Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Вазири дифои Исроил: “Ҳадафамон берун рондани Эрон аз Сурия тайи як соли оянда аст”

Вазири дифои Исроил бо баёни ин ки “70 дарсади мушкилоти амниятии Исроил аз ҷониби Эрон аст”, гуфт, ки ҳадафашон берун рондани Эрон аз Сурия тайи як сол аст.

Нафтолӣ Бенет, вазири дифои Исроил, дар бораи барномаи худ барои муқобила бо “таҳдиди Эрон” таъкид кард, ки ҳадафаш берун рондани Эрон аз Сурия тайи як сол ва табдил кардани Сурия ба Ветноми Эрон аст.

Ба гузориши Times of Israel, Нафтолӣ Бенет тасреҳ кард, ки 70 дарсади мушкилоти амниятии Исроил аз Эрон аст, ки аз тариқи ҳимоят аз гурӯҳҳои шибҳинизомӣ монанди Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Ғазза ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон анҷом мешавад.

Вай дар суханронии худ дар минтақаи Хивот Шамуил дар атрофи Телавив, афзуд: “Мо фарзандонамонро дар соли 2014 ва ҷанги дуввуми Лубнон дар ҷанги нерӯҳои мавриди ҳимояти Эрон аз даст додем. Оё касе метавонад бигӯяд, ки дар амон аст?

Вазири дифои Исроил бо баёни ин ки “мо дар ҳоли осебрасонӣ ба сари ҳаштпо ҳастем” гуфт: “Лузуман дар бораи ҷанги тамомаёр бо Эрон сӯҳбат намекунам, (балки ҷанги мо) бештар шабеҳи як ҷанги сард байни Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Омрикост, мунтаҳо байни ду қудрати минтақаӣ, яъне Эрон ва Исроил.”

Вай дар идомаи суханронии худ таъкид кард: “Исроил то кунун танҳо як панҷуми корвонҳои ирсолии силоҳҳои Эрон ба Ҳизбуллоҳро ҳадаф қарор медод, аммо аз имрӯз ҳамаи онро ҳадафгирӣ мекунем.”

Бенет афзуд: “Вошингтун ва Телавив тавофуқ доранд, ки Исроил масъули муқобила бо Эрон дар Сурия аст, дар ҳоле ки Омрико дар ҳоли мубориза бо Эрон дар Ироқ аст.”

Вай гуфт: “Исроил ишрофи комили иттилоотӣ бар хоки Сурия дорад ва аз назари пиёданизом бар “минтақаи тахриб” мусаллат аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.