Сиёсат

Эрон ҳавопаймои MQ-4-ро, ки соқит карда буд, аз уқёнус берун овард – (Видео)

Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи Эрон бо баёни ин ки паҳподи MQ-4 ҳавопаймои фавқулъода боарзиш аст, гуфт: “Аммо дигар як хатти қирмиз бояд бар рӯи он кашид, чаро ки дигар барои Эрон короӣ надорад, мо ба тамоми рамзҳои он ошноӣ пайдо кардем.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, сардор Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи Эрон, дар ҳошияи рӯнамоӣ аз қитъаҳои ҷадиди кашфшуда аз паҳподи омрикоии MQ-4, ки ахиран тавассути нерӯи дарёии сипоҳи ин кишвар аз аъмоқи обҳои ҷануби Эрон берун оварда шуд, бо баёни ин ки ин паҳпод бузургтарин ҳавопаймои ҷосусии бидуни сарнишини ҷаҳон аст, гуфт: “Ин ҳавопаймо вежагиҳои беназире дорад ва ба воситаи парвоз дар иртифоъи хеле боло, қодир аст бидуни маҳдудият ҳамаи масирҳоро парвоз кунад, масалан аз Омрико парвоз мекунад ва ба халиҷи Форс меояд.”

Вай, бо баёни ин ки чун ин ҳавопаймо хеле бузург аст, ҳама гуна таҷҳизоти ҷосусӣ дар он ҷо дода шудааст, гуфт: “Ба далели бархурдорӣ аз маҷмӯае аз ҳисобгарҳо (датчикҳо), дурбинҳо, родори SAR ва ҳисобгарҳои ҷамъоварии электруник, ин ҳавопаймо дорои як суперкомпютери пешрафта аст, ки ҳамаи ин додаҳоро дар лаҳза таҷзияву таҳлил ва қобили баҳрабардорӣ мекунад.”

Сардор Ҳоҷизода идома дод: “Ин ҳавопаймо фавқулъода боарзиш аст, аммо дигар як хатти қирмиз бояд бар рӯи он кашид, чаро ки дигар барои Эрон короӣ надорад, мо ба тамоми рамзҳои он ошноӣ пайдо кардем.”

Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи Эрон таъкид кард: “На ин ки аз фосилаи 50, 100 ё 150 километр, балки аз ҳамин Теҳрон метавонем то чанд ҳазор километр ин ҳавопайморо нокоромад кунем.”

Вай, бо баёни ин ки як амалиёти кучаки ҷанги электруник дар ҳамла ба Айнуласад анҷом додем, тасреҳ кард: “Омрикоиҳо як силии кучаки ҷанги электруник аз Эрон хӯрданд. Ногуфтаҳо ва матолиб дар бораи ин амалиёт зиёд аст ва як ҷаласаи мустақил мехоҳад, то мардуми азизамон дар бораи ин амалиёт бештар бидонанд. Эҳтимол дорад (омрикоиҳо) муддате дигар бигӯянд, ки чанд тан аз низомиҳои омрикоӣ дучори “марги хафиф” шудаанд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар субҳи 6 июни соли пеш (2019), як фарванд паҳподи ҷосусии MQ-4-и Омрико баъд аз таҷовуз ба ҳарими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар обҳои ҷануби ин кишвар, ҳадафи оташи падофанди нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.