Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Оё интифозаи ҷадид оғоз шудааст? // Шаҳодати 4 фаластинӣ ва захмӣ шудани 16 низомии саҳюнист – (Тасовир)

Дар посух ба рӯнамоӣ аз “муомилаи қарн”, имрӯз чандин амалиёт дар каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддас анҷом шуд, ки тайи онҳо чандин низомии саҳюнист захмӣ шуданд.

Рӯзи сешанбе буд, ки Омрико аз тарҳи худ мавсум ба “муомилаи қарн” рӯнамоӣ кард ва фаластиниҳо якпорча эълом карданд, ки дар муқобили он хоҳанд истод.

Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддас имрӯз (панҷшанбе, 6 январ) ба хурӯш омад ва шоҳиди чандин амалиёти зидди саҳюнистӣ буд, ки тайи он, ҳудуди 16 низомии саҳюнист захмӣ шуданд ва 4 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Зергирӣ бо худрав дар Байтулмуқаддас; 14 низомии саҳюнист захмӣ шуданд

Бомдоди имрӯз (панҷшанбе) як зергирӣ бо худрав дар Байтулмуқаддас анҷом шуд, ки тайи он, 16 низомии саҳюнист захмӣ шуданд ва омили амалиёт муваффақ ба фирор шуд.

Бар асоси гузориши хабаргузории Шиҳоб, расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, 14 захмии ин амалиёт ба бемористон мунтақил шудаанд, аммо вазъияти яке аз онҳо хатарнок аст ва як нафари дигар ҳам ҷароҳати мухтасаре бардоштааст.

Рӯзномаи Yedioth Ahronoth эълом кард, ин амалиёт низомиёни типи “Гулонӣ”-ро ҳадаф гирифт ва онҳо дар ҳоли бозгашт аз як маросим будаанд.

Типи “Гулонӣ” маъруф ба типи шумораи як режими саҳюнистӣ аст ва аз онҳо дар маъмуриятҳои муҳим истифода мешавад.

Шаҳодати ду фаластинӣ дар шаҳри Ҷанин

Пас аз он ки низомиёни режими саҳюнистӣ барои тахриби манзили асир Аҳмад Ҷамол ал-Қубаъ ба шаҳри Ҷанин дар каронаи Бохтарӣ юриш бурданд, даргириҳои шадиде миёни онҳо ва ҷавонони фаластинӣ оғоз шуд.

Низомиёни саҳюнистӣ барои пароканда кардани фаластиниҳо аз гулӯлаи ҷангӣ истифода карданд, ки тайи он, Язан Мунзир Абутиббих (19-сола) ба шаҳодат расид ва 7 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин як пулиси Ташкилоти худгардон ба номи Ториқ Бадвон, ки дар даргириҳои бомдоди Ҷанин захмӣ шуда буд, соате баъд бар асари шиддати ҷароҳат ба шаҳодат расид.

Амалиёти муқовиматӣ дар Масҷидулақсо

Як ҷавони фаластинӣ дар минтақаи Бобуласбот бо истифода аз силоҳи гарм амалиёте алайҳи низомиёни саҳюнист дар Бобуласботи Масҷидулақсо анҷом дод.

Дар ин амалиёти шаҳодатталабона, як маъмури саҳюнист маҷрӯҳ шуд ва худи ҷавон, ки аз сарзаминҳои ишғолии 1948 буд, ба шаҳодат расид.

Тирандозӣ дар ғарби Ромулло ва захмӣ шудани як низомии саҳюнист

Артиши режими саҳюнистӣ аз захмӣ шудани як низомии худ тайи тирандозӣ дар наздикии шаҳри Раъскаркар воқеъ дар ғарби Ромулло хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, тирандозӣ аз дохили як худрав сурат гирифта ва ин худрав ба суръат маконро тарк кардааст.

Шабакаи Алҷазира эълом кард, вазъияти низомии саҳюнистӣ, ки дар ин тирандозӣ захмӣ шуда хатарнок аст. Ин фард бо истифода аз як болгарди низомӣ ба бемористон мунтақил шуд.

Шаҳодати ҷавони 17-сола дар Халил

Асри дирӯз низ Муҳаммад Салмон Туъма ал-Ҳаддод, навҷавони 17-солаи фаластинӣ, бар асари исобати гулӯла ба қалбаш, дар минтақаи Бобуззовияи шаҳри Халил ба шаҳодат расид.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард, дар даргириҳои имрӯзи Батлаҳм миёни низомиёни саҳюнист ва ҷавонони фаластинӣ ҳудуди 70 нафар захмӣ шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.