Ҳуқуқи башар

Суханони такондиҳандаи муҷрии фаластинитабори шабакаи Алҷазира дар бораи “муомилаи қарн” – (Видео)

Таҳлилгари сиёсӣ ва муҷрии саршиноси телевизиюни Алҷазира, зимни интиқоди шадид аз хиёнати Аморот ва Арабистон дар моҷарои “муомилаи қарн”, ёдоварӣ кард, ки чунин тарҳе пештар рӯи Ирланд иҷро шудааст.

Ҷамол Райён, таҳлилгари фаластинитабор ва муҷрии саршиноси телевизиюни Алҷазира, бо интишори видеое, дар бораи тарҳи “сулҳи” Омрико мавсум ба “муомилаи қарн” сухан гуфт, то ҷойе, ки ба хотири он чи бар сари фаластиниҳо омада ба гиря афтод.

Райён дар ин видео, ки дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук мунташир кард, гуфт: “Дар воқеъ, бо муомилаи қарн ғофилгир нашудам, зеро медонам меъмори он кист. Меъмори он Туни Блер — нахуствазири асбақи Ангилис аст, ки чунин тарҳеро дар Ирланди шимолӣ пиёда кард ва бо рехтани пулу сармоя дар онҷо ирландиҳоро аз ҳуқуқи сиёсии худ салб кард ва ӯ ҳоло мехоҳад чунин тарҳеро рӯи фаластиниҳо иҷро кунад.”

Райён гуфт: ”Дар бораи миллати Фаластин ин тарҳ ҳаргиз муваффақ нахоҳад буд, ба се далел: нахуст ин ки аз як тараф (Исроил) ироа шудааст. Дуввум ин ки бо мухолифати мардумӣ ва миллии Фаластин рӯ ба рӯ шудааст. Ва севвум ин ки ин тарҳ мухолиф бо ҳамаи қавонини байналмилалӣ аст.”

Ҷамол Райён таъкид кард: “Дар воқеъ, чизе, ки дар ин муомила дарднок аст ин аст, ки: бегона агар мезанад, ҳарфе нест, аз дӯсту ошно бипурсед, ки чаро ӯ ҳам мезанад ва инҷо бояд гуфт воқеан чаро Аморот ва чаро Арабистон?

Муҷрии Алҷазира, дар ҳоле, ки ашк дар чашмонам ҷорӣ мешуд, идома дод: “Мардуми Фаластин ҳеч гоҳ силоҳи худро ба рӯи Арабистон ё Аморот ё ҳеч шахсияте аз ин кишварҳо нагирифтанд. Ин хиёнат аст. Агар Арабистон ва Аморот воқеан хоҳони ин тарҳ ҳастанд, онро дар хоки худ иҷро кунанд. Онҳо хоки паҳноваре доранд. Аммо мо, фаластиниҳо хоке надорем. Ин хок ишғол шудааст. Қариб ба ҳафт милюн фаластинӣ дар онҷо ҳастанд ва ҳафт милюн нафар ҳам овора ҳастанд, ки шоистатаринҳо дар ҳамаи заминаҳо ҳастанд. Миллати Фаластин қодир ба сохтани кишвари худашон ҳастанд. Шумо мехоҳед миллати Фаластинро бикушед. Чаро инчунин ошкоро ва нафратангез дар сарнавишти як миллат дахолат мекунед?

Райён дар поён гуфт: “Ин муомила ҳаргиз тасвиб намешавад, зеро мо соҳибони сарзамин ва ҳақ ҳастем. Фаластин бозхоҳад гашт. Онҳо раҳгузаранд ва мо боқӣ ҳастем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.