Ҳуқуқи башар

Бузургмеҳр Ёров ба ҷоизаи ҳуқуқи башари Homo Homini сарфароз гардид

Созмони ғайридавлатии People in Need (Мардуми ниёзманд)-и Прог (Прага) ҷоизаи солонаи худ ба номи “Homo Homini”-ро ба вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба хотири талоши ӯ барои “дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кӯмак ба шаҳрвандон дар додгоҳҳо ҷиҳати муҳокимаи одилона” дар Тоҷикистон, эҳдо хоҳад кард.

Ба гузориши Родию Урупои Озод, Созмони People in Need (Мардуми ниёзманд) дар баёнияе, ки дар ин хусус мунташир кардааст, изҳор дошта: “Ёров бо вуҷуди рӯ ба рӯ будан бо таъқибу озорҳои сахт, солҳо машғули дифоъ аз ҳуқуқ башар дар Тоҷикистон будааст. Ӯ ба унвони вакил, бе ҳеч тарсу ҳаросе парвандаи афродеро ба даст мегирифт, ки ба иттиҳомҳои сиёсӣ боздошт мешуданд; парвандаҳое, ки дигар вакилони мудофеъ аз ба даст гирифтани онҳо худдорӣ мекарданд.”

Ин созмон дар идома афзудааст: “Ин вакили барҷаста ба далели анҷоми вазифаи худ, ҳам аз дороиҳояш маҳрум гардид ва ҳам озодии хешро аз даст дод.”

Гузориш меафзояд, Ёров дар октябри соли 2016 ба иттиҳоми “даъват ба сарнагунии ҳокимияти қонунӣ” ва низ “барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳаллӣ” ба 23 сол зиндон маҳкум ва баъдан боз 5 соли дигар ба иттиҳоми “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” бар он изофа гардид. Ва соли гузашта муддати зиндони вай ба далели афви умумӣ, 6 сол коҳиш ёфт.

Родию Урупои Озод дар идомаи гузориши худ ёдовар шудааст, ки Ёров тамоми ин иттиҳомҳоро рад мекунад ва мегӯяд, боздошт ва зиндонӣ шудани ӯ ба ангезаи сиёсӣ будааст, зеро ӯ дифоъ аз раҳбарони ҲНИТ-ро, ки дар соли 2015 фаъолияташ қатъ ва “теруристӣ” эълом шудааст, ба ӯҳда гирифта буд. Давлатҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо хостаанд Ёровро, ки соли гузашта ба Ҷоизаи ҳуқуқи башарии Файзинисо Воҳидова сарфароз гардид озод кунанд. Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Урупо дода шудааст.

Ҷоиза Homo Homini дар таърихи 5 марти соли ҷорӣ ба Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров дар маросими ифтитоҳияи Ҷашнвораи филми ҷаҳон — бузургтарин ҷашнвораи филми ҳуқуқи башар, ки ҳамасола дар Чек (Чехия) баргузор мешавад, тақдим хоҳад гардид.

Ин ҷоиза ба афрод ва гурӯҳҳое эҳдо мешавад, ки дар “дифоъ аз ҳуқуқи башар, демукросӣ ва ҳаллу фасли даргириҳои сиёсӣ ба сурати мусолиматомез” саҳм гузошта бошанд.

Интиқом Алиев, вакили озарбойҷонӣ, Алес Белятский, фаъоли ҳуқуқи башари белорусӣ ва ду фаъоли эронӣ ба номҳои Абдуллоҳ Мӯъминӣ ва Маҷиди Таваккулӣ, аз барандагони ин ҷоиза дар гузашта буданд..

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.