Ваҳдати исломӣ

Се гуфтори калидӣ аз Ибни Ҳазми Андалусӣ

وَذَهَبت طَائِفَة إِلَى أَنه لَا يكفر وَلَا يفسق مُسلم بقول قَالَه فِي اعْتِقَاد أَو فتيا وَإِن كل من اجْتهد فِي شَيْء من ذَلِك فدان بِمَا رأى أَنه الْحق فَإِنَّهُ مأجور على كل حَال أَن أصَاب الْحق فأجران وَإِن أَخطَأ فأجر وَاحِد وَهَذَا قَول ابْن أبي ليلِي وَأبي حنيفَة وَالشَّافِعِيّ وسُفْيَان الثَّوْريّ وَدَاوُد بن عَليّ رَضِي الله عَن جَمِيعهم وَهُوَ قَول كل من عرفنَا لَهُ قولا فِي هَذِه الْمَسْأَلَة من الصَّحَابَة رَضِي الله عَنْهُم لَا نعلم مِنْهُم فِي ذَلِك خلافًا أصلا

Гурӯҳе аз фуқаҳо бар ин назаранд, ки набояд ҳеч мусалмоне ба хотири гуфторе дар эътиқод ва ё фатвое такфиру тафсиқ шавад (яъне набояд кофир ё фосиқ дониста шавад); зеро ҳар касе, ки дар як масъала иҷтиҳод карда ва мӯътақид бошад, ки ҳақ ҳамон аст, чунин шахсе, дар ҳар сурат маъҷур (дорои подош) аст; ки агар назараш мутобиқ бо воқеъ буд, ду аҷр насибаш мешавад, ва агар хато бошад (яъне назараш мутобиқ бо воқеъ набошад), дорои як аҷр хоҳад буд. Ва ин назар назари фақеҳоне монанди Ибни Абилайло, Абӯҳанифа, Шофеӣ, Суфёни Саврӣ, Довуд ибни Алӣ (Худо аз ҳамаашон розӣ бошад!) ва бештарин касоне аз саҳоба аст, ки мешиносемашон; ва дар ин масъала сухани мухолиферо суроғ надорем…” (Ал-фасл фил-милал, 3/138, Ашшомила)

غاظني أهل الجهل مرتين من عمري: أحدهما: بكلامهم فيما لا يحسنونه أيام جهلي، والثاني: بسكوتهم عن الكلام بحضرتي ، فهم أبداً ساكتون عما ينفعهم ، ناطقون فيما يضرهم. وسرني أهل العلم مرتين من عمري: أحدهما: بتعليمي أيام جهلي، والثاني بمذاكرتي أيام علمي

Аҳли ҷаҳл (нодонӣ) ду бор дар умрам маро нохушнуд кардаанд: яке, бо суханони худ дар мавзӯъҳое, ки ворид набуданд он замон ки ман чизе намедонистам. Ва дигар, бо сукути худ дар ҳузури ман (замоне ки медонистам). Асосан, ин ҷамоат ҳамеша аз он чи ба фоида ва нафъашон аст сокитанд ва дар бораи он чи ба зарару зиёнашон аст гӯянда.

Ва аммо аҳли илм ду бор дар умрам маро хушнуду хурсанд кардаанд: яке, бо таълиму омӯзонидани худ замоне ки намедонистам, ва дигар бо баҳсу табодули назари худ замоне ки медонистам.”

* * *

لا آفة على العلوم وأهلها أضر من الدخلاء فيها، وهم من غير أهلها، فإنهم يجهلون، ويظنون أنهم يعلمون، ويفسدون، ويقدرون أنهم يصلحون

Ҳеч офате бар илм ва аҳли он зиёнбортар аз муддаиёни илм (касоне, ки аҳли он нестанд, вале худро ба он нисбат медиҳанд) нест; зеро ки инон намедонанд аммо гумон мекунанд, ки медонанд. Хароб мекунанд аммо фикр мекунанд, ки ислоҳ мекунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.