Сиёсат

Раҳмон солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба ҳамтои эронии худ табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли паёме ба Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, солгарди пирӯзии Инқилоб дар ин кишварро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Раҳмон дар ин паём таъкид кардааст: “Тоҷикистон алоқаманд ба густариши ҳар чи бештари равобити дӯстона ва таҳкиму тавсиъаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҷанбаҳои гуногун ва мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн аст.”

Раҳмон изофа кард: “Изҳори итминон менамоем, ки бо саъю эҳтимоми муштарак равобит ва муносиботи Тоҷикистону Эрон дар оянда низ рушд ёфта ва дар фазои созгорӣ ва ҳусни тафоҳум, ҳусни ният ва эътимод, дар хидмати манофеъи ду кишвар хоҳем буд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поён барои мардуми Эрон орзуи сулҳ, субот, пешрафт ва беҳрӯзиро орзу кардааст.

Гуфтанист, паёми табрикии Раҳмон дар ҳеч як аз расонаҳои расмии Тоҷикистон ҳатто дар сойти риёсати ҷумҳурии ин кишвар мунташир нашудааст; дар ҳоле ки ҳар паём ва номаи Раҳмон ба сарони кишварҳо дар ин сойтҳо мунташир мешуданд. Албатта, дар 5 соли ахир расонаҳои давлатӣ ва расмии Тоҷикистон, ва яқинан, ба дастури худи Раҳмон, паёмҳо ва номаҳои ӯ ба мақомоти эрониро мунташир намекунанд ва бо ин кор мехоҳанд бигӯянд, сиёсати мо дар ситез бо Ҷумҳурии Исломии Эрон камокон сари ҷойи худаш аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.