Ваҳдати исломӣ

Ба баҳонаи солрӯзи шаҳодати Ҳасанул-Банно, поягузори Ихвонул-муслимин

Ҳасан ул-Банно, ки марде шуҷоъ буд, ҳеч гоҳ тарсе ба дил роҳ надод ва ҷасурона дар малаъи омм зоҳир мешуд, ки ҳамин амр боис шуд вай саранҷом дар 12 феврали 1949 дар яке аз хиёбонҳои Қоҳира ба дасти авомили Англис терур шавад ва ба орзуяш, ки шаҳодат буд бирасад. Ӯ гуфтааст: “Бидонед, ки марг ҳатмӣ аст ва як бор низ бештар нахоҳад омад, бинобар ин агар онро дар роҳи Худо қарор диҳед, суди дунё ва савоби охират насибатон хоҳад шуд…”

Таваллуд ва таҳсилот

Аҳмад ибни Абдурраҳмон, падари Ҳасан ул-Банно.

Ҳасан ибни Аҳмад ибни Абдурраҳмон Банно, поягузор ва раҳбари ҷамоати Ихвонул-муслимин, 14 октябри соли 1906 дар шаҳристони Маҳмудия наздики Искандарияи Миср чашм ба ҷаҳон гушуд. Падараш Аҳмад ибни Абдурраҳмон аз олимони парҳезгор ва аз шогирдони шайх Муҳаммад Абдуҳ буд ва дар улуми ҳадис таълифоте дошт, ки муҳимтарини онҳо “Алфатҳ ур-раббонӣ ли тартиби муснад ил-Имом Аҳмад” будааст. Ҳамчунин падараш дар канори илму дониш, ба кори саҳҳофӣ ва таъмири соат низ иштиғол дошт ва ба ҳамин далел ӯро “Соъотӣ” низ мегуфтанд.

Ҳасан ул-Банно дар як хонаводаи илмӣ ва мазҳабӣ парвариш ёфт ва бо ҳимоятҳои падараш улуми муқаддамотиро дар дабистони динии Рашод фаро гирифт. Мадрасаи Рашод ҳудуди соли 1912 таъсис шуд ва шабеҳи мадориси миллии деҳоти он замон буд, вале ба сабки донишсароҳои мумтози имрӯзӣ буд, ки ҳам омӯзишгоҳ ва ҳам парваришгоҳ аст.

Донишомӯзони ин мадраса илова бар дарсҳое, ки дар мадориси мушобеҳ меомӯхтанд, ба фарогирии аҳодиси Паёмбар (с) мепардохтанд. Ҳар ҳафта асри панҷшанбе ҳадиси тозае барои донишомӯзон тадрис мешуд, то хуб бифаҳманд ва сипас он қадр онро такрор кунанд, то аз бар шаванд. Ёдгирии ҳунари иншо ва қоидаҳои нигориш ва низ омӯхтан ва ҳифз кардани қитъаҳое аз насру назм, аз дигар таклифҳои донишомӯзон ин мадраса буд.

Модари Ҳасан ул-Банно

Ин гуна таълимот дар мадориси дигар вуҷуд надошт ва Ҳасан ул-Банно аз синни 8-солагӣ то 12-солагӣ дар ин мадраса дарс хонд. Гуфта мешавад, вай дар соли 1920 ба дорулмуаллимини Даманҳур мунтақил шуд ва дар онҷо қабл аз синни 14-солагӣ бахши умдае аз Қуръони Каримро ҳифз кард ва сипас вориди маркази пешдонишгоҳии Маҳмудия шуд.

Вай аз ҳамон навҷавонӣ таваҷҷӯҳи зиёде ба масъалаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дошт ва ҳамеша мардумро ба сӯи Худо даъват менамуд. Аз ин рӯ бо ҳамкории дӯстон ва ҳамфикронаш вориди “Ҷамъияти ахлоқ ва одоб” шуд ва пас аз он ҷузъи яке аз аъзои “Анҷумани исломӣ” гардид. Ба гуфтаи худи вай, фаъолияти ин анҷуман сирфан дохилӣ ва маҳдуд ба тазаккурот ва насиҳатҳо буд, аммо иддае гирди ҳам омаданд, то тарҳи васеътареро пайрезӣ намоянд. Корҳои иҷроии анҷуман, ки бештар ҷанбаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дошт, миёни аъзо тақсим шуд.

