Достон ва ҳикоёт

Хавориҷ; нахустин такфириҳои таърих

Яке аз саҳнаҳои бисёр дарсомӯзи таърихи ислом, таъомули ҳазрати Алӣ (а) бо Хавориҷ аст; як мушт афроди ҷоҳилу нодоне, ки намедонистанд ҷоҳиланд. Одам вақте бидонад, ки намедонад, хуб аст, зеро ба дунболи донистан мешавад. Аммо вақте надонад ва ба нодонии худ огоҳ набошад, ин дигар як мусибат аст.

Ин ҷамоати нодон – ки иттифоқан одамони мутаъаббиду зоҳид ҳам миёнашон фаровон буд – дар оғоз дар канори Алӣ алайҳи душманони вай меҷангиданд яъне тарафдораш буданд. Аммо душман, ки аз балоҳату ҳамоқати онҳо огоҳ буд, бо як тарфанд гӯлашон зад.

Моҷаро аз ин қарор буд, ки вақте сипоҳиёни Алӣ ба хаймаҳои душман наздик шуданд ва қариб буд шикасташ бидиҳанд, душман Қуръон болои найзаҳо қарор дод. Ва дар ин миён Хавориҷ омаданд пеши Алӣ ва гуфтанд, мо ҳозир нестем бо Қуръон биҷангем! Алӣ ба онҳо гуфт, ин як фиреб аст, гӯли найранги онҳоро нахӯред. Вале ин ҷамоат намефаҳмиданд. Алиро таҳдид карданд, ки ё ҷангро мутаваққиф мекунӣ ва ё ин ки туро хоҳем кушт!

Ва чун ҷанг поён пазируфт ва маълум шуд, ки кори душман найранге беш набудааст, боз он ҷамоати аҳмақ омаданд пеши Алӣ ва гуфтанд, мо иштибоҳ кардем, ғалат кардем ва бо ин корамон аз дин берун шудем, ҳол тавба кардем ва мусалмон шудем. Ту ҳам биё тавба кун!

Алӣ барояшон тавзеҳ дод, ки бо ин ки шумо иштибоҳ карда будед, вале аз дин берун нашудаед, ин чӣ ҳарфи беҷоест! Тоза, ман ба шумо гуфта будам, ки ин як найранг аст, вале гӯш надодед.

Аммо ин ҷамоати аблаҳ ҳарф сарашон намешуд, исрор карданд, ки ту ҳам тавба кун, ки кофир шудаӣ! Ва Алиро такфир карданд. Яъне гуфтанд, кофир аст ва бояд бо ӯ ҷангид.

Ҳазрати Алӣ ба такрор насиҳаташон мекард, ки даст аз ҳамоқат бардоранд, вале онҳо намефаҳмиданд. Мегуфтанд, ту кофир шудаӣ ва бояд саратро аз гардан ҷудо кунем!

Вақте алайҳи Алӣ, ки халифаи замона буд, эъломи ҷанг карданд, ҳазрат чорае надошт ҷуз ин ки ин фитнаро хомӯш кунад ва бо онон ҷангид.

* * *

Ва саранҷом ҳазрати Алӣ (а) дар ниҳояти кор ба дасти яке аз бозмондаҳои Хавориҷ ба шаҳодат расид. Яъне ба дасти фарде ба номи Абдурраҳмон ибни Мулҷам, ки бо шамшере дар масҷид бар фарқи сари он ҳазрат зад, ки Алӣ бар асари он шаҳид шуд.

Ва ҷойи шигифтӣ он аст, ки Абдурраҳмон мегуфт, ман дар роҳи Худо ва аз барои ризо ва хушнудии Худо ва барои наздик шудан ба Худо, Алиро куштам!

Ҷаҳолат ҳамин аст!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.