Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (399)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (2)

* * *

Ин раҷову хавф дар парда бувад,

То паси ин парда парварда шавад.

Хавфу раҷои бандагон дар пушти парда воқеият меёбад, то ин ки дар пушти парда ҳар амиру асире парварда шавад ва нашъунамо кунад.

Чун даридӣ парда, ку хавфу раҷо?

Ғайбро шуд карру фарре бармало.

Вақте ки пардаи асрору ҳақоиқро бидарӣ ва асрори ниҳони ғайбӣ бар мардумон намоён гардад, дигар ҷойе барои хавфу раҷо намемонад, зеро ғайби илоҳӣ комилан ошкор мешавад ва марҳилаи инҷаҳонӣ, ки марҳилаи ҳиҷоб аст сипарӣ мешавад ва марҳилаи ҳақоиқ фаро мерасад.

Тамсил: Ҷавоне бар сари ҷӯйе нишаста буд, шахсеро дид, ки машғули моҳигирӣ аст. Ҷавон гумон кард, ки шахси моҳигир Сулаймон аст. Ин хаёлот дар зеҳни ӯ ҳамчунон буд ва ӯро ба фикр фурӯ бурд. Вале дар айни ҳол бо худ мегуфт: агар ин шахс Сулаймон аст, чаро танҳо ва бидуни ҷалолу шукӯҳ дар канори ҷӯйе нишастааст ва ба дасти худ моҳӣ мегирад? Ва агар воқеан Сулаймон нест, пас ин қиёфаи боҳайбату азамати сулаймонӣ чист, ки дар ин шахс дида мешавад? Зеро он вақт мавқеъе буд, ки деве аз девон ангуштари Сулаймонро рабуда буд ва ӯ аз салтанати зоҳирӣ афтода буд ва ба шакли як моҳигири фақир даромада буд.

Он ҷавон дар кешу қавси ин хаёлот буд, ки муҷаддадан ангуштари Сулаймон ба ӯ бозгардонда шуд, зеро шарри дев дафъ шуд ва дубора ҳамон ҳишмату қудрати пешин ба ҳазрати Сулаймон (а) расид. Ва вақте ки ҳамаи девону париён гирди ӯ ҷамъ шуданд ва ба наззораи ӯ хостанд, он ҷавон низ ҳузур дошт ва ҳамин ки дар ангуштари ҳазрати Сулаймон (а) он хотамро дид, андеша ва хаёли ҷустан ва такопуи шинохти он шахс дар ӯ аз миён рафт. Зеро офтоби ҳақиқат тобида буд ва дигар ниёзе ба абзору олоту муқаддимоти шинохт набуд.

Мавлоно дар ин тамсил, ин матлабро бозгӯ карда, ки то вақте шамси ҳақиқат ошкоро бар қалби одамӣ натобида, ӯ дар ҳиҷоби авҳому пиндор аст, аммо ҳамин ки хуршеди ахтарсӯзи ҳақиқат тобидан гирифт, ҳиҷоби авҳом бисӯзад ва қалб яксара дар нуруланвор пӯшида гардад. Чунончи он ҷавон вақте ангуштареро, ки нишони Сулаймон буд дид, аз тардиду гумон бадар омад ва Сулаймонро шинохт. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1033)

Бар лаби ҷӯ бурд занне як фато,

Ки Сулаймон аст моҳигири мо.

Гар вай аст ин, аз чӣ фард асту хафист?

В-арна симои сулаймониш чист?

Ҷавоне дар канори рӯдхонае омад ва дид, ки шахсе моҳӣ мегирад. Гумон бурд, ки он моҳигир ҳамон ҳазрати Сулаймон (а) аст, вале боз дучори шакку шубҳа буд ва бо худ мегуфт: Агар ин моҳигир ҳамон ҳазрати Сулаймон (а) аст, пас чаро ин гуна ниҳону гумном аст? Ва агар ҳазрати Сулаймон (а) нест, чаро бар гунаи шукӯҳу ҳайбати ӯст?

Фато: ҷавон, ҷавонмард. Хафӣ: пинҳон, ниҳон.

Андар ин андеша мебуд ӯ дудил,

То Сулаймон гашт шоҳу мустақил.

Он ҷавон дар ин андешаҳо буд ва дучори ҳолати дудиливу тардид буд, то он ки Сулаймон (а) дубора ба қудрату ҳукумат расид.

Дев рафт, аз мулку тахти ӯ гурехт,

Теғи бахташ хуни он шайтон бирехт.

Деве, ки ангуштарии ӯро рабуда буд гурехт ва фирор кард, ва теғи бахту иқболи Сулаймон (а) хуни он шайтонро рехт.

Кард дар ангушти худ ангуштарӣ,

Ҷамъ омад лашкари деву парӣ.

Ҳазрати Сулаймон (а) ангуштариро дар ангушташ кард ва лашкари деву парӣ пиромунаш гирд омаданд ва ӯ монанди аввал, бар онон ҳукумат кард.

Нукта: Ба нақл аз Қуръони Карим, бод дар тасхири Сулаймон (а) буд, то киштиҳои тиҷорӣ ва ҷангии ӯро ба андозаи масири як моҳ дар дарёҳо бибарад ва бозгардонад, миси гудохта дар ихтиёри ӯ буд, то бо нерӯи париёну девон биноҳои азим барпо кунад ва меҳробҳо ва тимсолҳо созад. Ва гурӯҳе аз онон ба қаъри дарёҳо мерафтанд ва марворидҳои гаронбаҳо сайд мекарданд. (Ба сураҳои Анбиё (оятҳои 78-79-81) ва Сабаъ (ояти 11) ва Сод (оятҳои 30-34) руҷӯъ шавад.)

Омаданд аз баҳри наззора риҷол,

Дар миёншон он ки буд соҳибхиёл.

Риҷолу мардумон барои дидану наззораи ӯ омаданд, дар миёни он риҷолу мӯҳташамон он ҷавон низ, ки дучори хаёлу тардид шуда буд омад.

Наззора: дидан, тамошо.

Чун ки каф бигшоду дид ангуштарӣ,

Рафт андеша-в гумонаш яксарӣ.

Вақте ки дасти Сулаймон (а) гушуда шуд ва он ҷавон ангуштарии салтанатро дар ангушти ӯ дид, яксара ҳамаи андешаҳо ва хиёлоташ бартараф шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.