Сиёсат

Ҳамлаи мушакӣ ба яке аз пойгоҳҳои низомии Омрико дар Ироқ

Шабакаи Алмаёдин гуфт, ба пойгоҳи низомии Алқиёра дар ҷануби Мавсили Ироқ ҳамлаи мушакӣ шудааст.

Ба гузориши ин шабакаи телевизиюнӣ, ин пойгоҳи ҳавоӣ мизбони низомиёни омрикоӣ дар Ироқ аст. Шоҳидони айнӣ низ ба ин шабака гуфтанд, садоҳои инфиҷор аз наздики ин пойгоҳ шунида шудааст.

Шабакаи Аларабияи Арабистони Саудӣ низ гузориш дод, ки ба дунболи партоби ин мушакҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи зидди ДОЪИШ ба раҳбарии Омрико бар фарози ин пойгоҳ ба парвоз даромадаанд.

Ин пойгоҳи ҳавоӣ пештар низ ҳадафи ҳамалоти мушакии афроди ношинос қарор гирифта буд.

Пойгоҳи Алқиёра дар 16 километрии ҷануби шаҳри Мавсил, маркази устони Найнаво ва 300 километрии шимоли ғарби шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ қарор дорад. Ин пойгоҳ соли 2014 ба ишғоли ДОЪИШ даромада буд, ки нерӯҳои ироқӣ онро дар соли 2016 пасгирифтанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.