Сиёсат

Созмони Милали Муттаҳид 75-сола мешавад

Тасвире таърихӣ аз Конфронси Ёлто бо ҳузури Истолин, Рузвелт ва Черчил

Хабаргузории Фаронса дар гузорише дар бораи вазъияти ҳоли ҳозири Созмони Милал ва нақши он дар ҷаҳони ошуфтаи имрӯз дар 75-умин соли таъсисаш ва дар солгарди баргузории Конфронси Ёлто (Ялта), ки аз 4 то 11 феврали 1945 бо ҳузури сарони кишварҳои пирӯз дар ҷанги ҷаҳонии дуввум дар Криме баргузор шуд ва ҳадаф аз он шаклдиҳии Урупои пас аз ҷанг ва тарроҳии сулҳ буд, навиштааст:

Дар мақарри Созмони Милал дар Ню-йорк, ҷанги сард ҳаргиз воқеан ба поён нарасид ва саҳнае, ки ахиран аз пинҳон шудани як диплумоти омрикоӣ пушти як девор барои гӯш додан ба сӯҳбатҳои сафири Чин бо гурӯҳе аз рӯзноманигорон дида шуд, аз ҳамин масъала ҳикоят дорад.

Ҳатто агар ҷаҳон тавониста бошад аз бурузи ҷанги ҷаҳонии севвум ҷилавгирӣ кунад, даргириҳо солҳост, ки идома ёфтаанд ва ҳамон тавр ки ахиран дар судури фармони терури Қосим Сулаймонӣ — фармондеҳи эронӣ аз сӯи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар Бағдод ва даст рӯи даст гузоштани Шӯрои амният дар вокуниш ба ин иқдом дида шуд, хатари инфиҷоре маҳибтар ҳамчунон болост.

Онтунию Гутриш, дабири кулли Созмони Милал, дар як суханронии ахир изҳор кард: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки танишҳо рӯ ба афзоиш ҳастанд, эътимод дар дарун ва миёни миллатҳо дар ҳоли коҳиш аст.”

Гутриш пештар тайи гуфтумоне дар бораи маншури Созмони Милал дар моҳи январ гуфт: “Мо ин коҳиши эътимодро дар ибрози ноумедии мардум аз ноогоҳӣ, нотавонӣ ё бемайлии ташкилоти сиёсӣ барои расидагӣ (ба норизоятии онҳо) дар хиёбонҳои саросари ҷаҳон шоҳид ҳастем.”

Вай афзуд: “Мо ин масъаларо дар амалкарди Созмони Милал аз ҷумла дар Шӯрои амният низ мебинем; замоне, ки кишварҳои узв барои ёфтани мавзеи муштарак сустӣ мекунанд ё аслан наметавонанд ба он даст ёбанд.”

Даргириҳои нобаробар

Аз ҳамон ибтидо, ки қудратҳое, ки аз вайронаҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум сар бароварданд (Омрико, Англис ва Шӯравӣ) дар Конфронси Ёлто дар феврали 1945 идеяи ҳалли даргириҳоро матраҳ карданд, мушаххас буд, ки баъдҳо Созмони Милал аз ӯҳдаи ҳалли даргириҳо нахоҳад баромад.

Барои бисёре, ин воқеият дар соли 2011 бо оғози ҷанги дохилии Сурия ва сарнагунии Муаммар Қаззофӣ, диктотури Либӣ ба раҳбарии қудратҳои ғарбӣ, намоён шуд. Бархе дигар аммо ҳамлаи соли 2003-и Омрико ва Англис ба Ироқро осебе азим ба низоми байналмилалӣ медонанд.

Ҷанги нобаробар ҷойгузини таъодули қудрат шуда, ки ёдовари авҷи ҷанги сард аст; бо ошӯбҳое дар хиёбонҳои Урупо, Осиё, Офриқо ва Ховари Миёна, ки акнун ба як амри маъмул табдил шудаанд. Таҳдиди деринаи густариши таслиҳоти ҳастаӣ бори дигар рӯ ба афзоиш гузошта ва бо хатароти тозаи гармоиши ҷаҳонӣ ҳамроҳ шудааст.

