Барномаи зиндагӣ

Абдулқодирзода инҷо рост мегӯяд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон. Акс аз хабаргузории Спутник

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин сухани ҳикматомезро, ки: “Ба он чи мегӯяд нигоҳ кун, на ба он ки мегӯяд”, ҳама шунидаем ва қабулаш ҳам дорем, аммо дар амал камтар касе пайдо мешавад, ки ба мазмуни ин гуфтор амал кунад. Ахиран, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар изҳори назаре, як ҳарфи комилан дурусте гуфт, аммо чун як муллои ба истилоҳ “дарборӣ” аст, на танҳо суханонаш ҷиддӣ гирифта нашуданд, ки ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзеҳо он суханонро ба масхара гирифтанд. Дар ҳоле, ки суханони ӯ, ба назарам, агар нагӯем ҳаллоли тамоми мушкилоти доир байни зану шавҳарҳост, лоақал метавон гуфт, қатъан ҳалкунандаи ниме аз он мушкилот аст.

Абдулқодирзода, бо ишора мушкилоти доир миёни зану шавҳарҳои ҷавон, ки муҳоҷир ҳастанд ва аҳёнан хиёнатҳое аз сӯи ҳамсаронашон нисбат ба онҳо сар мезанад, гуфтааст: “Муомилаи бад ва рафтори дағалона занро маҷбур месозад даст ба хиёнат бизанад.” Вай афзуда: “Ман боварӣ дорам, агар ҳамон марде, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, агар дар як моҳ, як бор ба оилаи худ занг бизанад ва танҳо бигӯяд “дӯстат медорам”, ҳеч вақт ҳамон зан хиёнат намекунад. Аммо мутаассифона муносибати мардон хуб нест.”

Абдулқодирзода дар ин изҳори назар, дар воқеъ, ба ҷавҳар ва решаи ин мушкил ишора кардааст. Ин воқеият, ки таъомул ва рафтори хашин бо ҳамсар ва изҳори алоқа накардан ба ӯ ба ҳар тариқ – бо гуфтор, бо кирдор, дилбардорӣ намудан, дарди дил кардан ва ғайра … – занро нисбат ба шавҳараш дилсард мекунад ва дар натиҷа зан барои пур кардани халаъи отифии худ чи басо даст ба хиёнат бизанад, як воқеияти ғайриқобили инкор аст.

Ва дар муқобил, рафтори некӯ бо зан ва изҳори алоқа намудан ба вай, бахусус ба забон, бар ишқу меҳру муҳаббати зан нисбат ба шӯяш ва вафодории ӯ ба шавҳар меафзояд ба ҳадде, ки агар як сол ҳам аз чашмонаш ба дур бошад, ҳаргиз ва абадан ба фикри хиёнат намеафтад.

Ин воқеият, ҳам аз назари равоншиносӣ исботшуда аст ва ҳам дар ислом ба он тавсияҳои фаровоне шуда.

Иҷоза бидиҳед, аввал яке ду ҳадис дар ин мавзӯъ бароятон биёварам, сипас матлабро аз забони як равоншиноси маъруф баён мекунам:

1) Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

خَيْرُكُمْ خَيْرُكُمْ لِأَهْلِهِ وَأَنَا خَيْرُكُمْ لِأَهْلِي وَمَا أَكْرَمَ النِّسَاءَ إِلَّا كَرِيمٌ وَلَا أَهَانَهُنَّ إِلَّا لَئِيمٌ

Беҳтарини шумо касест, ки барои ҳамсараш беҳтар бошад, ва ман аз ҳамаи шумо барои ҳамсарам беҳтарам. Занонро гиромӣ намедорад магар инсони карим (бузургвор), ва ба онон иҳонат намекунад магар шахси лаим (яъне шахси паст ва бемиқдор).” (Китобул-арбаъин фи маноқиби уммаҳотил-муъминин, 1/109, Ашшомила)

2) Аз назари ислом, гуфтани ҷумлаи “дӯстат дорам!” бар руҳу равони мухотаб ба қадре таъсиргузор аст, ки ҳамсар, ки ҷойи худ, ҳатто ба ҳар инсоне, ки ба ӯ алоқаманд ҳастем бояд иброзаш бидорем. Дар ҳадис аст, ки:

مَرَّ بِالنَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَجُلٌ، فَقَالَ رَجُلٌ: إِنِّي لَأُحِبُّهُ فِي اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ. فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَأَعْلَمْتَهُ؟ قَالَ: لَا. قَالَ: فَأَعْلِمْهُ. قَالَ: فَلَقِيتُ الرَّجُلَ فَأَعْلَمْتُهُ. فَقَالَ: أَحَبَّكَ اللَّهُ الَّذِي أَحْبَبْتَنِي لَهُ

Марде аз назди Паёмбари Акрам (с) рад шуд. Як марди дигар, ки дар ҳузури ҳазрати Паёмбар (с) буд, хитоб ба ҳазраташ арз кард: ман ин мардро (ки аз наздамон рад шуд) аз барои Худо дӯсташ дорам. Паёмбар (с) фармуданд: оё ин алоқаатро ба ӯ иброз доштаӣ?! Арз кард: на. Ҳазраташ (с) фармуд: пас, иброз бидор ва ба ӯ эълом кун. Он мард мегӯяд: пас ман суроғи он мард рафтам ва ба ӯ эълом кардам, ки аз барои Худо дӯсташ дорам. Ӯ ҳам гуфт: Худованде, ки аз барои хотири ӯ дӯстам медорӣ, дӯстат бидорад!” (Мустадраки Ҳоким, 4/189, таълиқи Заҳабӣ: ҳадис саҳеҳ аст. Ашшомила)

