Забон ва адабиёт

Тафкики забони “порсӣ” аз “дарӣ”; Ашрафи афғон дунболи чист?

Ба қалами Меҳрдоди Хадир

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар ойине бо унвони “Гуфтумони таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ” гуфтааст: “Афғонистон маҳди забони дарӣ аст. Эрон паҳлавизабон буд. Мо забону адабиёти дариро инкишоф додем. Ҳоло ба мо мегӯянд: Эрони шарқӣ. Эй бародар! Дуздӣ ҳам ҳадд дорад, ҳадд дорад!

Ин ҷумалот нишон медиҳад, ки Ашраф Ғанӣ мехоҳад ҳувияти фарҳангии Афғонистонро ҷудои Эрон нишон диҳад. Албатта ҳувиятсозӣ амре табиӣ аст, аммо ба баҳонаи ҳувиятсозӣ ва истиқлол, наметавон воқеиятро инкор кард.

Нахуст бояд бидонем, Ашраф Ғанӣ паштузабон аст ва бо “порсӣ” ё “дарӣ” миёнае надорад, аммо ҳол, ки дида аз паси нуфузи рӯзафзуни забони порсӣ дар Афғонистон барнамеояд, дар садад баромада сурно (сурнай)-ро аз сари гушоди он бинавозад ва бигӯяд: забони онон дарӣ аст ва порсӣ нест ва забони эрониён ҳам паҳлавӣ буда на порсӣ ё дарӣ. Ба баёни дигар, афғонистониҳо дариро парвариш доданд ва эрониён дуздиданд ва исми онро гузоштанд форсӣ ё порсӣ.

Суханони Ашраф Ғаниро метавон вокунише ба андешаҳои Эроншаҳрӣ ва бовар ба “Эрони фарҳангӣ” донист, ки аз марзҳои Эрон фаротар меравад ва Афғонистонро ҳам дарбар мегирад. Раисиҷумҳури Афғонистон дар воқеъ мехоҳад бигӯяд марзҳои мо маҳдуд ба марзҳои ҷуғрофиёӣ нест ва дар забон ҳам марз дорем. Мо ба “дарӣ” сухан мегӯем ва эрониён ба “порсӣ” ва порсиро муодили эронӣ мегирад.

Ин дар ҳолест, ки шоирони бузурги мо ҳар ду истилоҳро ба маънии ҳам ба кор мебурдаанд. Вақте Носири Хусрав мегӯяд:

Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам

Мар ин қимати дурри лафзи дариро.

Манзури ӯ аз “дарӣ” ҳамон вожагоне аст, ки бо онон шеър месуруда ва наср менавишта яъне ҳамон забони порсӣ, ки дар сафарнома ва ашъори ӯ барҷой мондааст.

Ҳофиз низ вақте ҳам аз вожаи “дарӣ” истифода мекунад ва ҳам “порсӣ”, ба ин маънист, ки тафовуте қоил нест:

Шакаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Чандон, ки ҷойи дигар ба ҷойи “порсӣ” “дарӣ” меоварад:

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,

Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

Саъдӣ, ки устоди сухан дар забони порсӣ аст низ:

Ҳазор булбули дастонсаройи ошиқро

Бибояд аз ту сухан гуфтани дарӣ омӯхт.

Равшан аст, ки шоирони бузурги мо порсӣ ва дариро ба ҷойи ҳам ба кор мебурдаанд ва агар дар даҳаҳои ахир лаҳҷаҳо ва гӯишҳо қадре мутафовит шуда далоили равшане дорад.

Эрон дар 100 соли ахир тавсиъа ёфта ва вожагон бисёр густурда шудаанд ва аз забонҳои дигар низ вом гирифта, ҳол он ки Афғонистон дар масири тавсиъа гом нагузошта ва маҳдуду маҳсур мондааст ва талошҳо барои ба ҳошия рондани порсӣ ё дарӣ буда ва чирагии забони пашту будааст.

Камо ин ки то соли 1343 хуршедӣ дар Афғонистон аз забони порсӣ сухан гуфта мешуд ва пас аз он буд, ки ба ҷойи порсӣ аз вожаи “дарӣ” истифода мекунанд, то тамоюз қоил шаванд ва ин тамоюз, сиёсӣ аст. Беҳтарин нишона ҳам ин аст, ки “Маликушшуарои бетоб” ва “Қори Абдуллоҳ” дастури забони “порсӣ” навиштаанд, на дарӣ.

Аз оқои Ашраф Ғанӣ метавон пурсид: агар дарӣ забони Афғонистон буда ва ҳаст, пас чаро исрор доштанд вожаҳои паштуро ҷойгузин кунанд?

Дар таърихи муосир ҳокиме ба номи Шералихон вожаҳои хосси порсӣ ё ба қавли худашон дариро аз бахшҳои низомӣ ҳазф кард ва ба ҷойи онҳо пашту гузошт.

Муҳаммади Нодиршоҳ ҳам дастур дод, ҳеч кас набояд ба забони порсӣ тадрис кунад ва байни порсӣ ва дарӣ тафкик (ҷудоӣ) қоил набуд ва вақте мегуфтанд порсӣ, манзурашон ҳамон дарӣ буд. Садри аъзами ӯ Шоҳмаҳмудхон албатта қадре кӯтоҳ омад ва гуфт, порсизабонҳо дар манотиқи худашон мустасно ҳастанд ва нагуфт даризабонҳо.

Коре, ки дар Афғонистон алайҳи забони порсӣ ё порсии дарӣ шуд, сиёсӣ буд; монанди талоши Шӯравӣ дар Тоҷикистон, то забони тоҷикиро ба ҷойи забони порсӣ ва забони дарӣ биншонанд.

Ҳоло оқои Ғанӣ порсиро аз дарӣ ҷудо мекунад, аммо на порсиро дӯст дорад на дариро. Ӯ паштузабон аст ва суруди миллии Афғонистон ҳам ба паштуст ва ба қавли Козимӣ, шоири номвари афғонистонӣ, чаро суруди миллӣ ба дарӣ нест? Агар Афғонистон маҳди забони дарӣ аст, чаро исрор доранд паштуро ғалаба диҳанд?

Мушкили паштузабонҳо ва амсоли раисиҷумҳури Афғонистон ин нест, ки забонашон порсӣ (бо гӯиши ғолиб дар Эрон) бошад ё дарӣ бо гӯиши афғонистонӣ. Ин аст, ки ҳеч як набошад. Ба хотири ҳамин бо калимаи “донишгоҳ” мушкил доранд ва мегӯянд: пуҳантун.

Ҳассосияти кунунӣ нисбат ба забони порсӣ аст. Ҳоло, ки дидаанд зӯрашон ба порсӣ намерасад, мекӯшанд забони дариро ҷудо тавсиф кунанд. Аз ин рӯ суханони Ашрафи афғонро бояд дар ростои порсиситезӣ арзёбӣ кард, мунтаҳо бо ниқоби забони дарӣ.

Ба забони содда метавон гуфт, то қарнҳо порсӣ ва дарӣ муодили ҳам ба кор мерафта ва беҳтарин гувоҳ ҳам ашъоре аст, ки аз бузургони порсигӯ нақл шуд.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.