Дидгоҳ

Нақд бояд чӣ гуна бошад // Рисолаи Далер Шарифов ба унвони намуна

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Иддаои “бетарафӣ” хеле иддаои бузургу гунда аст, ва дар арзёбии масоил ҳар касе тавони якчунин иддаоеро надорад, ва шахсан банда мӯътақидам, мо дар дунё одами тамоман “бетараф” надорем, магар он ки аз ҷинси одам набошад. Зеро одам, то модоме ки одам аст, ӯ ба чизе боварманд аст ва гароише дорад, ҳол чӣ ин гароиш як гароиши динӣ бошад ва чӣ ғайридинӣ. Гароиш, ки рангу бӯи махсусе надорад.

Аз ин рӯ, мафҳуми “бетарафӣ” бояд бо мафҳуми “инсоф” тағйир дода шавад; ба ин маъно, ки як муҳаққиқ ва пажӯҳишгар вақте мехоҳад дидгоҳе ё китобе ва ё рисолаеро мавриди нақду баррасӣ қарор бидиҳад, ӯ бо айнаки “инсоф” ба нақд биншинад, на ин ки аз ӯ интизор дошта бошем “бетараф” бошад, ки арз кардам ин ғайривоқеӣ аст.

Фарз кунед, як муҳаққиқи ғайримусалмон камар ба нақду баррасии китоб ё рисолае бастааст, ки аз тарафи як мусалмон таълиф шуда ва муаллиф дар ин китоб дар бораи динаш, дар бораи паёмбараш, дар бораи Қуръонаш ва хулоса дар бораи маорифи ойинаш навишта. Дар ин гуна маворид, интизоре, ки аз он наққод – ки гуфтем ғайримусалмон аст – меравад ин нест, ки ӯ комилан “бетараф” ба ин маъно бошад, ки ба ҳеч чиз боварманд ва пойбанд нест. Ин интизори беҷост. Балки интизоре, ки бояд аз ӯ дошт ин аст, ки “инсоф” дошта бошад ва бо айнаки “инсоф” ба нақд биншинад. Ва боварҳо ва андешаҳое, ки ба онҳо гароиш дорад, дар нақду баррасиаш таъсир нагузоранд, ба ин маъно, ки ӯ бо айнаки андешае, ки бар сар дорад, ба он китоб ё рисола нигоҳ накунад. “Инсоф” ин аст.

Бинобар ин, арзёбӣ аз рисолаи “Муҳаммад (с) ва теруризм”-и Далер Шарифов, ки “илмӣ” набуда ва “хусусияти тарғиботӣ” доштааст, якчунин арзёбӣ, худаш арзёбии “олимона” нест. Чаро?

Далелаш ин аст, ки меъёри нақду баррасии якчунин рисолае – ки муаллифаш на танҳо мусалмон, ки як мусалмони пойбанд ба динаш ҳам ҳаст – ин аст, ки наққод бояд бибинад, оё навиштаҳо ва иддаоҳои муаллифи рисола бо усули он дин ҳамхону ҳамсоз ҳастанд ё нестанд?! “Илмӣ” будан лузуман ин нест, ки ангезаи динӣ комилан аз миён бардошта шавад. Балки, дар мавориде — мисли мавриди ҳамин рисола — “илмӣ” будан, ба мизони мутобиқати навиштаҳои муаллиф бо усули дине аст, ки аз он пайравӣ мекунад.

Ҳоло як мисол бизанам. Далер Шарифов дар ин рисола мегӯяд, мухолифони ислом ва мухолифони ҳазрати Паёмбар (с) баноҳақ ба ӯ нисбати “теруризм”-ро медиҳанд ва ин нисбат нисбате нораво ва нодуруст аст, ва сипас барои ин муддао далел меоварад. Хуб, дар якчунин мавриде, наққод бояд бибинад, ки оё асли маорифи исломӣ (Қуръони Карим) ва таърихи ислом ва зиндагонии ҳазрати Паёмбар (с) ва он чи ин паёмбар фармуда (яъне суннати ӯ), бо иддаои муаллифи рисола (Далер Шарифов) мутобиқат доранд ё ин ки суханони муаллиф бо он маориф ҳамхон нестанд.

Ин аст наққодии китоб ё рисолае, ки аз тарафи як мусалмон навишта шуда ва муаллифаш мегӯяд ман дорам дар бораи динам ва паёмбарам ҳақиқатро менависам. На ин ки наққод интизор дошта бошад, ки муаллиф мисли ӯ андеша ба сар дошта ва ҳамон гуна бинависад, ки мавриди писанди наққод аст, вагарна “ғайриилмӣ” мебошад.

Ин нақд нест. Балки нигоҳ кардан бо айнаки “андешаи худам” аст.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.