Вуруд ба донишсарои муқаддимотӣ

Ҳасан ул-Банно ҳанӯз ба синни комили 14-солагӣ нарасида буд, ки маҷбур шуд яке аз ин ду роҳро баргузинад: ё бояд ба Донишкадаи динии Искандария қадам мегузошт, то баъдҳо ба Донишгоҳи Алазҳар роҳ ёбад ва ё мебоист вориди донишсарои муқаддимотии шаҳри Даманҳур мегашт, то баъд аз се сол ба унвони муаллими мадраса машғули хидмат гардад. Вай роҳи дуввумро интихоб кард ва барои имтиҳони вурудӣ сабти ном намуд, аммо ду мушкил пеши рӯ дошт: яке камии синн ва дигар ин ки ҳанӯз Қуръонро ба таври комил ҳифз накарда буд. Бо ин ҳол, масъули донишсаро, ки марде бузургвору хушахлоқ буд, аз шарти синн сарфи назар кард ва таъаҳҳуди вай мабнӣ бар ҳифзи тамоми Қуръонро пазируфт ва ба ин сурат вай тавонист ҷузъи донишҷӯёни донишсарои муқаддимотӣ гардад.

Ҳасан ул-Банно дар ҷавонӣ

Вай дар муддати се соли иқомат дар шаҳри Даманҳур, зимни ин ки таҳсилоташро бо муваффақият пушти сар гузошт, ба ирфону тасаввуф низ бештар рӯ овард. Худаш дар ин бора мегӯяд:

Яке аз давраҳои зиндагониям ҳамин се сол пас аз инқилоби Миср аст, яъне солҳои 1920 то 1923. Дар ин давра ман пайваста саргарми парастишу ирфон будам. Ман, ки бо дили оканда аз ишқ ба ирфону тасаввуф ба ин шаҳр қадам ниҳода будам, худро бо оромгоҳи шайх Ҳасанайн Ҳисофӣ — нахустин пир ва пешвои фирқаи ҳисофия ва ҷамоате аз пайравони покдили ӯ мувоҷеҳ дидам. Табъан бо онон даромехтам ва дар масирашон ба роҳ афтодам.” (Банно, Хотирот, с.32)

Бо ин ки риёзату ибодат, бавежа дар моҳи мубораки Рамазон, ӯро бисёр ба худ машғул медошт, аммо ҳеч гоҳ фаъолиятҳои таблиғотии худро фаромӯш накард. Ҳар зуҳру аср дар намозхонаи донишсаро бонги азон бармедошт ва ҳар гоҳ замони дарс бо вақти намоз мусодиф буд, аз устод иҷоза мехост, то фаризаи намозро баҷо оварад.

Донишсарои олӣ

Ҳасан ул-Банно баъд аз итмоми давраи муқаддимотӣ, барои нахустин бор дар соли 1923 ба Қоҳира сафар кард ва барои ширкат дар донишсарои олии ин шаҳр сабти ном намуд ва бо вуҷуди душвории зиёд, тавонист аз имтиҳони вурудии ин донишсаро муваффақ берун ояд. Дар он замон вай ҳанӯз 17-солагиро комил накарда буд, аз ин рӯ устодон ва довталабони донишсаро аз дидани ӯ мутаъаҷҷиб мешуданд. Вай як шаб пеш аз имтиҳони вурудӣ, руъёи содиқе дар бораи муваффақияти худ дар имтиҳон дида буд ва ҳамин амр боиси эътимод ба нафси ӯ дар ҷаласаи имтиҳон гардид ва онро мадади илоҳӣ донист.

Ҳасан ул-Банно муддати 4 сол дар ин донишсаро таҳсил кард ва дар июли 1927 бо рутбаи аввал аз онҷо фориғуттаҳсил гашт.

Шаҳри Исмоилия ва санги бинои ҷамоати Ихвонул-муслимин

Маъмулан дар Миср шогирдони мумтози донишкадаҳоро барои идомаи таҳсил ба хориҷ мефиристоданд, аммо он сол ба ин қоида амал нашуд, ба ҳамин далел Ҳасан ул-Банно пас аз он ки аз донишсарои олӣ дар соли 1927 фориғуттаҳсил шуд, ба унвони муаллими ибтидоӣ дар шаҳри Исмоилияи Миср машғули тадрис шуд. Рӯзҳое, ки Ҳасан ул-Банно худро омодаи рафтан ба шаҳри Исмоилия мекард, ҳеч гоҳ аз андешаи барномаҳои таблиғии худ ғофил набуд. Вай дӯстоне дошт, ки дар шаҳрҳои дигар ҳамин ҳадафро дунбол мекарданд.

