Сиёсат

Вазорати дифои Омрико: “109 низомии омрикоӣ дар ҳамлаи Эрон ба Айнуласад “осеби мағзӣ” дидаанд”

Вазорати дифои Омрико (Пентогун) бомдоди сешанбе (11 феврал) эълом кард, ки дар ҳамлаи мушакии моҳи январи Эрон ба пойгоҳи низомии Айнуласади Омрико дар Ироқ, 109 низомии Омрико дучори “осеби мағзӣ” шудаанд.

Дар баёнияи Вазорати дифои Омрико омадааст: “То ба имрӯз (11 феврал), 109 низомӣ бо осеби мағзӣ шиносоӣ шудаанд, ки нисбат ба гузориши қаблӣ 45 нафар афзоиш доштааст.”

Бар асоси ин баёния, 76 нафар аз онҳо дар ҳоли ҳозир ба маҳалли вазифаи худ бозгаштаанд, ки 75 нафари онҳо дар Ироқ дармон шуда ва 1 нафар пас аз интиқол ба Олмон ва гузаронидани мароҳили дармон, ба маҳалли вазифаи худ дар Ироқ бозгаштааст.

Дар баёнияи Вазорати дифои Омрико омадааст: “Ҳамчунин дар маҷмӯъ 27 нафар аз низомиёни омрикоӣ барои гузаронидани мароҳили дармонӣ ба Олмон мунтақил шуданд, ки афзоиши 6 нафариро дар муқоиса бо гузориши қаблӣ нишон медиҳад ва 21 нафар аз онҳо низ барои такмили дармон ба Омрико мунтақил шудаанд.”

Як мақоми низомии омрикоӣ низ шомгоҳи рӯзи душанбе (10 феврал) дар гуфтугӯ бо хабаргузории Reuters, аз афзоиши дубораи омори расмии низомиёни омрикоии осебдида дар ҷараёни амалиёти мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи пойгоҳи низомии Айнуласади Омрико дар Ироқ хабар дода буд.

Ба навиштаи Reuters, ин мақоми омрикоӣ гуфтааст, ки бар асари ин ҳамлаи мушакӣ беш аз 100 низомии омрикоӣ дучори “осеби мағзӣ” шудаанд.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 8 январи соли ҷорӣ ба унвони бахше аз посухи Эрон ба терури Сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудс, пойгоҳи Айнуласадро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дода буд.

Баъд аз ин ҳамла Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико муддаӣ шуд, ки”ҳама чиз хуб аст” ва “ҳеч як аз низомиёни омрикоӣ осеб надидаанд”, аммо Пентогун дар ҳафтаҳои ахир ба сурати қатрачаконӣ ва ба тадриҷ омори хасоратҳои ношӣ аз ин ҳамларо мунташир кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.