Ақибнишинии Омрико аз саҳнаи ҷаҳонӣ тайи як даҳаи гузашта ҳамроҳ бо носозгориҳои Урупо, роҳро барои тавсиъаталабии Русия боз карда, ки дар манотиқи бӯҳронзадае монанди Сурия, Либӣ, Венезуэло ва Куреи шимолӣ нишон дода, ки душвор метавон онро аз пешравӣ боздошт.

Ричорд Гувон (Richard Gowan), аз Гурӯҳи бӯҳрони байналмилал, дар гуфтугӯе бо хабаргузории Фаронса изҳор кард: “Рӯйкарди Русия дар бораи Созмони Милал маъмулан ба лиҳози фаннӣ ҳушмандонатар аз диплумосии ғарбӣ аст. Омрико ва урупоиҳо маъмулан Шӯрои амниятро бештар арсае барои баёнияҳои ахлоқии бузург медонанд, то пайгирии муомилагарии диплумотики воқеӣ.”

Чин пас аз Вошингтун ба дуввумин таъминкунандаи молии Созмони Милал табдил шуда, аммо дар сатҳи байналмилалӣ суръати санҷидаи худро ҳифз кардааст.

Ҷаҳони «худхоҳон»

Созмони Милал аз замони таъсис 5 узви собит дар Шӯрои амният дошта, ки аз ҳаққи “вето” бархӯрдор ҳастанд, ки нишондиҳандаи ҳамон тавзеъи қудрати қадимӣ аст.

Бертронд Бадӣ (Bertrand Badie), аз Муассисаи мутолеоти сиёсӣ дар Порис, бо ишора ба ин ки “низоме тоза вуҷуд дорад, ки қудратҳои қадимӣ онро дарк намекунанд”, мегӯяд: “Ҷануб ҳаргиз воқеан дар бозии ҷаҳонӣ роҳ дода нашудааст.”

Гувон, аз Гурӯҳи бӯҳрони байналмилал мегӯяд: “Шӯрои амният дар даврони ҷанги сард қатъномаҳои андакеро тасвиб кард ва диплумотҳои он даврон қатъномаҳоеро, ки ин шӯро акнун барои амалиёти ҳифзи сулҳ дар заминаҳои башардӯстона то тағйироти иқлимӣ тасвиб мекунад, ба расмият намешиносанд.”

Ӯ мегӯяд: “Ин рӯзҳо ҳатто мақомоти Созмони Милал эҳсос мекунанд, ки бештари қатъномаҳои Шӯрои амният он қадр тӯлонӣ ва печида ҳастанд, ки наметавонанд иҷроӣ шаванд.”

Ин, фориғ аз қатъномаҳое аст, ки тасвиб нашудаанд ё аъзо ба шароити онҳо амал накардаанд, монанди тавофуқоти иқлимӣ, тавофуқи ҳастаии Эрон ва паймонҳои халъи силоҳ.

Бетронд Бадӣ ҳамчунин афзуд: “Шӯрои амният эътибори худро аз даст додааст, гарчӣ дар давраи ҷанги сард ҳам беш аз чизе ташрифотӣ набудааст. Имрӯз аммо ин ниҳод дар рӯёрӯӣ бо моҳияти пурҳарҷу марҷи бозиҳои қудрати бузург, ҷойгоҳи ташрифотии худро ҳам аз даст додааст.”

Яке аз сафирони Созмони Милал бо интиқод аз “ҷаҳоне аз худхоҳон, ки аз бӯҳронҳо ба унвони фурсате барои намоиши қудрат истифода мекунанд”, мегӯяд: “Дар даврони ҷанги сард талоши бештаре барои ҳифозат аз ҷамъияти ғайринизомӣ ва ҳуқуқи башар сурат мегирифт.”

Яке аз мақомоти Созмони Милал изҳор кард: “Музокира бо душманон пеш аз ин осонтар буд.”

Барои Гутриш ҳароси бисёр воқеӣ аз чизе вуҷуд дорад, ки дар моҳи сентябр онро «шикофи бузург» номид; шикофе, ки «ҷаҳонро ба ду бахш тақсим мекунад бо ду иқтисоди бузурги рӯи замин, ки ду ҷаҳони ҷудо аз ҳам ва дар ҳоли рақобат месозанд ва ҳар як дорои воҳиди пули ғолиб, қавонини тиҷорӣ ва молӣ, интернет ва тавоноии ҳуши маснуии худашон ҳастанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.