Забон ва адабиёт

Шаҳрӣ будани як тоҷик ба чист?

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

Шаҳрӣ будан барои як тоҷик фақат ба маънои зиндагӣ дар шаҳр ва бавежа дар Душанбе нест. Шаҳрӣ будан пеш аз ҳама бо зеҳнияти мо сарукор дорад.

Шаҳрӣ ҳамон тоҷикест, ки пеш аз ҳама забони модарии худро медонад ва ба он забон осону беташвиш сӯҳбат мекунад.

Тоҷике, ки фақат ба русӣ чизаке мегӯяд, ъузви ъқибуфтодаи ҷомеъа ва қишлоқӣ аст. Заъифу нотавону гунгу ъоҷиз аст. Ба ӯ бояд инсондӯстона кӯмак кард. Шармовар аст, ки дар садаи 21-ум, замоне ки инсонҳо ҳар сол забони тозае меомӯзанд, инсоне забони миллӣ ё модарии худро надонад. Бар пояи ҳамаи омӯзаҳо, тоҷике, ки порсӣ надонад, қишлоқӣ аст.

Пас қишлоқ он муҳити ҷуғрофиёӣ нест, балки маҳдудае зеҳнист.

Тоҷик касест, ки он маҳдударо табдил ба густара мекунад; он муҳити тангу маҳдудро густарда мекунад. Марзи забонҳоро дарменавардад, аммо пеш аз ҳама порсиро меошомад.

Тоҷик порсиро ба хатти порсӣ фаро мегирад.

Манбаъ: Гурӯҳи Забони порсӣ дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.