарде пирӯз берун наомада ва дар ҳама шикаст хӯрдааст, чӣ дар Ветном ва чӣ дар ҷоҳои дигар.

Бале, Омрико метавонад тавассути ҳавопаймоҳои ҷангиаш бомбборон кунад ва ҳамаҷоро ба харобазор табдил диҳад, чунонки дар Ветном дар оғоз ҳамин корро кард, дар Афғонистон ҳамин корро кард, дар Ироқ низ ҳамин корро кард, дар Яман низ имрӯзҳо ҳамроҳи сауидҳо ҳамин корро мекунад. Аммо баъд чӣ?! Оё ҷанг бо ҳамин поён меёбад?! Ҳаргиз ва абадан. Марҳуми шаҳид Қосим Сулаймонӣ боре хитоб ба омрикоиҳо (дар як суханронӣ, ки маъруф аст) ба ин мазмун гуфта буд: шумо метавонед ҷангро шурӯъ кунед, аммо ин мо ҳастем, ки поёнаш медиҳем!

Фарқ ҳаст байни низомие, ки барои мурдан намеҷангад, ӯ мехоҳад зинда бимонад ва байни низомие, ки аз мурдан ибое надорад ва балки аслан мурдан дар майдони ҷанг бузургтарин омолу орзуяш аст. Фарқи як низомии омрикоӣ бо як низомии эронӣ дақиқан дар ҳамин нукта нуҳуфтааст.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.