Дидгоҳ

Олим будан ва огоҳ будан ба чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Камолу саодати инсон дар ин аст, ки илм омӯзад ва огоҳ бошад. Аммо огоҳ будан фақат ба ин нест, ки бар маълумоти ту ҳар рӯз чизе афзуда шавад, масалан то имрӯз намедонистӣ Порис пойтахти Фаронса будааст ва имрӯз бароят ин маълум шуд ва ё ин ки намедонистӣ Нютон кошифи қонуни ҷозиба будааст ва имрӯз ба он огоҳӣ пайдо кардӣ. Илм андӯхтан танҳо ба инҳо нест.
Ва ҳатто дар маҷоли дин низ, дониши динӣ доштан танҳо ба ин нест, ки ба суханони уламо ва фуқаҳо ва мутакаллимон ва муфассирон дар масоили мухталиф огоҳ бошӣ.

Агар дониш доштан ба инҳо буд, ки ба роёна (компютер) олим гуфтан сазовортар аст, то инсонҳо.

Балки олим будан ва огоҳ будан ба ин аст, ки вақте аз матлабе мутталеъ ва огоҳ шудӣ, ин огоҳиро фақат дар ҳофизаат мисли компютер ҷамъ накунӣ, балки ба таҷзияву таҳлили онҳо бипардозӣ, дар борааш андеша ва тафаккур кунӣ ва саъй кунӣ дурустии онро — агар дуруст аст — худат дарёбӣ, на ин ки чун фалонӣ гуфтааст, пас дуруст аст. Дар ҳамаи масоил бояд чунин кард, бидуни истисно, ҳатто вақте мехоҳӣ Худоро биёбӣ, аз дарвозаи шакк дар бораи вай ворид мешавӣ, то агар ҳаст, ба ӯ яқин пайдо кунӣ.

Вақте китоберо мехонӣ — дар ҳар замина ва ҳар арса ва аз ҳар касе — фикр накун ҳар чи дар он ҳаст дуруст аст. Ҳаргиз! Ин китобро инсоне мисли худат навишта. Бинобар ин, вақте мехонӣ, дар борааш зиёд фикр кун, ки чӣ мегӯяд, ба таҷзияву таҳлили навиштаҳои он бипардоз, соатҳо ва балки рӯзҳо ва ҳафтаҳо.

Бигузор ба ҷойи ин ки дар як сол даҳ китоб хонда бошӣ, як китоб хонда, вале онро комилан ҳазм ва фаҳмида бошӣ, ба гунае ки битавонӣ пеши худат бигӯӣ, инҷо дуруст гуфтааст, вале онҷо нодуруст гуфта ба ин далел ва он далел.

Албатта, ба хондани китобҳое тавсия мешавад, ки масалан нависанда як китобро – ки фарз кунед аз 500 сафҳа иборат аст – дар зарфи 20 сол навишта бошад, на дар як моҳ.

Хулоса, илм андӯхтан ин аст, на огоҳии сирф пайдо кардан. Ва ин гуна илму дониш аст, ки камоли инсон маҳсуб мешавад ва саодат ва хушбахтиро барояш ба армуғон меоварад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.