Ҳасан ул-Банно дар ҷамъи ёрон

Тақрибан як соли баъд, нахустин ҳастаи ташкилоти Ихвонул-муслимин ва шохаҳои он дар шаҳри Исмоилия ба вуҷуд омад. Вай аз ҳамин замон ба тадриҷ андешаҳои худро дар ҷиҳати эҳёи дин ба кор гирифт ва ба таблиғи он пардохт. Сипас дар соли 1928 ҷамоати Ихвонул-муслиминро таъсис кард ва дар дарсҳо ва суханрониҳо ва навиштаҳои худ ба табйини усули бунёдии тафаккури ин ҷамоат пардохт ва барои ин кор ба мусофиратҳое даст зад ва дар канори нашри аҳкоми динӣ, ба таври амалӣ ба мубориза бо фасод ва бединӣ пардохт.

Вай дар соли 1932 ба унвони муаллим ба Қоҳира мунтақил шуд ва ҷунбиши Ихвонул-муслимин ҳам дар ин шаҳр тамаркуз ёфт. Афкори Ҳасан ул-Банно, ки дар қолаби суханрониҳо ва навиштаҳо дар рӯзномаи Ихвонул-муслимин интишор меёфт ва саранҷом дар китобе ба номи “Маҷмӯатур-расоил” гирдоварӣ шуд, мавриди таваҷҷӯҳи маҳофили сиёсӣ ва динӣ воқеъ шуд ва мардум низ аз ин ҷунбиш истиқбол намуданд. Ин амр сабаб шуд, то Ҳасан ул-Банно ҳамаи зиндагии худро вақфи ин кор кунад, то он ҷо, ки зиндагии ӯро аз ин таърих бояд дар қолаби таърихчаи Ихвонул-муслимин мутолеа кард.

Таърихчаи Ихвонул-муслимин

Дар марти 1928 шаш тан аз дӯстони Ҳасан ул-Банно, ки сахт таҳти таъсири дарсҳо ва суханрониҳои ӯ қарор доштанд, ба дидори вай омаданд. Онҳо Ҳофиз Абдулҳамид, Аҳмад Ҳусарӣ, Фуод Иброҳим, Абдурраҳмон Ҳасбуллоҳ, Исмоил Ъизз ва Закӣ Мағрибӣ, аз поягузорони ҷунбиши Ихвонул-муслимин буданд. Онон бо ангеза ва ишқи саршор аз дилсӯзӣ, ба Ҳасан ул-Банно гуфтанд:

Ҳасан ул-Банно ҳангоми суханронӣ

Дарсҳои туро шунидем ва фаро гирифтем ва дар мо муассир шуд, аммо барои нерӯмандии ислом ва беҳрӯзии мусалмонон намедонем чӣ бояд кард. Аз ин зиндагии зиллатбор ва асоратбор ба танг омадем. Худат шоҳидӣ, ки арабҳо ва мусалмонони ин сарзамин на манзилате доранд ва на эҳтирому иззате. Мо ҳам ҷуз хунҳое, ки дар рагҳоямон аст чизе надорем, вале он тавр ки ту роҳи муборизаро медонӣ, мо намедонем. Мақсудамон алъон ин аст, ки акнун омодагии худро барои анҷоми хидмат эълом медорем, то бори масъулияте, ки дар пешгоҳи Худованд бар дӯш дорем фурӯ ниҳода бошем, зеро ҳар ҷамъияте, ки бо нияти пок бо Худо аҳд бибандад, пирӯз аст, ҳарчанд теъдодаш андак ва абзораш ночиз бошад.” (Банно, Хотирот, с.88)

Ин суханони гарм ва бепироя дар Банно асар кард ва бо таъассури амиқ гуфт:

Худо аз шумо хушнуд бошад ва бар нияти покатон фузунӣ бахшад ва ҳамаи моро дар хидмат ба мардум ва он чи ризои ӯст муваффақ гардонад! Мо бояд бо Худо байъат кунем ва сарбози растохези исломӣ бошем.” (Банно, Хотирот, с.89).

