Нақду назар

Санъати “сухани бузургон”

(Ба ҳар шабакаи иҷтимоие, ки сар бизанед, бороне аз ҷумлаҳои ҳикматомез бар саратон меборад. Чаро?)

Ҳар рӯз субҳ, ки вориди сафҳаи корбарӣ ва ё гурӯҳии худ дар интернет мешавед, мебинед, ки масалан холаатон тасвире аз ғуруби офтоб дар даште сарсабзро фиристодааст, ки рӯи он навишта шуда: “Имрӯз мисли хуршед битоб!” Ё писарамуятон аксе аз як гул гузошта ва зераш навишта: “Гоҳе вақтҳо фақат бояд лабханд бизанӣ ва рад шавӣ; бигузор хаёл кунанд, ки нафаҳмидаӣ!” Рози маҳбубияти ин паёмҳо чист? Чӣ касоне онҳоро месозанд? Ва ба чӣ дарде мехӯранд?

Викториё Турк (Victoria Turk)

Ба қалами Викториё Турк (Victoria Turk) дар нашрия Wired

Рӯзе, ки дар он ҳастӣ, ҳадияе аст, ки ба ту додаанд.”

Ба масир биандеш, на мақсад.”

Зиндагӣ кун, ишқ биварз ва биханд (ва фаромӯш накун ин паёмро ба иштирок бигузорӣ ва сафҳаамро дунбол кунӣ!).”

Ҷумлаҳои кӯтоҳи ангезабахш бахши ҷудоинопазире аз шабакаҳои иҷтимоӣ шудаанд, махсусан дар Фейсбук ва Инстогром, ки сар то сари онҳоро паёмҳои “пурмағзе” пур карда, ки бештар бо аксҳо ва тасвирҳои ҷолибе ҳам оварда мешаванд.

Ҳатман мутаваҷҷеҳи манзурам ҳастед: аксҳое аз обшорҳои бузург ва ғурубҳои зебо бо ҷумлаҳое мисли: “То борон наборад, рангинкамоне дар кор нахоҳад буд!” Ҳамон паёмҳое, ки холаатон пайваста ба иштирок мегузорад ва худаш ҳам зераш назар медиҳад, ки “комилан мувофиқам!”

Ин ҷумлаҳои ангезабахш шояд ҳолатонро ба ҳам бизананд, аммо он қадр роиҷ ҳастанд, ки барои бархе як касбу кори бузург маҳсуб мешаванд, чун лойк мехӯранд, ба иштирок гузошта мешаванд ва ба пул табдил мешаванд ва бад-ин шакл санъати ҷумлаҳои илҳомбахш шакл мегирад.

Шони 45-сола аз Конодо мудири чандин сафҳа аз “сухани бузургон” ва ҳамчунин як вебсойти ҷумлаҳои ҳикматомез аст. Сафҳаи Твиттераш — @motivational ҳудуди 669000 дунболкунанда дорад, ва сафҳаи Фейсбукаш — @quotesandsayings беш аз 4 милюн дунболкунанда дорад.

Алоқаи ӯ ба ин гуна ҷумлаҳо суди фаровоне барояш дошта ва дар ҳоле, ки ҳанӯз як шуғли идорӣ дорад, гуфта, ки ахиран аз таблиғ дар вебсойташ ду то се баробари даромади маъмулиаш пул ба даст овардааст. Ӯ мегӯяд: “Ба хотири суде, ки аз таблиғот ба даст меоварам, ҳоло дигар метавонам корамро канор бигузорам.”

Шон хеле зуд мутаваҷҷеҳи мақбулияти ҷумлаҳои кӯтоҳи бузургон шуд. Рӯзе дар даврони навҷавонӣ дар як китобфурӯшӣ гашт мезад, ки ба китоби кучаке аз ҷумлаҳои маъруф бархӯрд. Чизе дар ин гуфтаҳои кӯтоҳ буд, ки назарашро ҷалб кард ва ӯ даст ба кор шуд, то маҷмӯаи шахсии худашро гирд оварад; маҷмӯае аз ҷумлаҳо, ки танини хоссе доштанд.

