Иқтисод

Вазири бозаргонии Омрико: “Густариши вируси куруно дар сатҳи ҷаҳон метавонад барои иқтисоди Омрико муфид бошад.” – (Видео)

Дар ҳоле, ки ҷаҳон нигарони паёмадҳои густариши вируси маргбори куруност, вазири бозаргонии Омрико гуфт, шуюъи ин вирус барои иқтисоди кишвараш муфид аст.

Ба гузориши ВВС, Вилбур Рос (Wilbur Ross) — вазири бозаргонии 82-солаи Омрико, дар изҳороте ҷанҷолӣ гуфт: “Густариши ин вирус дар сатҳи ҷаҳон метавонад барои иқтисоди Омрико муфид бошад. Чун ин амр метавонад ба бозгашти ҷойҳои корӣ ба Омрикои шимолӣ шитоб бахшад.”

Ин вазири кобинаи Тромп, ки бо шабакаи Fox Business мусоҳиба мекард, гуфтааст: “Намехоҳам дар мавриди ин бемории бисёр таассуфовар ва вахим шодмонӣ кунам, (аммо) воқеият ин аст, ки ин масъала боис мешавад, ки дар мавриди таъмини маҳсулот фикр шавад… Бинобар ин фикр мекунам ин масъала ба бозгашти фурсатҳои шуғлӣ ба Омрикои шимолӣ шитоб бахшад. Бахше аз ин шуғлҳои ҷадид дар Омрико ва бахше ҳам метавонанд дар Мексик бошанд.”

Изҳороти вазири бозаргонии Омрико дар бораи манфиати иқтисодии вируси куруно барои Омрико, бо интиқод ва вокуниши густурда мувоҷеҳ шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.