Ваҳдати исломӣ

Талоши як кашиши аҳли Этюпӣ (Эфиопия) барои сохти масҷид ва калисо дар канори ҳам

Як кашиши аҳли кишвари офриқоии Этюпӣ (Эфиопия) гуфтааст, ки намехоҳад бо сохтани калисо ва нодида гирифтани масоҷид, Худовандро аз худаш ноумед созад.

Ба гузориши пойгоҳи Myjoyonline, кашише дар кишвари офриқоии Этюпӣ, барои сохтани масҷид ва калисо, иқдом ба ҷамъоварии кӯмакҳои молӣ кардааст.

Ин кашиш, ки барои сохти масҷид ва калисо дар минтақаи Ҳороржи шарқӣ дар минтақаи Урумиё — яке аз 9 аёлати Этюпӣ, пул ҷамъоварӣ кардааст, мегӯяд, ки намехоҳад танҳо бо сохтани калисо Худовандро ноумед созад.

Кашиш Обо Оклилемориём Кумус (Abba Aklilemariyam Komos) дар ҷавоби хабарнигори BBC дар бораи ҳадафаш аз сохти масҷид дар канори калисо гуфт: “Сохтани танҳо як калисо ва нодида гирифтани вазъияти номуносиби масҷидҳо, Худоро ноумед мекунад ва ман намехоҳам ин гуна бошад.”

Гуфта мешавад калисоҳо ва масоҷиди ин манотиқ ба далели гузашти замон бо тахриби тадриҷӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва мардуми маҳаллӣ низ будҷаи кофӣ барои бозсозии онҳоро надоранд.

Кашиш Кумус тавзеҳ дод: “Агар ман фақат барои сохти калисои худ сармоягузорӣ кунам, дар ҳоле, ки масҷиди бародарони мусалмони ман дар ин вазъият қарор дорад, ман Худоро ноумед хоҳам кард. Имони мо мутафовит аст, аммо на ишқи мо ба Худованд.”

Вай афзуд: “Ман ҷамъоварии пулро аз октябри 2018 шурӯъ кардам ва ибтидо ба Масҷиди Нур дар Одисобебо рафтам. Дар камтар аз ду моҳ беш аз 200000 бойри этюпӣ (6,200 дулор) ҷамъоварӣ кардем.”

Ин кашиш дар соли 2015 дар ҳангоми боздид аз ин шаҳр вазъияти номуносиби калисоро мушоҳида кард ва тасмим гирифт барои сохтусоз дар он пул ҷамъоварӣ кунад. Вай ба суръат мутаваҷҷеҳ шуд, ки масҷид низ ниёз ба бозсозӣ дорад ва тарҳи худро ба сохтусози масҷид низ густариш дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.