3) Имом Содиқ (а) аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ривоят мекунад, ки фармуд:

قَوْلُ اَلرَّجُلِ لِلْمَرْأَةِ إِنِّي أُحِبُّكِ لاَ يَذْهَبُ مِنْ قَلْبِهَا أَبَداً

Ин сухани шавҳар ба ҳамсараш, ки бигӯяд: “дӯстат дорам!”, ҳеч гоҳ аз қалби ҳамсар маҳв намешавад.” (Кофӣ, 5/569)

4) Ибрози алоқа ба зан ва эълом кардан ба ӯ, ки “дӯсташ дорем!”, аз назари ислом ба қадре дорои аҳаммият аст, ки ҳатто дар сурате, ки дурӯғ буда бошад ҳам, бояд гуфт. Дурӯғ гуфтан аз назари ислом як гуноҳи бузург аст. Дар ин шакке нест. Аммо ин ойини осмонӣ дурӯғ гуфтанро дар чанд маврид муҷоз дониста, аз ҷумла барои оштӣ андохтан миёни ду гурӯҳи мутахосим, ё барои оштӣ афкандан миёни зану шавҳар, ки корашон ба талоқ кашида ва ду се мавриди дигар. Яке аз ин мавридҳо, гуфтани ҷумлаи “дӯстат дорам!” ба зан аст ҳатто дар сурате, ки муҳаббати ӯ дар диламон нест. Дар китобҳои фиқҳӣ омада:

ومن أمثلة ما يباح الكذب فيه قول الرجل لزوجته: إني أحبك، وهو في حقيقة الأمر على خلاف ذلك، ويدل لهذا ما يروى أن رجلاً سأل امرأته: أتبغضيني؟ فقالت: نعم. فقال لها عمر رضي الله عنه: ما حملك على ما قلت؟ فقالت: استحلفني فكرهت أن أكذب، فقال عمر: بلى فلتكذب إحداكن ولتجمل فليس كل البيوت تبنى على الحب، ولكن معاشرة على الأنساب والإسلام. رواه ابن جرير، كما في كنزل العمال. والله أعلم.

Аз ҷумлаи мавориде, ки дурӯғ дар онҳо муҷоз дониста шуда гуфтани ин ҷумла аз сӯи мард ба ҳамсараш аст, ки: “дӯстат дорам!”, дар ҳоле, ки дар воқеъ чунин набошад. Ва далели ин ҳукм (фатво) ин ривоят аст, ки: марде аз ҳамсараш пурсид: оё аз ман мутанаффирӣ (яъне дӯстам надорӣ)? Арз кард: бале. Ҳазрати Умар (р) ба он зан фармуд: чӣ чизе боис шуд, ки (ба шавҳарат) чунин бигӯӣ? Арз кард: савгандам дод, ки росташро бигӯям, ва ман ҳам нахостам дурӯғ бигӯям. Ҳазрати Умар (р) фармуд: бале, аммо (дар ин гуна маворид) яке аз шумо бояд дурӯғ бигӯяд ва таъоруф кунад; зеро на ҳар хонаводае бар пояи ишқу муҳаббат бино шуда, вале муошират мебояд бар асоси ислом ва аслу насаб устувор бошад. Ривояти мазкурро Ибни Ҷарир нақл карда, чунонки дар Канзул-уммол оварда. Худо огоҳтар аст!” (Фатово ашшабакатил-исломия, 9/3103), Ашшомила)

Ҳоло бибинем, равоншиносон чӣ мегӯянд. Танҳо як маврид аз назари онҳоро бароятон меоварам:

Дуктур Асғари Кайҳон, равоншиноси маъруфи эронӣ ва мушовири хонавода, дар ин хусус (дар гуфтугӯ бо пойгоҳи “Саломатнюз”) мегӯяд: “Яке аз тафовутҳо байни зану мард ин аст, ки вируси ишқ дар гӯши зан ва вируси ишқ дар чашмони мард аст, ва занон шунидорӣ ҳастанд ва шояд битавон гуфт муассиртарин калимае, ки як мард метавонад ба ҳамсараш бигӯяд, калимаи “дӯстат дорам!” аст.”

Вай идома медиҳад: “Афроде ҳастанд, ки ба гуфтани ҷумлаи “дӯстат дорам!” ба ҳамсар, эътиқоде надоранд, инҳо афроди беинсофе ҳастанд, ки тасаввур мекунанд агар аз ин калима истифода кунанд, боиси суистифодаи тарафи муқобилашон мешавад. Дастаи дигаре ҳастанд, ки аз гуфтани калимаи “дӯстат дорам!” худдорӣ мекунанд, инҳо афроде дарунгаро ва камҳарф ҳастанд, ки эътиқод доранд ба далели ин ки дӯст доштани худро дар амал нишон медиҳанд, ниёзе ба гуфтани ин калима ва такрори он нест. Дар ҳоле, ки эътиқоди мо ин аст ҳамон тавр ки як гул барои рушди худ ниёз ба об, офтоб ва хоки муносиб дорад, ба кор бурдани ин калима дар равобити инсонӣ таъсиргузор буда ва барои тафоҳум ва таҳкими равобити завҷайн ва модару фарзанд ва ё падару фарзанд ниёз ба такрори ин калима аст ва дар воқеъ истифода аз ин калима кӯмаккунанда ба равобити инсонӣ буда ва нақши муассире дар саломати равони афрод дорад.”

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.