Дидгоҳ

Оё сиёсат бо диёнат қобили ҷамъ нест?

Мақому мансаб аз дидгоҳи ислом, ба худии худ арзише надорад ва чизе нест, ки инсон ҳариси он бошад. Ва танҳо замоне арзиш пайдо мекунад, ки соҳибаш битавонад ҳақро ба ҳақдор бирасонад ва дар ҷомеа адолат барпо бидорад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар манобеи исломӣ ривоятҳои фаровоне ҳаст дар мазаммати риёсатхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ. Аз ҷумла, дар ҳадисе, ҳазрати Паёмбари Акрам (с) — ки Имом Бухорӣ низ онро ривоят кардааст — фармуда:

إنكم ستحرصون على الإمارة، وستكون ندامة يوم القيامة

«Шумо бар иморат (риёсат) ҳарис хоҳед шуд, дар ҳоле ки ин (ҷоҳталабии шумо) дар рӯзи қиёмат мояи ҳасрат ва надомат ва пушаймонии шумо хоҳад гашт…»

Баъзеҳо ҳастанд, ки ба маҳзи шунидани ин ҳадис ва монанди он – ки дар манобеи исломӣ фаровон дида мешавад – мегӯянд, пас ислом аз сиёсат ҷудост! Зеро сиёсат оё ҷуз ин аст, ки афроде бо таъсиси ҳизб ва гурӯҳе сиёсӣ, ба дунболи расидан ба қудрат ҳастанд? Он гоҳ пеши худашон натиҷа мегиранд, ки пас бояд ё диндор буд, ки дар ин сурат ҷоиз нест инсон вориди арсаи сиёсат бишавад ва ё ин ки сиёсатмадор буд ва ба дунболи қудрат шуд, ки дар ин ҳолат динро канор бизанад; чаро ки ин ду бо ҳам қобили ҷамъ нестанд.

Аммо ин бардошт бардошти дурусте нест. Зеро он чӣ дар ин ҳадис ва мушобеҳи он мавриди сарзанишу мазаммат аст, риёсатхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ аст, на масалан раис будан. Ва байни ин ду (ҷоҳталабӣ ва масъулият доштан) тафовут ҳаст, ки дар поёни ин навиштор тавзеҳ хоҳам дод.

Бале, ҷоҳталабӣ ва риёсатхоҳӣ офати як диндор аст. Бештари мушкилот ва дудастагиҳо ва кашмакашҳо миёни мусалмонон ва аҳзоб ва гурӯҳҳои исломӣ, реша дар ҳамин хислат ва хӯйи зишту нописанд дорад.

Имом Ғаззолӣ (р) дар таърифи ҷоҳталабӣ ва риёсатхоҳӣ мегӯяд: «Бидон, ки асли ҷоҳ ин аст, ки бихоҳӣ овозаи ту ҳамаҷо мунташир шавад ва (дӯст дошта бошӣ, байни мардум) машҳуру маъруф гардӣ, ва ин нописанд аст.» (Эҳёи улуми дин, ҷ.3, с.434)

Ҳам ӯ дар ҷойе дигар мегӯяд: «Маънои ҷоҳ (ва ҷоҳталабӣ) ин аст, ки дилҳои мардумро (ба сӯйи худ ҷалб карда) таҳти тасарруфи хеш дароварӣ, бо ин ҳадаф, ки туро бузург донанд ва аз ту итоат намоянд. Ва ҳамон тавр ки сарватманд — ки молики динору дирҳамҳост — мехоҳад аз тариқи молу сарват, ба ағрозу аҳдофи дунявӣ бирасад ва хостаҳояшро бароварда созад, ҳамин тавр ҷоҳталаб низ, ки молики дили мардумон аст, мехоҳад аз ин тариқ ба ағроз ва аҳдофи дунявияш бирасад.» (Эҳёи улуми дин, ҷ. 3, с.439)

Ҷоҳхоҳӣ ва мансабталабӣ танҳо ба ин нест, ки масалан инсон ҳарис бошад, то раис ва раҳбар шавад, балки шаклҳои мухталифе дорад, ки яке аз бадтарини онҳо ин аст, ки инсон худро ботақво, парҳезгор ва торики дунё нишон бидиҳад. Зеро ба қавли Имом Ғаззолӣ (р), ӯ медонад, ки мардум одатан тақводор ва парҳезгорро дӯст доранд ва бинобар ин, хештанро чунин зоҳир карда ва аз ин тариқ мехоҳад дили мардумро ба сӯйи худ ҷазб намояд ва он гоҳ мардум ба вай баҳ‒баҳу чаҳ‒чаҳ бигӯянд, ки аҷаб марди порсо ва тақводорест, то аз ин роҳ ин шайёд ба ағрози дунявии хеш бирасад.

