Ҳуқуқи башар

Бо кӯмаки Салимпур, Муҳаммадюсуф Исмоилов ба зиндони низомаш сукунатӣ мунтақил шуд

Мирзои Салимпур, сардабири сомонаи мустақилли “Ахбор”, бо пардохти 6 ҳазор сомонӣ (баробар ба беш аз 600 дулор), хабарнигори зиндонии тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз зиндони низомаш сангин ба зиндони низомаш сукунатӣ мунтақил кард.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, акс аз Родию Озодӣ

Дар ин бора Мирзои Салимпур рӯзи 5-уми феврал ба Родию Озодӣ хабар дод. Бар пояи гузориши Родию Озодӣ, манобеи ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ҳам ин иттилоъро дар сӯҳбат бо оҷонсии «Азия-Плюс» тасдиқ кардаанд. Ба қавли манобеи «Азия-Плюс«, ҳоло комиссия масъаларо баррасӣ карда, хулосаи худро барои муҳокима ба додситонии назорати зиндонҳо ва ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мефиристад. Ин марҳила тақрибан ду моҳро дарбар мегирифтааст.

Мирзо Салимпур, сардабири сомони «Ахбор», акс аз Родию Озодӣ

Бар асоси ин гузориш, Мирзои Салимпур гуфт, хост аз ин тариқ ба ҳампешаи зиндонии худ кӯмак кунад ва ҳаддиақал ӯро аз зиндони низомаш сангин ба маҳбаси низомаш сукунатӣ гузаронад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад. Додгоҳ ӯро соли 2013, замоне ки ҳамкори ҳафтаномаи мустақили «Нигоҳ» буд, ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қонуни афви соли гузашта як солу чаҳор моҳ ҳукми ӯро кам карданд.

Созмонҳои журналистӣ ҳукми ӯро ноодилона хонда, борҳо озодияшро талаб кардаанд. Онҳо мегӯянд, мақомот аз журналисте, ки ҳамвора аз камбудҳо дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба шиддат танқид мекард ва норасоиҳо дар ин гӯшаи дурафтодаро ба саҳифаҳои матбуот мекашид, халос шуданд.

Ин дуюмин мавриди ба зиндон афтодани журналист буд. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи «Ашт валангор мегардад» дар ҳаққи мақомоти маҳаллии ин ноҳия ва махсусан додситонии он, бо парвандаи «туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт карда, 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд. Ин қазия ҳамла ба озодии баён унвон шуд ва бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод гашт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.