Забон ва адабиёт

Вокунишҳо ба суханони Ашраф Ғанӣ, ки байни “дарӣ” ва “порсӣ” ҷудоӣ қоил шуд

Суханони Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар бораи “забони дарӣ” вокунишҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоии эронӣ ва афғон дар пай дошт.

Ба гузориши Euronews, Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, чанд рӯз пеш (30 январи 2020) дар маросиме бо унвони “Гуфтумони таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ”, дар ҷамъи донишҷӯён гуфта буд: “Афғонистон маҳди забони дарӣ аст. Эрон паҳлавизабон буд. Мо забону адабиёти дариро инкишоф додем. Ҳоло (ба мо) мегӯянд Эрони шарқӣ. Эй бародар, дузӣ ҳам ҳадд дорад, ҳадд дорад!

Вай таъкид карда буд, ки Афғонистон такзабона набудааст ва афғонҳо ба чанд забон сӯҳбат мекунанд. Оқои Ғанӣ бо ишора ба ин ки 50 милюн нафар ба забони пашту сӯҳбат мекунанд, афзуд: “Ҳам забони пашту ва ҳам забони ӯзбакии мо, иртиботи амиқ бо фарҳанги дарии мо доранд.

Вай тасреҳ кард, ки адабиёти пашту адабиёти дарӣ ва ҳам адабиёти ӯзбакиро ҷазб кардааст.

Интишори видеои суханони раисиҷумҳури Афғонистон вокунишҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт.

Бархе аз корбарони афғон бо интиқод аз Ашраф Ғанӣ, ӯро паштузабон тавсиф карданд, ки қасди тафриқаафканӣ дорад.

Як корбари эронӣ низ дар Твиттер ба ҷойгоҳ ва хостгоҳи порсии дарӣ пардохт ва асли онро “порсии дарборӣ” тавсиф кард.

Корбари дигаре низ порсӣ ва дариро як забон тавсиф кард ва ба ин суханон вокуниш нишон дод.

Гуфтанист, давлатмардони Афғонистон то даҳаи 40 хуршедӣ (яъне то 57 сол пеш) забони расмии Афғонистонро порсӣ меномиданд, аммо дар Қонуни асосии соли 1343 хуршедӣ забони “дарӣ” ҷойгузини “порсӣ” шуд, бо ин ҳол тобистони соли гузашта дар ҳамоише бо унвони “Афғонистон; гаҳвораи забони порсии дарӣ”, ки раисиҷумҳури Афғонистон низ дар он суханронӣ кард, барои нахустин бор аз сӯи масъулони давлатӣ “порсӣ” дар канори “дарӣ” қарор гирифт. Дар он замон бархе нозирон онро тағйири сиёсат дар баданаи аслии ҳукумат унвон карданд.

Ашраф Ғанӣ дар он ҳамоиш гуфта буд: “Забони дарӣ абзоре барои эҷоди як қаламрави бузурги порсӣ будааст ва Афғонистон дар ин қаламрав нақши асосӣ доштааст, аммо ин қаламрав дар тӯли таърих танҳо маҳдуд ба мо нест ва бояд навъи иртибототи худро дар адвори мухталифи таърих дар ин қаламрав бавузуҳ бидонем.”

Бисёре аз забоншиносон тафовуте байни дарӣ ва порсӣ қоил намешванд ва онро мероси муштараки Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон тавсиф мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.