Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Раҳбари Эрон: “Тарҳи омрикоии «муомилаи қарн» қабл аз мурдани Тромп, хоҳад мурд” – (Видео)

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бо ишора ба тарҳи “муомилаи қарн”, ки аз сӯи Омрико ироа шудааст, гуфт: “Тарҳи омрикоии «муомилаи қарн» қабл аз мурдани Тромп, хоҳад мурд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, раҳбари Эрон бо баёни ин матлаб, ҳамчунин гуфт: “Омрикоиҳо дилашонро хуш кардаанд, ки бо гузоштани исми бузург, тарҳашон алайҳи миллати Фаластин муваффақ шавад, дар ҳоле, ки ин кори онҳо аҳмақона ва хабисона аст ва аз ҳамин шурӯи қазия ба зарарашон тамом шудааст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ин тарҳ қабл аз мурдани Тромп мемирад, афзуд: “Ин кор қатъан ба натиҷа нахоҳад расид, бинобар ин рафту омад ва ҳазина кардан барои он ва ҷанҷол ба роҳ андохтан ва рӯнамоӣ аз он, коре аҳмақона аст.”

Вай ин тарҳро нишонаи ошкоре аз дағалкории омрикоиҳо хонд ва гуфт: “Омрикоиҳо бо саҳюнистҳо дар бораи чизе муомила кардаанд, ки мутаъаллиқ ба онҳо нест. Фаластин аз они фаластиниҳо ва тасмимгирӣ дар бораи он, мухтасси онҳост. Шумо чӣ кора ҳастед, ки дар бораи замин ва хонаи дигарон тасмимгирӣ кунед? Ин нишонаи хабосат, дағалкорӣ ва бадниҳодии шумост.”

Раҳбари Эрон ин тавтиаро ба зарари омрикоиҳо ва мӯҷиби зинда шудани масъалаи Фаластин донист ва афзуд: “Истиқбол ва каф задани чанд тан аз сарони хоини араб, ки дар миёни миллатҳои худ низ беарзишу беобрӯ ҳастанд, аҳаммияте надорад ва бар хилофи сиёсати собити дастгоҳи истикбор яъне ба фаромӯшӣ супурдани масъалаи Фаластин, ин кори онҳо мӯҷиби зинда шудани масъалаи Фаластин шуд ва дар ҳамаи дунё ному мазлумияти Фаластин ва маҷмӯаҳои фаластинӣ бар сари забонҳо афтод.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба талоши мустакбирон барои пешбурди ин тарҳ бо такя бар силоҳу пул, роҳи илоҷро “истодагӣ ва муқовимати шуҷоъона” хонд ва таъкид кард: “Миллат, аносур ва созмонҳои фаластинӣ бояд бо ҷиҳоди фидокорона арсаро бар Омрико ва душмани саҳюнистӣ танг, ва ҳамаи дунёи ислом низ аз ин муқовимати шуҷоъона ҳимоят ва пуштибонӣ кунанд.”

Вай бо ишора ба густариши рӯзафзуни маҳдудаи муқовимат алайҳи истикбор дар минтақаи ғарби Осиё, таъкид кард: “Мӯътақидем созмонҳои мусаллаҳи фаластинӣ хоҳанд истод ва муқовиматро идома хоҳанд дод ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ низ вазифаи худро пуштибонӣ аз гурӯҳҳои фаластинӣ медонад, бинобар ин ҳар гуна ва ҳар қадр, ки битавонад аз онҳо ҳимоят мекунад, ва ин пуштибонӣ хости низоми исломӣ ва миллати Эрон аст.”

Раҳбари Эрон илоҷи аслии масъалаи Фаластинро назархоҳӣ аз мардуми фаластиниюласл хонд ва гуфт: “Танҳо роҳ барои сулҳ ва ҳалли масъалаи Фаластин, назархоҳӣ аз мардуми фаластиниюасл бо ҳар мазҳабе аъамм аз мусалмон, масеҳӣ ва яҳудӣ аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён таъкид кард: “Иншоаллоҳ ин ҳадаф муҳаққақ хоҳад шуд ва шумо ҷавонон он рӯзро хоҳед дид ва ба тавфиқи илоҳӣ дар Байтулмуқаддас намоз хоҳед хонд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.