Ваҳдати исломӣ

Рисолати Қуръони Карим

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар мо рисолати Қуръони Карим ва ин ки барои чӣ нозил шудааст, аз забони худи Қуръон ва забони ҳазрати Паёмбар (с) дарбиёварем, он вақт равшан хоҳад шуд, ки мо беҷиҳат дар бораи баъзе аз масоил изҳори назар мекардаем, бо ин гумон, ки Қуръони Карим онҳоро гуфта ва ё “бояд” бигӯяд.

Рисолати Қуръони Карим (ва куллан китобҳои осмонӣ), дар як сухан, баёни он чизе барои инсон аст, ки худи инсон аз фаҳму дарки он ва изҳори назари дуруст дар бораи он, оҷизу нотавон аст. Ва он чизе нест, ҷуз “роҳ ва барнома ва нақшаи куллӣ барои зиндагии инсон, ки ба воситаи он, ба саодат ва хушбахтии хеш мерасад”.

Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки мебинем, башар то ҳанӯз натавониста як барнома ва як нақшаи куллӣ ва як ба истилоҳ “қонуни асосӣ”, ки барои ҳамеша ва дар ҳамаҷо тазминкунандаи саодат ва хушбахтии инсон бошад, тарҳрезӣ бикунад.

Ба унвони мисол, башар, ки имрӯза тавониста то ба Миррих пояш бирасад, вале натавониста (ва нахоҳад тавонист), ки бидонад оромиши инсон ва камоли вай дар чист?

Аммо баёни назарияҳои илмӣ (дар ҳар соҳа аз соҳаҳои илм, чӣ физик бошад, чӣ деринмардумшиносӣ бошад, чӣ риёзӣ бошад ва ғайра…) ин кор аз ӯҳдаи худи инсон бармеояд. Баёни ин масоилро қарор нест Қуръон бар ӯҳда бигирад. Инро худи инсон метавонад.
Бинобар ин, изҳори назар дар бораи назарияҳои илмӣ, бо истинод ба Қуръони Карим, ки масалан Қуръон дар ин хусус чунин гуфта ва дар он хусус чунон гуфта, бисёр беҷост. Агар қарор аст, инсон худаш аз ӯҳдаи ин кор барояд, чаро Қуръон баён бидорад?!

Ва дар воқеъ, агар мо рисолати Қуръонро ба ҳамин чизҳо хулоса кунем ва ё лоақал инҳоро ҷузъи рисолати Қуръон бидонем, дар он сурат, шаъни Қуръонро бисёр пойин овардаем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.