Пас аз ин моҷаро, байни онон байъате сурат гирифт ва савганд хӯрданд, ки то зиндаанд, бародари якдигар бошанд ва аз ҳеч кӯшише барои боло бурдани исломи азиз дареғ наварзанд. Яке аз аъзои ин ҷамоат ба Банно гуфт: номи худамонро чӣ бигузорем? Банно гуфт: зоҳирсозӣ ва ташрифотро канор бигузорем. Шолуда ва нахустин санги бинои иҷтимоамон маънавият, тафаккур ва фаъолият аст ва мо як идда бародарем, ки дар хидмати ислом мебошем, бинобар ин мо Ихвонул-муслимин (бародарони мусалмон) ҳастем.

Амалкарди Ихвонул-муслимин дар давраи Ҳасан ул-Банно

Ихвонул-муслимин созмоне исломӣ ва сиёсӣ аст, ки ибтидо дар шаҳри Исмоилияи Миср ва сипас дар Қоҳира ва дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба фаъолият пардохтааст. Дар соли 1931 рисолае дарбардорандаи аҳдофи ин ҷамоат ба василаи Банно, ки “муршиди омм” лақаб гирифта буд, интишор ёфт. Дар соли 1932 ташкилот ва раҳбарии Ихвон ба Қоҳира мунтақил гардид ва пас аз он кунгураҳои мухталифе тавассути Ихвонул-муслимин баргузор шуд.

Пас аз ташкили кунгураи севвум дар соли 1935, гурӯҳи сиёсӣ-низомии Алҷаввола таъсис шуд ва таҳти фармондеҳии 7-нафара қарор гирифт. Дар соли 1936 ба муносибати оғози салтанати Малик Форуқ, чаҳорумин кунгураи Ихвон баргузор шуд ва ин созмон, подшоҳи ҷадидро таъйид кард. Аммо муҳимтарин ва панҷумин кунгураи Ихвон дар соли 1938 ба муносибати даҳумин соли таъсиси ин созмон баргузор шуд. Ин кунгура аз ҷиҳоте нуқтаи атфе дар таърихи ин ҷамоат ба шумор меравад, зеро барномаҳо ва аҳдофе, ки ба василаи Банно дар ин кунгура эълом шуд ва низ тасмимоте, ки гирифта шуд, дар воқеъ ин ҷамъиятро вориди давраи навине кард; бавежа пас аз оғози ҷанги ҷаҳонии дуввум ва ин ки ин ҷамоат наметавонист нисбат ба авзоъи сиёсӣ ва вақойеъи низомӣ беэътино бимонад.

Шояд битавон ҳадафи куллии Ихвонро пас аз кунгураи панҷум, дар озодии ватани исломӣ аз султаи бегона ва ташкили давлати озоди исломӣ дар он, хулоса кард. Эҳтимолан се омил дар мавозеъи сиёсие, ки Ихвонул-муслимин дар ин замон дар пеш гирифт, муассир буд: 1) доғ шудани масъалаи Фаластин; 2) қарордоди 1936 миёни Англистон ва давлати Миср, ки Ихвон бо он ба мухолифат бархост; 3) шурӯи ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки осори сиёсӣ ва иҷтимоии хоссе дар Миср бар ҷой гузошт.

Ба ин сурат метавон солҳои 1928 то 1938-ро давраи таъсис ва истиқрори Ихвонул-муслимин ба шумор овард. Аммо аз соли 1938 то 1948, ин ҷамоат ба суръат густариш ёфт ва ба сурати ҳизби нерӯманди сиёсӣ дар Миср худнамоӣ кард ва дар муборизоти сиёсӣ ва таҳаввулоти иҷтимоии он кишвар нақши муҳимме ёфт.

Дар соли 1941, кунгураи шашум дар Қоҳира баргузор шуд ва тайи он Ихвонул-муслимин тасмим ба ширкат дар интихоботи Маҷлиси Миср гирифт. Пас аз ҷанг ва доғтар шудани масъалаи Фаластин ва тасаллути саҳюнистҳо бар он сарзамин, Ихвонул-муслимин аз назари сиёсӣ, молӣ ва низомӣ ба ёрии фаластиниён шитофт ва бисёре аз аъзои он дар набарди Фаластин ширкат карданд. Ҳузури Ихвон дар ин моҷаро аз як сӯ бар маҳбубияти он дар ҷаҳони ислом афзуд ва аз сӯи дигар дарбори Миср ва давлати Бритониёро ба шиддат нигарон кард. Бахусус мусаллаҳ шудан ва омодагии низомии Ихвон бар ин нигаронӣ меафзуд. Аз ин рӯ, ба фармони Малик Форуқ давлати Нуқрошипошшо фармони манъи ҷамоати Ихвонул-муслиминро дар декабри 1948 содир кард. Бисёре аз аъзои он боздошт шуданд ва амволи ҷамоат мусодира шуд. Пас аз он, таблиғоти густурдае бар зидди онон аз ҳар сӯ оғоз шуд. Андаке пас аз манъ, дар 28 декабри 1948, Нуқрошипошшо — нахуствазир ба дасти яке аз аъзои Ихвонул-муслимин кушта шуд ва чанде баъд низ, Ҳасан ул-Банно ба шаҳодат расид.

