Ваҳдати исломӣ

Латиф Пидром: “Ҳеч ҷанге ба номи шиъа ва суннӣ вуҷуд надорад, балки он чи ҳаст ҷанг бо таҳоҷуми Омрикост” – (Видео)

Раҳбари Ҳизби Кунгураи Миллии Афғонистон таъкид кард, ки мусалмонон набояд иҷоза диҳанд, ки сарнавишти онҳо ба дасти дигарон таъйин шавад.

Латиф Пидром гуфт: “Намоди Маҷлиси Ҳиндустон хартуми фил аст ва мо мутаассифона ҳамин намодро дар Маҷлиси Афғонистон низ мебинем. Филе, ки марбут ба Ҳиндустон аст мусалмононро қатли омм мекунад. Аммо мутаассифона имрӯз самбули як кишвари исломӣ шудааст.”

Вай афзуд: “Ҳеч ҷанге ба номи шиъа ва суннӣ вуҷуд надорад, балки он чи ҳаст ҷанг бо таҳоҷуми Омрикост. Мусалмонон бо ҳар мазҳабе бо якдигар бародар ҳастанд ва ваҳдат доранд ва ҳеч гуна ҷанге миёни онҳо нест. Онҳо бояд бо якдигар алайҳи таҳоҷуми лаҷомгусехтаи омрикоиҳо дар минтақа муттаҳид бошанд.”

Пидром идома дод: “Мо (мусалмонон) бояд худамон тавони мудирияти манотиқамонро дошта бошем ва аз хуруҷи Омрико аз минтақа ҳаросе надошта бошем. Барои як миллати мусалмон шармовар аст, ки ингуна фикр кунанд. Ва ин равшанфикрон ва муздурони хоини Омрико ҳастанд, ки чунин афкореро дар ҷомеаҳои исломӣ тазриқ мекунанд ва эътимод ба нафси як миллатро нобуд мекунанд.”

Раҳбари Ҳизби Кунгураи Миллии Афғонистон тасреҳ кард: “Мо дар маърази бӯҳронҳои бисёр зиёде қарор дорем. Мо иҷозаи таҷзияи Афғонистонро ба ҳеч кас нахоҳем дод ва мехоҳем дар сарзамини худ бародарона зиндагӣ кунем. Иттиҳод ва эътимоди мо бояд чунон муҳкам бошад, ки ҳеч душмане натавонад дар он рахна карда ва ихтилоф эҷод кунад.”

Вай хотирнишон кард: “Мудӣ (нахуствазири Ҳиндустон) бо пуштибонии Исроил дар пайи ихтилофафканӣ миёни мусалмонон аст ва бо Мусод (Созмони ҷосусии Исроил) робитаи махфиёнае дорад. Мутаассифона Афғонистон то кунун як бор ба куштори мусалмонон дар Миёнмор, Кашмир ва Осом эътироз накарда, ҳатто ҳиндуҳо ва секулорҳои ғарбӣ дар ин бора эътироз карданд, аммо ҳеч садое аз равшанфикрони Афғонистон баланд нашуд.”

Пидром таъкид кард: “Бояд масоили сиёсӣ ва таърихро мутолеа кард. Ҳеч ҷанге миёни шиъа ва суннӣ вуҷуд надорад. Мо иҷозаи ҳеч ҷангеро нахоҳем дод. Ҳавзаи тамаддунӣ, фарҳангӣ ва динии Осиё бояд мустақил бимонад ва бар сарнавишти худ мусаллат бошад; ва барои чунин амре ниёзманди хуруҷи билошарти нерӯҳои омрикоӣ аз кулли Афғонистон ва минтақа ҳастем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.