Ваҳдати исломӣ

Вақте шайхи Азҳар намояндаи Ассисиро сари ҷояш менишонад – (Видео)

Аҳмад Тайиб дар ҳамоише дар ҷавоб ба суханони намояндаи Ассисӣ, бо баёни ин ки “навгароӣ мафҳуми бархоста аз дин аст, на ин ки маҳсули мудернизм бошад”, гуфт: “Ҷанги ҳақиқӣ ҷанг миёни суннат ва мудернита нест; ҷанг миёни суннат ва мудерн, ҷангест, ки барои фурсатсӯзӣ аз мо роҳ афтодааст.” Вай афзуд: “Вақте мебинам Тромп ва Натонёҳу барои мо барномарезӣ ва таъйини таклиф мекунанд, эҳсоси зиллат мекунам ва эҳсос мекунам, ки аз мо — арабҳо ва мусалмонон, дигар чизе боқӣ намондааст.”

Дар 28-уми январи соли ҷорӣ ҳамоише бо унвони “Навгароӣ дар андешаи динӣ” ба мизбонии Азҳари Миср баргузор шуд. Он чи ин ҳамоишро дар сархатти хабарҳои Миср ва ҷаҳони араб қарор дод, мушоҷираи каломии Аҳмад Тайиб, шайхи Азҳар ва Муҳаммад Алхушт, раиси Донишгоҳи Қоҳира ва намояндаи Абдуфаттоҳ Ассисӣ, дар бахши поёнии ин ҳамоиш аст.

Муҳаммад Алхушт дар суханонаш бо унвони “Нақши ниҳодҳои динӣ дар навгароии динӣ”, дар бораи бозандешӣ дар илми усули дин сухан гуфт ва аз ҷумла изҳор дошт: “Ниҳодҳои донишгоҳӣ наметавонанд мафоҳими ҷадиди динӣ арза кунанд, магар он ки равишҳояшон дар фаҳми динро тағйир диҳанд. Мушкили улуми динӣ, ки бар асоси нақл шакл гирифтааст ин аст, ки ин улум заминасози ҳамон даргириҳои кӯҳна ва қадимӣ аст.”

Раиси Донишгоҳи Қоҳира бо баёни ин ки «бояд ашъаригариро раҳо кунем”, афзуд: “Халт миёни мафҳуми муқаддас ва башарӣ мушкилсоз буда ва илми тафсир дар ҳамон шеваи қадимиаш бар асоси дурустии як дидгоҳ шакл гирифтааст. Мо бояд бо баррасиҳои ҷадид, аз султаи ақоиди динӣ хориҷ шуда ва бо нигоҳе нав ба олам бингарем.”

Дар поёни ин ҳамоиш, ҳангоме ки Амр Мӯсо — мудири ҷаласа ва дабири кулли пешини Иттиҳодияи Араб аз Аҳмад Тайиб, шайхи Азҳар хост, ки агар назаре нисбат ба суханони матраҳшуда дар ҷаласа дорад, онро матраҳ кунад, Аҳмад Тайиб гуфт: “Дӯст доштам суханоне, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ зада мешавад, суханоне санҷида бошад, на ин ки сирфан ҳарфҳои пароканда ва сирфан он чи ба зеҳн мерасад, зада шавад.”

Вай бо ишора ба сухани Муҳаммад Алхушт, ки гуфта буд “бояд ашъаригариро раҳо кунем”, бо иштибоҳ унвон кардани назари Алхушт, изҳор дошт: “Он гуна ки ман дар даҳаи 60 мелодӣ дар мадрасаи роҳнамоӣ хондаам, андешаҳои ашоира мубтанӣ бар хабари воҳид нест ва ҳеч як аз гузораҳои ақоидӣ низ ба ғайр аз такя бар ҳадиси мутавотир бино намешавад.”

Аҳмад Тайиб дар идомаи суханонаш гуфт: “Вақте мебинам Тромп ва Натонёҳу барои мо барномарезӣ ва таъйини таклиф мекунанд, эҳсоси зиллат мекунам ва эҳсос мекунам, ки аз мо — арабҳо ва мусалмонон дигар чизе боқӣ намондааст. Ин бистаре аст, ки мо бояд алъон дар он биҷангем ва ҷанги ҳақиқӣ, ҷанг миёни суннат ва мудернита нест. Ҷанг миёни суннат ва мудерн, ҷангест, ки барои фурсатсӯзӣ аз мо роҳ афтодааст.”

Вай афзуд: “Мероси манқуле, ки имрӯза арзиши онро кам ҷилва медиҳед, рӯзгоре уммате бузург ва таърихсозеро офарид, ки аз Андалус то Чин имтидод пайдо кард. Ҳамчунин он гуна ки мо аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал омӯхтаем, навгароӣ мафҳуми бархоста аз дин аст, на ин ки маҳсули мудернизм бошад.”

Гуфтанист, дар тӯли 5 соли гузашта ҳамвора кашмакашҳо миёни Аҳмад Тайиб, шайхи Азҳар ва Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср, дар заминаи бозандешии динӣ ҷараён дошта ва мавзеъгириҳои гуногунеро дар пай доштааст. Мувоҷеҳаи шайхи Азҳар бо Муҳаммад Алхуштро низ бояд дар ҳамин росто дид, чаро ки раиси Донишгоҳи Қоҳира аз ҳамназарон ва мӯҳраҳои Ассисӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамин рӯёрӯии илмӣ низ боиси ҳамалоти муҷаддади тарафдорони Ассисӣ ба Аҳмад Тайиб шудааст. Ҳамон гуна ки дар гузашта низ борҳо Ассисӣ нисбат ба он чи “кӯтоҳии ниҳоди динӣ дар анҷоми вазоифаш нисбат ба масъалаи бозандешии забони дин” медонад, нақдҳоеро ворид карда ва ба дунболи он, расонаҳояш уламои Азҳарро мавриди ҳамла қарор додаанд.

Илова бар ин ки бархе мухолифони Ассисӣ мӯътақиданд, ки вай дар баргузории ин ҳамоиш мехост Аҳмад Тайибро таҳқир кунад ва ба ҳамин иллат дар ҳамоише, ки ба номи Азҳар баргузор шуда буд, вайро дар ҳайъати раисаи ҷаласа қарор надод ва дар мақоми меҳмонони ҷаласа нишонд.

Идораи ҷаласаро низ ба ҳамфикронаш монанди Амр Мӯсо ва Муҳаммад Алхушт супурд. Аммо бо ин ҳол, суханони бесобиқаи шайхи Азҳар варақро баргардонд ва ҳазинаи зиёде бар раисиҷумҳур ва ҳаводоранаш таҳмил кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.