Омилҳои муваффақияти ташкилоти Ихвонул-муслимин ва нақши Банно

Умдатарин омилҳои давоми муборизаи Ихвон ва пойдортарин шеваҳои муборизаи онон, ки Ҳасн ул-Банно дар раҳбарӣ ва таҳаққуқи онҳо нақши асосӣ доштааст, ба қарори зер аст:

1) Ташкилоти нерӯманд ва мунсаҷими Ихвонул-муслимин, аз муассиртарин омилҳои ривоҷи андешаҳо ва тавфиқи онон дар заминаҳои мухталиф буд. Бегумон ин созмондиҳӣ марҳуни ҳушмандӣ ва биниши ташкилотии Ҳасан ул-Банно ва низ нуфузи ӯ дар миёни пайравонаш буд. Бахше аз усул ва аркони ташкилотии Ихвонул-муслимин, дар китоби “Рисолатут-таълим” зикр шудааст.

Ҳасан ул-Банно дар ҷамъи фарзандон

3) Таблиғоти густурда ва ҷаҳонии Ихвон, яке дигар аз омилҳои муваффақияти онон будааст. Банно аз оғози таъсиси Ихвонул-муслимин, таваҷҷӯҳи зиёде ба таблиғот ва густариши андешаҳои ҷамоат дар дохил ва хориҷ аз Миср дошт. Ӯ мекӯшид иртиботи фикрӣ ва ташкилотии ҷиддӣ байни мусалмонон ва Ихвон падид оварад ва барои амалӣ кардани ин ҳадаф дар се замина ба фаъолият пардохт: 1) таблиғоти дохилӣ дар Миср; 2) ирсоли паём ба фармонравоёни кишварҳои исломи; 3) таъсиси шохаҳои Ихвон дар ҷаҳони ислом.

Дар таблиғоти дохилӣ, нахустин гоми муҳимми ӯ, таъсиси маҷаллаи “Ихвонул-муслимин” буд, ки аз соли 1933 ба унвони ургони расмии Ихвон мунташир шуд ва интишори он 14 сол идома ёфт. Пас аз он низ нашриёти ҳафтагӣ ва моҳнома ва фаслнома дар сатҳҳои мухталиф барои табақоти гуногун ва садҳо китоб барои таблиғи афкори ин ҷамоат интишор ёфт. Ҳафтаномаҳои “Анназир”, “Аддаъва” ва “Алмуслимун”, аз маъруфтарини онҳост.

Пас аз густариши Ихвонул-муслимин дар Миср, Банно талоши васеъе барои густариши даъвати Ихвон дар сатҳи ҷаҳони ислом ва бавежа миёни давлатҳо ва ҳокимони мусалмон оғоз кард. Вай аз соли 1935 ба баъд номаҳои зиёде ба бархе аз нахуствазирон ва подшоҳони араб ва мусалмон навишт ва умдатарин хостаҳояш низ иҷрои аҳкоми шариат ва ислоҳи ҷомеаи исломӣ бар асоси диёнат ва даъват ба парҳез аз ғарбзадагӣ буд. Ин номаҳо аз назари баён устувор ва аз назари мазмун пандомез ва то ҳудуде, аз мавзеъи қудрат буд. Пас аз Банно ҷонишини ӯ Ҳузайбӣ низ ҳамин шеваро идома дод.

3) Ҳамоҳангии шиорҳо ва ормонҳои Ихвон, ки аз сари хулус ва исломхоҳӣ буд, яке дигар аз омилҳои муваффақияти ҷамоати Ихвонул-муслимин будааст. Саросари рисолаҳои Банно пур аз матолибест, ки бо мабонии Қуръон ва ислом мунтабиқ аст ва аз ин ҷиҳат тӯдаи мардум, ки эътиқод ба диндорӣ ва исломхоҳӣ доштанд, аз ин матолиб истиқбол карда ва ба ҳамкории васеъ бо ин ҷамоат пардохтанд. Шиорҳое назири: ухувват, иззат, ғайрат, ваҳдат, қудрат, ҳукумат, маишат, итоат аз Худо дар партави Қуръону суннат, бо мардум будан, содагӣ ва бисёре дигар аз ин шиорҳо, паёмҳое буд, ки рӯз ба рӯз бар маҳбубияти Ихвонул-муслимин меафзуд.