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар мазаммати ҷоҳталабӣ мефармояд:

بِحَسَبِ الْمَرْءِ مِنَ الشَّرِّ إِلاَّ مَنْ عَصَمَهُ اللهُ مِنَ السُّوءِ أَنْ يُشِيرَ النَّاسُ إِلَيْهِ بِالأَصَابِعِ فِي دِينِهِ وَدُنْيَاهُ، إِنَّ اللهَ لا يَنْظُرُ إِلَى صُوَرِكُمْ وَلَكِنْ يَنْظُرُ إِلَى قُلُوبِكُمْ وَأَعْمَالِكُمْ

«Барои бад будани мард ҳамин бас, ки мардум ба ангуштон ба ӯ дар мавриди дину дунёяш ишора кунанд (ва бигӯянд: аҷаб марди диндор ва ё дунёдорест!), магар касоне ки Худо худ эшонро аз бадӣ нигаҳ дошта бошад. Худо ба шаклу зоҳири шумо назар надорад, балки назари ӯ ба қалбҳо ва аъмоли шумост.» (Эҳёи улуми дин, ҷ. 3, с.435)

Ва ҳам мефармояд:

مَا ذِئْبَانِ ضَارِيَانِ أُرْسِلاَ فِي زَرِيبَةِ غَنَمٍ بِأَكْثَرَ إِفْسَاداً مِنْ حُبِّ الشَّرَفِ وَالْمَالِ وَالْجَاهِ فِي دِينِ الرَّجُلِ الْمُسْلِمِ

«Ду гурги даррандае, ки барои рабудани галаи гӯсфандон фиристода шудаанд, дар харобкорӣ ва фасодкорӣ беш аз иззатталабӣ, молпарастӣ ва ҷоҳталабӣ, ки дини марди мусалмонро фосид месозанд, нестанд.» (Эҳёи улуми дин, ҷ. 3, с.367-368)

Боз мефармояд:

إِنَّمَا هَلاكُ النَّاسِ بِاتِّبَاعِ الْهَوَى وَحُبِّ الثَّنَاءِ

«Ҳамоно ҳалокати мардум ба ду чиз аст: пайравӣ аз ҳавои нафс ва дӯст доштани мадҳу ситойиш.» (Эҳёи улуми дин, ҷ. 3, с.439)

* * *

Албатта, лозим аст ёдоварӣ бишавад, он чӣ мавриди сарзанишу мазаммат аст, ин ҷоҳталабӣ ва риёсатхоҳӣ аст, на ин ки масалан раис ва ё раҳбар бошӣ. Зеро байни ин ду тафовут ҳаст. Чи басо як нафар соҳиби мақому мансаб аст, вале ҷоҳталаб нест, ва баръакс, чи басо як нафар, ки мақоме надорад, аммо ҷоҳталаб аст.

Асосан, ҷомеаи бидуни ҳоким ва бидуни он ки касе зимоми умури онро дар ихтиёр дошта бошад, ҳарҷу марҷ ва бебандуборӣ аст. Воҷиб аст, ки ҷомеа дорои зимомдор бошад. Аммо мақому мансаб аз назари ислом, танҳо як васила аст, на ҳадаф. Василаи иҷрои адолат аст, на ин ки худаш ба худии худ ҳадафи инсон бошад. Яъне ислом намегӯяд, ки ҷоҳу мансаб бад аст ва мусалмонон аз он рӯй гардонда, бар он пушт кунанд. Агар чунин бошад, вазъи ҷомеаи исломӣ ба ҳам мехӯрад ва ҳарҷу марҷ ҳама ҷоро фаро мегирад. Ва агар ҳама аз риёсату раҳбарӣ ба ин далел, ки бад аст, рӯй бартобанд, он гоҳ кист, ки умури ҷомеаро идора кунад? Будани роҳбар дар ҷомеа ва раису мудирон дар муассисаҳои давлатӣ, аз дидгоҳи ислом, аз заруриёт аст.

Бинобар ин, агар мо ба мақому мансаб бо диди исломӣ нигоҳ кунем, он вақт бароямон маълум мегардад, ки мақом як масъулияти бисёр сангин аст ва танҳо касоне метавонанд соҳиби он бошанд, ки битавонанд аз ӯҳдаи он бароянд. Аммо агар касе ба мақом ба унвони як ҳадаф, ки аз тариқи он бихоҳад хостаҳояшро бароварда созад, нигоҳ кунад, ин на танҳо нописанд ва зишт аст, балки дар қиёмат чунонки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармуданд, мояи надомат ва пушмаймонии ӯ хоҳад шуд.

Дар Наҳҷул-балоға ҳаст, ки ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегӯяд:

دخلت على أَميرالمؤمنين صلوات الله عليه بذي قار وهو يخصِف نعله، فقال لي: ما قيمة هذا النعل؟ فقلت: لا قيمةَ لها! قال: والله لَهِيَ أَحَبُّ إِليَّ من إِمرتكم، إِلاّ أَن أُقيم حقّاً، أَوأَدفع باطلاً

«Дар сарзамини Зиқор (маконе дар Ироқ наздикии шаҳраи Басра) хидмати Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (а) рафтам, ки дар ҳоли дӯхтани кафши худ буд. Вақте маро дид, гуфт: қимат ва арзиши ин кафш чӣ қадр аст? Гуфтам: арзише надорад. Фармуд: ба Худо савганд, ин кафши беарзиш назди ман, аз ҳукумат бар шумо маҳбубтар аст, магар ин ки ҳаққеро бапо дорам ё ботилеро бартараф намоям…»

Мақому мансаб аз дидгоҳи ислом, ба худии худ арзише надорад. Аслан чизе нест, ки инсон ҳариси он бошад. Ва танҳо замоне арзиш пайдо мекунад, ки соҳибаш битавонад ҳақро ба ҳақдор бирасонад ва дар ҷомеа адолат барпо бидорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.