Сиёсат

Тромп дар нутқи солонаи худ ваъдаи поёни ҷангҳои Омрико дар Ховари Миёнаро дод

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, шомгоҳи сешанбе ба вақти Вошингтун, суханронии солона (State of Union)-и худро эрод кард. Тромп дар ин нутқ, ки як соату 18 дақиқа тӯл кашид, аз ҷумла гуфт: “Сарбозони омрикоӣ дар дунё беҳтарин ҳастанд ва мехоҳанд дар ҷанг пирӯз шаванд ё аслан наҷанганд. Мо талош мекунем, ки саранҷом тӯлонитарин ҷанги Омрикоро ба поён бирасонем ва нерӯҳоямонро аз Ховари Миёна ба хона баргардонем.”

Вай дар нутқи солонаи худ дар Кунгура, ҳамчунин аз ба шаҳодат расондани Сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, дифоъ кард ва гуфт: “Ӯ (Сулаймонӣ) ҳамлаи моҳи декабр алайҳи нерӯҳои омрикоиро дар Ироқ ҳидоят карда буд ва ҳамчунон машғули барномарезӣ буд. Барои ҳамин Иёлоти Муттаҳида даст ба амалиёти дақиқе зад, ки Сулаймониро кушт.”

Тромп дар бахше аз суханони худ ҳамчунин бо ишора ба Эрон гуфт: “Ба далели таҳримҳои қавии мо, иқтисоди Эрон бисёр заъиф амал мекунад. Мо метавонем ба онҳо кӯмак кунем, то дар як замони кӯтоҳ иқтисодашонро бисёр хуб кунанд, аммо шояд онҳо барои дархости чунин кӯмаке, беш аз ҳадд мағрур бошанд. Мо инҷо ҳастем. Бигузоред бибинем кадом масирро интихоб мекунанд. Комилан дасти худашон аст.”

Тромп дар мавриди ҷанги Афғонистон ҳам гуфт, ки “ба далели шуҷоати нерӯҳои омрикоӣ пешрафтҳои зиёде анҷом шудааст ва музокироти сулҳ идома дорад.”

Вай ин гуна идома дод: “Ман дар пайи он нестам, ки садҳо ҳазор нафар аз мардуми Афғонистонро, ки хеле аз онҳо бегуноҳ ҳастанд бикушам. Ин ҳамчунин кори мо нест, ки ба унвони нерӯи пулиси кишварҳои дигар амал кунем. Дар Афғонистон азму шуҷоати нерӯҳои мо ба мо ин имконро додааст, ки пешрафти чашмгир дошта бошем ва музокироти сулҳ дар ҳоли анҷом аст. Мо дар талош ҳастем, то саранҷом ба тӯлонитарин ҷанги Омрико поён диҳем ва нерӯҳои худро ба хона баргардонем.”

Тромп гуфт: “Сарбозони омрикоӣ дар дунё беҳтарин ҳастанд ва мехоҳанд дар ҷанг пирӯз шаванд ё аслан наҷанганд. Мо талош мекунем, ки саранҷом тӯлонитарин ҷанги Омрикоро ба поён бирасонем ва нерӯҳоямонро аз Ховари Миёна ба хона баргардонем.”

Гуфтанист, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар оғози суханронии солонаи худ, аз даст додан бо раиси Маҷлиси намояндагони Омрико худдорӣ кард.

Нонси Пелусӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Омрико ҳам дар вокуниш ба ин кори Тромп, дар баробари чашми расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нусхаи матни суханронии раисиҷумҳури Омрикоро, ки қабл аз шурӯи суханронӣ ба ӯ дода буд, пора кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.