Сиёсат

Номаи 107 намояндаи демукрот ба Тромп дар мухолифат бо “муомилаи қарн”

107 намояндаи демукроти Омрико дар номае ба Тромп мухолифати шадиди худро дар хусуси тарҳи “муомилаи қарн” эълом карданд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, 107 тан аз намояндагони ҳизби демукроти Омрико имрӯз (ҷумъа, 7 феврал) дар номае ба раисиҷумҳури ин кишвар, тарҳи “муомилаи қарн”-ро мӯҷиби ишғолгарии ҳамешагӣ дар каронаи Бохтарӣ донистанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин нома ҳамчунин омадааст: “Тарҳи сулҳи Тромп мунҷар ба ташкили мустаъмараҳои фаластининишини ҷудо аз ҳам хоҳад шуд ва ба ташкили кишвари Фаластин намеанҷомад.”

Ин намояндагони омрикоӣ дар идома таъкид карданд: “Он чи дар иртибот бо тарҳи Тромп мӯҷиби нигаронӣ шуда ин аст, ки ин тарҳ масири ишғоли доимии каронаи Бохтариро бо қудрат омода мекунад.”

Илова бар ин нома, то кунун намояндагони омрикоии зиёде ба таври фардӣ бо тарҳи “муомилаи қарн” ба мухолифат бархостаанд.

Гуфтанист, Дунолд Тромп ҳафтаи пеш тайи нишасти хабарӣ ба ҳамроҳи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, аз тарҳи “муомилаи қарн”-и худ, ки муддаист барои поён додан ба кашмакаши фаластиниён ва саҳюнистҳост, рӯнамоӣ кард. Дар ин тарҳ, шаҳри Қудс ба куллӣ ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, ба ин режим вогузар шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.