Сиёсат

Тазоҳуроти мардуми Туркия дар радди “муомилаи қарн” – (тасовир)

Дар идомаи эътирозҳои байналмилалӣ алайҳи тарҳи зиддии фаластинии “муомилаи қарн”-и Тромп, имрӯз (якшанбе, 9 феврал) мардуми Туркия дар шаҳрҳои Истонбул, Диёрбакр ва Сақория тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

Ҳамзамон бо суханронии имрӯзи (якшанбеи) Раҷаб Таийб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия дар иҷлоси порлумонии кишварҳои ҳомии Қудс дар пойтахти Молезӣ, ҳомиёни Фаластин дар ҳаддиақал се шаҳри Туркия тазоҳурот барпо ва бо тарҳи зидди фаластинии “муомилаи қарн” мухолифат карданд.

Мӯътаризони туркияӣ дар шаҳри Истонбул таҷаммӯъи эътирозӣ дар ҳимоят аз фаластиниён тартиб доданд ва бо сар додани шиорҳое мухолифаташонро бо тарҳи созиши омрикоӣ-саҳюнистии “муомилаи қарн” иброз карданд.

Мӯътаризон дар ин таҷаммӯъи мардумӣ зимни ба эҳтизоз даровардани парчамҳои Туркия ва Фаластин, ҳимояти худро аз фаластиниён эълом карданд.

Аз шаҳрҳои Диёрбакр ва Сақория дар Туркия ҳам хабар расида, ки ҳомиёни Фаластин бо ҳузур дар хиёбонҳо мухолифати худашонро бо тарҳи созиши омрикоиҳо эълом карданд.

Ба гуфтаи масъулони баргузории ин тазоҳурот, “ҳадаф аз ин тазоҳурот маҳкум кардани муомилаи қарн ва истодан дар канори Қудс ба манзури муқобила бо зӯргӯии қарн аст.”

Раҷаб Тайиб Ардуғон тайи суханронии видеоӣ дар иҷлоси порлумонии кишварҳои ҳомии Қудс дар Молезӣ гуфт: “Қудс хатти қирмизи мост; ин масъулиятро дорем, ки аз Масҷидулақсо ҳифозат кунем. Ин ба истилоҳ муомилаи қарн раванди сулҳ дар минтақаро ба хатар меандозад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.