Нақши Банно дар ҷунбишҳои исломии муосир

Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ

Мутолеаи таърихи сиёсии зиндагии Ҳасан ул-Банно ба хубӣ нишон медиҳад, ки вай нақши басазое дар таҳаррук ва хезиши ҷунбишҳои исломӣ доштааст. Банно дар шароите по ба арсаи вуҷуд гузошт, ки маҳалли таваллудаш Маҳмудия дар ишғоли Англис буд; табу тоби ҷунбиши миллӣ бар зидди султаи хориҷӣ авҷ гирифта буд; аҳзобе ташкил ёфта ва тазоҳурот ва талошҳои сиёсӣ ва иҷтимоии васеъе шакл гирифта буд ва руҳи ҳамоса ва муборизаи миллӣ ҳоким гардида буд. Дар муқобил, мубаллиғони масеҳӣ низ бар кӯшишҳои таблиғии худ афзуда буданд; қибтиёни Миср ба раҳбарии бархе аз нависандагон ва равшанфикрони худ, монанди Салома Мӯсо, мардумро ба носиюнолизми Миср ва ба таъбири дигар, қибтигароӣ даъват мекарданд. Ғарбзадагӣ ва тафаккури ғарбӣ, ривоҷи одобу суннатҳои фарангӣ бавежа дар миёни табақоти ашроф ва нуфузи иқтисоди сармоядорӣ, аз дигар хусусиёти ҷомеаи Миср шуда буд. Бархе аз равшанфикрони мусалмон монанди Лутфӣ Сайид, Тоҳо Ҳусайн ва Алӣ Абдурраззоқ, аз ҷудоии дин аз ҳукумат сухан мегуфтанд. Муҳимтар аз ҳама, бо илғои хилофати Усмонӣ дар соли 1924 ва тақсими қаламрави он давлат ба кишварҳои кучак, бӯҳрони сиёсии бузурге дар Миср ва соири кишварҳои исломӣ эҷод шуда буд. Ҳарчанд кӯшишҳое аз сӯи Алазҳар ва созмонҳои дигар барои эҳёи хилофат сурат гирифт, аммо омилҳои мутаъаддид, аз ҷумла рақобати бархе муддаиёни хилофат, ин кӯшишро бесамар сохт.

Рашид Ризо

Дар чунин авзоъи ошуфтае ҷунбиши ҷадиди исломӣ оғоз шуд. Шумори ҷамъиятҳое, ки дар солҳои пеш ва пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал бо ангезаҳои исломӣ ва ба қасди амалӣ кардани аҳкоми шариат падид омаданд, ба 135 ҷамъият мерасид. Шояд муҳимтарини ин ҷамъиятҳо “Ҷамъиятуш шабоб ил-муслимин” (Гурӯҳи ҷавонони мусалмон) буд, ки дар соли 1927 таъсис шуд ва ҷамъияте динӣ-сиёсӣ ба шумор мерафт. Ҳасан ул-Банно дуруст дар матни ин бӯҳрон ва нобасомонӣ мутаваллид шуд ва рушд кард. Вай аз як сӯ шоҳиди фурӯпошии хилофати исломӣ ва парешонии мусалмонон буд ва аз сӯи дигар аз ҷунбиши динӣ-сиёсии пешиниёни худ дар Миср асар пазируфта буд.

Ҳарчанд падари Банно аз шогирдони шайх Муҳаммад Абдуҳ буд ва Банно низ таҳти таъсири ӯ қарор дошт, аммо бояд гуфт, бештар аз Сайидҷамолуддини Асадободӣ ва пас аз ӯ аз Рашид Ризо таъсир пазируфта буд. Ҷамолуддин ба манзилаи падари руҳонии Ихвон буд ва ин ки Ихвон Банноро Сайидҷамоли асри худ медонистанд, мизони асарпазирии Ихвонул-муслимин аз Сайидро нишон медиҳад. Аммо Банно Рашид Ризоро дида ва аз ӯ ба таври мустақим баҳра гирифта буд ва аз ин рӯ андешаҳои Ризо сахт дар вай асар гузошта буд.