Дар соли 1998 ӯ ирсоли емайлҳои “Таъаммули рӯз”-ро оғоз кард ва доманаи веби happypublishing.com-ро сабт кард (бо шиори “Кӯмак мекунем ба чизҳое биандешед, ки қаблан ҳаргиз ба онҳо фикр накардаед”) ва ибтидо танҳо ҳадафаш ин буд, ки китобҳои ҷайбиеро, ки пештар гирдоварӣ карда буд онҷо муаррифӣ кунад.

Пас аз чанд сол, ӯ дар бораи бозорёбии интернетӣ мутолеа кард ва тавонист коре кунад вебсайташ аз аввалин натиҷаҳои ҷустуҷӯи гугелии иборати “ҷумлаҳои кӯтоҳ” бошад. Баъд бо тағйири алгоритми Google ба шиддат рутбааш поин омад. Ду тағйири алгоритм дар 2011 ва 2012 (ки ба онҳо “Google-и пондо” ва “Google-и пингвин” мегуфтанд) бисёре аз афроде мисли Шонро ҳадаф қарор дод, то матолибашон аз рутбаи поинтаре бархӯрдор шавад.

Шон мегӯяд: “Он вақт буд, ки ба навъе интернетро бӯсидам ва канор гузоштам. Хеле хаста будам, наметавонистам ба рутбаи қаблии худ бирасам ва ҳама чизро таътил кардам, ҳатто хабарномаи емайлиамро бо 35000 узв, ки аз бузургтарин иштибоҳотам буд.”

Вақте Шон ирсоли емайлҳоро канор гузошт, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рушд буданд. Ӯ дар Фейсбук ва Твиттер ҳудуди 40000 дунболкунанда дошт ва аз аъзои хабарномаи емайлии худ ҳам хост ӯро дунбол кунанд. Мегӯяд: “Мани аҳмақ фикр мекардам алъон ҳама ҳамин корро мекунанд. Кофист чанд соле мудом емайл кунед, то бафаҳмед густараи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ҳам чандон васеъ нест.”

Шон мегӯяд, теъдоди дунболкунандагонаш дар Фейсбук то муддатҳо ҳудуди 45000 нафар буд. Ибтидо танҳо ҷумлаҳои матнӣ ирсол мекард. Мутаваҷҷеҳ шуд, ки алгоритм ба муназзам паём гузоштан имтиёз медиҳад ва ногаҳон рӯзона ҳазорон дунболкунандаи ҷадид пайдо кард.

Ҳамчунин бо дигар сафаҳоти “сухани бузургон” вориди муомила шуд ва муҳтавои сафҳаи онҳоро дар сафҳаи худ мунташир мекард ва дар муқобил, онҳо ҳам ҳамин корро барои ӯ мекарданд. Яке аз ҳамин ҳамкорони алоқаманд ба ҷумлаҳо тавсия кард, ки аз ирсоли матни танҳо дурӣ кунад ва ин шуд, ки аз он чи худ “тасвири ҷумла” меномад истиқбол кард: ҷумлаҳои илҳомбахш бо пасзаминаи тасовире аз ғуруб ва манзара, ки акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарогир шудааст.

Ӯ тасовири худро бо истифода аз нармафзорҳое монанди Word Swag месозад; албатта худ ишора мекунад, ки ба назараш бисёре аз сафаҳот ба ҳамин розӣ ҳастанд, ки тасвири ҷумлаҳои бидуни номеро, ки дар дигар ҷоҳо мебинанд, дубора истифода кунанд.

