Сиёсат

Арабистони Саудӣ аз Омрико ба хотири тарҳи “муомилаи қарн” ташаккур кард

Ҳайъати вазирони саудӣ имрӯз бо ҳузури Салмон бен Абдулазиз, аз иқдоми Омрико барои ироаи тарҳи мавсум ба “муомилаи қарн” тақдиру ташаккур кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, ҳайъати вазирони давлати Арабистони Саудӣ имрӯз (сешанбе, 4 январ) дар ҷаласаи ҳафтагии худ, бо иддаои “ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниҳо”, аз давлати Омрико тақдир кард.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, дар ин нишаст натиҷаҳои сафари Митсутокис (Kyriakos Mitsotakis), нахуствазири Юнон ба Арабистон ва гуфтугӯи шоҳи саудӣ бо Владимир Путин ва ҳамкории Риёз ва Маскав дар бахши бозори нафт, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст ҳамчунин иддао шуд, ки мавзеъи давлати саудӣ дар қиболи масъалаи Фаластин барои ҳуқуқи мардуми он ва таҳаққуқи орзуҳояшон собит аст ва барои расидан ба як роҳи ҳалли ҳамаҷониба ва одилона талош мекунад.

Ҳайъати вазирони саудӣ бо ёдовари ибтикори “сулҳи арабӣ” дар соли 2002, ки давлати Риёз онро ироа кард, муддаӣ шуд, ки ҳамвора дар маҷомеи байналмилалӣ дар канори мардуми Фаластин будааст.

Кобинаи саудӣ дар идома, аз тарҳи “муомилаи қарн”-и Омрико ба унвони “талоши Омрико барои тарҳи фарогири сулҳ” тақдиру ташаккур кард ва гуфт, ки ҳимоят аз ин талошҳо ҳадафаш ҳаракат ба самти гуфтугӯст.

Тақдиру ташаккури давлати саудӣ аз тарҳи ироашуда аз сӯи Омрико дар хусуси Фаластин, пас аз он сурат мегирад, ки Риёз ва Абӯзабӣ дар нишасти ахири Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷадда низ аз маҳкум кардани “муомилаи қарн” худдорӣ карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.