Ба ин тартиб метавон гуфт, зуҳури Ихвонул-муслимин ба раҳбарии Ҳасан ул-Банно посухе ба парешонии авзоъи умумии мусалмонон бавежа авзоъи Миср ва исботи нотавонии ҳукмронони кишварҳои исломӣ ва ҷаҳони араб буд. Аммо ин ки тафаккур ва равишҳои амалии Ихвон ва ҷараёни мансуб ба он то чӣ ҳадд тавонистааст ба ҳалли бӯҳронҳои ҷаҳони ислом ва кишварҳои арабӣ кӯмак кунад, масъалаест, ки бояд баррасӣ шавад. Дар воқеъ ҷунбиши Ихвон сароғози растохези ҷадиди фикрӣ ва сиёсии исломӣ аст ва осори он дар ҳама ҷойи ҷаҳони ислом дида мешавад. Пас аз таъсиси Ихвон дар Миср ва шӯъбаҳои он дар Сурия, Судон, Ӯрдун, Лубнон, Фаластин, Андунезӣ, Покистон, Тунис, Алҷазоир, Афғонистон, Марокаш, Либӣ, Арабистон, Ироқ ва кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, ҷунбишҳои исломӣ дар ҳама ҷойи ҷаҳони ислом ва ҳатто мусалмонони кишварҳои ғарбӣ, каму беш таҳти таъсири он қарор гирифтанд ва вобастагии ташкилотӣ бо Ихвонул-муслимин барқарор карданд.

Ҳаракати Ихвон ҳатто дар хезишҳои сиёсӣ ва инқилобии шиъии муосири Ироқу Эрон ҳам таъсири худро гузошта буд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, таъсиси Ҷамотул-уламо дар Ироқ ба василаи Оятуллоҳ Сайидмуҳсини Ҳаким дар ҳамон солҳо ва низ ташкили Ҳизбуддаъва ба василаи Оятуллоҳ Сайидмуҳаммадбоқири Садр, таҳти таъсири Ихвонул-муслимин будааст.

Сайидмуҷтабо Наввоби Сафавӣ

Ин таъсирпазириро аз тариқи наздикии фикрӣ ва шиорҳо ва хостаҳои тақрибан яксони иҷтимоӣ ва сиёсии шиъаёни бунёдгаро ва низ бархе равобити ошкор байни ин ду навъ ҷунбиш метавон мушоҳида кард. Чунонки муқоисаи гурӯҳи “Фидоиёни ислом” дар Эрон бо Ихвонул-муслимин, то ҳудуде ин иртибот ва таъсирпазириро нишон медиҳад. Мусофирати Сайидмуҷтабо Наввоби Сафавӣ, раҳбари гурӯҳи “Фидоиёни ислом” ба Миср дар соли 1954 ва суханронии оташини ӯ дар тазоҳуроти Ихвон ва ҳатто висотати ӯ байни Ихвон ва Ҷамол Абдунносир ва саранҷом иртиботи ташкилотии ин ҷамъияти исломии эронӣ бо Ихвони Миср, далел бар ин иддаост. Шояд ба ҳамин далел бархе аз нависандагони муосири араб, дар ҳамон солҳо, яъне солҳои 1955 ва 1956, ба шӯъбаҳои Ихвонул-муслимин дар Эрон ишора кардаанд.

Шояд ба ҳамин далел, аз замони ташкил ва фаъолияти созмони “Фидоиёни ислом” то кунун, бисёре аз китобҳои муҳим ва омӯзишии Ихвонул-муслимин тавассути пайравони “Фидоиёни ислом” ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари кунунии Эрон, чандто аз китобҳои Сайид Қутб аз ҷумла бахшҳое аз тафсири “Фи зилолил-Қуръон”-и ӯро ба форсӣ тарҷума кардааст.

Охирин рӯзҳои зиндагӣ

Дар масъалаи Фаластин, ҷамоати Ихвонул-муслимин дар раъси мубориза бо яҳудиҳои ишғолгар қарор дошт ва аз шурӯи ин муборизот дар соли 1936, парчамдори он дар дунёи араб буд. Ба ҳамин далел, давлатҳои бузурги ғарбӣ аз ҷумла Англистон, ки Мисрро дар он замон ишғол карда буданд, дастури манъи ҷамоати Ихвонро содир намуданд. Дар пайи ин манъ ва дар ҳамин айём, гурӯҳи Ихвон даст ба терури нахуствазири Миср Нуқрошипошшо зад ва бо ин кор хашми давлатмардони мисрӣ ва ғарбиро барангехт. Аз ин рӯ онон ҳамаи мардони Ихвонул-муслиминро, ки тоза аз ҷанги Фаластин баргашта буданд, дастгир ва зиндонӣ намуданд, аммо Имом Ҳасан ул-Банно танҳо монда буд ва ба ин васила заминаи терур ва қатли ӯ фароҳам гашт.