* * *

Як ҷумлаи илҳомбахши воқеӣ чӣ тавр сохта мешавад? Шон мегӯяд: “Росташро бихоҳед, ман бисёре аз матолиби интернетиро дӯст надорам. Вақте байни ин ҳама ошғол мегардед ва ногаҳон чизи арзишманде пайдо мекунед, ки чашматонро мегирад, ингор ногаҳон мағзатон ба кор меафтад. Ин ҳисси ваҷдомез мисли нӯшдоруе, ки хӯрда бошед, тамоми вуҷудатонро мегирад… Дӯст дорам ин таҷрибаро “ҳушдори огоҳӣ” биномам. Як ҳушдори огоҳӣ дарёфт мекунед ва ҳисс мекунед зеҳнатон ҳамон лаҳза боз шудааст ва бо таҷрибаи комилан ҷадиде мувоҷеҳ ҳастед, ки пеш аз он ҳаргиз аз сар нагузаронда будед.”

Худи Шон ҷумлаҳои баландтару асроромезтарро аз нависандагоне монанди Эмерсун ва Шупенҳовер тарҷеҳ медиҳад, аммо дунболкунандагонаш вокуниши зиёде ба ин ҷумлаҳо нишон намедиҳанд. Ӯ мегӯяд: “Хеле ҷолиб аст, ки одам мебинад мардум ба нисбати бештар ба ҷумлаҳои воқеан ибтидоӣ ва музахраф вокуниши мусбат нишон медиҳанд; ҷумлаҳое, ки ба назарам бисёр ба дарднахӯр ҳастандБаъд чашматон ба матлаби онлойнӣ мехӯрад, ки фавқулъода ва ҷаззоб аст ва аслан ба он таваҷҷӯҳе намешавад. Сатҳи пешрафти афрод мутафовит аст ва мутаваҷҷеҳ мешавед, ки доред марзи инсониятро сонт ба сонт ҷилав мебаред.”

Мегӯяд акнун мекӯшад чизҳоеро пайдо кунад, ки бештар мардум дӯст доранд, яъне ҷумлаҳои такхаттии содда ва на чизҳое, ки худаш умуман меписандад. Тайи солиён, ӯ маҷмӯае аз ҳудуди 4000 ҷумла гирдоварӣ карда ва маъмулан ҳамон матолиби қаблиро дубора ирсол мекунад.

Ҳамчунин як чатро дар Messenger мудирият мекунад, ки ҷумлаи рӯз ирсол мекунад ва ҳар рӯз ғуруб як видеои зинда пахш мекунад. (Матолиби ҷадидаш инҳост: “Оё метавонед ҳамеша ба ҳама хидмат кунед?”, “Оё ба дунболи лаззатҳои худ мераве?”)

Ӯ ҳанӯз дар Инстогром коркушта нашудааст, сафҳааш — @quotesandproverbs ҳудуди 53000 дунболкунандаи пару поқурс дорад, ки бисёр кам аст ва ӯ бо барқарории иртибот бо афрод барои тамошои ҷумлаҳояш дар вебсайт, ки дорои таблиғот аст, даромад касб мекунад. Дигар дорандагони сафаҳоти ҷумлаҳои маъруф ҳам бо фурӯши китоби электруник ё суханрониҳои илҳомбахш ба даромадҳое мерасанд.

* * *

Танҳо сафаҳоти “сухани бузургон” нестанд, ки рӯи падидаи ҷумлаҳои ангезабахш сармоягузорӣ мекунанд; брендҳо ҳам ба унвони як абзори хуби бозорёбӣ ба ин қолаб рӯй меоваранд. Дар соли 2018, Луро Белгрей (Laura Belgray), ки ширкати Talking Shrimp-ро идора мекунад, пас аз навиштани матлабе дар Money.com ба шӯҳрате ногаҳонӣ даст ёфт; матлабе бо унвони “Ман рӯзе 6000 дулор ҳуқуқ мегирам то дар Инстогром ҷумлаҳои илҳомбахш бинависам. Ингуна тавонистам шуғли идеоламро пайдо кунам.”

