Ҳуқуқи башар

Баёнияи Вайсиддин Одинаев дар эътироз ба боздошти Далер Шарифов — (Видео)

Вайсиддин Одинаев, фаъоли тоҷики муқими Утриш (Австрия), ки ду рӯз аст дар назди Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар даст ба эътироз задааст, имрӯз (5 январ) баёнияе содир кардааст. Ӯ дар ин баёния, бо “ғайриқонунӣ” хондани боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, хостори “озодии фаврӣ ва бе чуну чарои” ин рӯзноманигор шудааст.

Баёнияи мазкур, ки Вайсиддин Одинаев онро дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук мунташир кардааст, ба шарҳи зерин аст:

Баёния

Боздошти садҳо нафар инсонҳо дар як моҳи ахир дар кишвари азизамон ба иттиҳоми узвият дар “Ихвонул-муслимин” дар ҳоле, ки ба гуфтаи наздикони боздоштшудаҳо бисёре аз онҳо ҳатто бо номи “Ихвонул-муслимин” ошно нестанд, як зулм ва бедодгарии навбатии ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандон аст.

Дар ин миён, боздошти Далер Шарифов рӯзномангори тоҷик ва муттаҳам кардани ӯ ба узвият ба “Ихвонул-муслимин”, барои ҳамаи мо — тоҷикистониҳо ва ба хусус ҷомеаи рӯзноманигорӣ, бисёр нигаронкунанда аст. То кунун наздик ба 8 ҷамъият ва созмонҳои рӯзноманигорӣ дар дохили кишвар ва ҳамчунин якчанд созмонҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ ва шахсиятҳои маъруф, боздошти Далер Шарифро маҳкум карда, хостори озодии фаврии ӯ шудаанд.

Ман, Вайсиддин Одинаев, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дуюмин рӯз аст дар баробари Сафорати Тоҷикистон дар Австрия ба унвони эътироз меоям, ба навбати худ боздошти Далер Шарифовро аввалан ғайриқонунӣ мешуморам. Ва дар сонӣ, аз сафири Тоҷикистон дар Австрия талаб менамоям, ки эътирози шадиди манро ба гӯши мақомоти кишвар бирасонад ва ба онҳо бигӯяд, ки даст аз боздоштҳои ғайриқонунӣ бардоранд ва ба зулму ситамҳои худ нисбат ба шаҳрвандони бегуноҳ нуқта гузоранд.

Ман хостори озодии фаврӣ ва бе чуну чарои Далер Шарифов ҳастам!

Бо эҳтиром,

Вайсиддин Одинаев

5 феврали 2020

Австрия

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.