Ҳасан ул-Банно, ки марде шуҷоъ буд, ҳеч гоҳ тарсе ба дил роҳ надод ва ҷасурона дар малаъи омм зоҳир мешуд, ки ҳамин амр боис шуд вай саранҷом дар 12 феврали 1949 дар яке аз хиёбонҳои Қоҳира ба дасти авомили Англис терур шавад ва ба орзуяш, ки шаҳодат буд бирасад.

Дар поён, ҷумлае аз Банно дар мавриди алоқааш ба марги шарофатмандона ва фазилати шаҳодат, баён мешавад:

Бидонед, ки марг ҳатмӣ аст ва як бор низ бештар нахоҳад омад, бинобар ин агар онро дар роҳи Худо қарор диҳед, суди дунё ва савоби охират насибатон хоҳад шуд. Чаро дар ин гуфтори Худованд тафаккур намекунед, ки фармуд:

ثُمَّ أَنزَلَ عَلَيْكُم مِّن بَعْدِ الْغَمِّ أَمَنَةً نُّعَاسًا يَغْشَىٰ طَائِفَةً مِّنكُمْ ۖ وَطَائِفَةٌ قَدْ أَهَمَّتْهُمْ أَنفُسُهُمْ يَظُنُّونَ بِاللَّهِ غَيْرَ الْحَقِّ ظَنَّ الْجَاهِلِيَّةِ ۖ يَقُولُونَ هَل لَّنَا مِنَ الْأَمْرِ مِن شَيْءٍ ۗ قُلْ إِنَّ الْأَمْرَ كُلَّهُ لِلَّهِ ۗ يُخْفُونَ فِي أَنفُسِهِم مَّا لَا يُبْدُونَ لَكَ ۖ يَقُولُونَ لَوْ كَانَ لَنَا مِنَ الْأَمْرِ شَيْءٌ مَّا قُتِلْنَا هَاهُنَا ۗ قُل لَّوْ كُنتُمْ فِي بُيُوتِكُمْ لَبَرَزَ الَّذِينَ كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقَتْلُ إِلَىٰ مَضَاجِعِهِمْ ۖ وَلِيَبْتَلِيَ اللَّهُ مَا فِي صُدُورِكُمْ وَلِيُمَحِّصَ مَا فِي قُلُوبِكُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

“Сипас ба дунболи ин ғаму андӯҳ оромише бар шумо фиристод, ин оромиш ба сурати хоби сабуке буд (ки дар шаби баъд аз ҳодисаи Уҳуд) ҷамъе аз шуморо фаро гирифт. Аммо ҷамъи дигаре дар фикри ҷони хеш буданд (ва хоб чашмони онҳоро фаро нагирифт), онҳо гумонҳои нодурусте дар бораи Худо ҳамчун гумонҳои даврони ҷоҳилият доштанд, ва мегуфтанд: оё чизе аз пирӯзӣ насиби мо мешавад? Бигӯ: ҳамаи корҳо (ва пирӯзиҳо) ба дасти Худост! Онҳо дар дили худ умуреро пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, мегӯянд: агар саҳме аз пирӯзӣ доштем, дар инҷо кушта намешудем. Бигӯ: агар ҳам дар хонаҳои худ будед, онҳое, ки кушта шудан дар сарнавишти онҳо буд, ба бистарашон ҳамла мекарданд (ва онҳоро ба қатл мерасонданд); ва инҳо барои ин аст, ки Худованд он чи дар синаи шумо пинҳон аст биёзмояд ва он чи дар дилҳои шумо (аз имон) мебошад холис гардонад ва Худованд аз он чи дар даруни синаҳост бохабар аст.” (Сураи Оли Имрон, ояти 154)

* * *

Манобеъ:

1) Банно, Ҳасан, Хотирот.

2) Банно, Ҳасан, Маҷмӯатур-расоил.

3) Баюмӣ, Закариё Сулаймон, Ихвонул-муслмин.

4) Иноят, Ҳамид, Андешаи сиёсӣ дар исломи муосир.

5) Қарзовӣ, Юсуф, Тарбияти исломӣ ва мадрасаи Ҳасан ул-Банно.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.