Белгрей илова бар ба иштирокгузории ҳамон ҷумлаҳои қадимие, ки ҳар рӯз бароятон ирсол мешавад, ҷумлаҳои худро ҳам месозад. Дар аввал онҳоро фақат барои сафҳаи Инстогроми худаш менавишт, сафҳае бо 33500 дунболкунанда, то битавонад маҳоратҳои худро нишон диҳад. Ҷумлаҳои ӯ ағлаб дорои навъе шӯхӣ аст ва ағлаб ба санъати копирайтинг ва сабки зиндагии ҳирфаии ӯ ишора дорад. Охирин матолибаш инҳост: “Ҳамеша метавонед достони худро иваз кунед (магар замоне, ки дигар дастгиратон карда бошанд.)” ва “Инки мегӯянд ба андозаи арзишатон пул бигиред, ба маънои арзиши инсонии шумо нест. Касе наметавонад аз паси қимати он барояд.”

Баъд яке аз муроҷеакунандагони ӯ, Сошо Ҳойнз, ки равоншинос ва мураббии зиндагӣ буд, аз Белгрей хост барои ӯ ҳам ҷумла бинависад. Ҳойнз баста ба ҳиссе, ки дӯст дошт мунтақил кунад ҷумлаеро ирсол мекард ва Белгрей дасте ба сару гӯшаш мекашид, то шакилтар шавад. Белгрей худ ин хадамотро таблиғ намекунад, аммо ин адади 6000 дулорро бар асоси рутбаи маъмули рӯзонаи худ дар он замон ба даст овард, албатта ӯ тасреҳ мекунад, ки дар муқоиса бо дигар ашколи копирайтинг, замони бисёр камеро сарфи ин ҷумлаҳо мекунад ва ағлаб тамомвақт кор намекунад.

Дар ҷаҳони Белгрей навоварӣ ҳарфи аввалро мезанад. Бо интишори ҷумлае монанди “Худат бош, зеро бақияи нақшҳо қаблан гирифта шудаанд” ва монанди он, наметавон аз дигарон пешӣ гирифт; аслан овардани чунин ҷумлае ағлаб кинояомез аст. Ӯ мегӯяд, талош лузуман бо натиҷа таносуб надорад, гоҳе тамоми рӯз ба чизе меандешад ва мардум аслан ба ҳосили кораш алоқае нишон намедиҳанд ва гоҳе яклаҳза чизе менависад ва ҳисобӣ гул мекунад.

* * *

Чаро ҷумлаҳои ангезабахш барои бархе ин қадр матлуб ва дар назари бархе дигар ин қадр мушмаизкунандаанд?

Гурдун Пеникук (Gordon Pennycook), равоншинос дар Донишгоҳи Реҷинои Конодо, ки китобаш бо унвони “Дар бораи дарёфт ва шиносоии чарандиёти жарфнамо” (On the reception and detection of pseudo-profound bullshit) дар соли 2016 барандаи ҷоизаи Ig Nobel шуд, мегӯяд: “Бархе афрод беш аз бақия омода ҳастанд, ки нукоти ҳакимонаро ба ҷумлаҳои бемаънӣ нисбат диҳанд ва ин афрод камтар аҳли таъаммул ҳастанд ва тавоноии шинохтии поинтаре доранд.”

Як вежагии роиҷ, истифода аз ному тасвири гулҳост, ки ба назари Пеникук инҳо боис мешавад як ҷумла аз он чи дар забони воқеӣ вуҷуд дорад, муҳимтар ва муассиртар ба назар расад.

Пеникук мегӯяд, дар ниҳоят, дӯст дорем чизҳоеро ба иштирок бигузорем, ки эҳсосотамонро амиқан таҳрик мекунанд, ҳоло чӣ хабарҳои ҷаълӣ бошад, чӣ ҷумлаҳои илҳомбахш.

Wired

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.