Сиёсат

Сабаби душмании ҳукумати Тоҷикистон бо Ихвон аз назари як пажӯҳишгар

Ҷеймз Дурсӣ (James M. Dorsey), пажӯҳишгари Донишгоҳи Нонёнги Сингопур

Ҷеймз Дурсӣ (James M. Dorsey), пажӯҳишгари Донишгоҳи Нонёнги Сингопур мӯътақид аст, муқобила бо Ихвонул-муслимин саудиҳоро хушнуд мекунад. Ин пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳ мегӯяд, саудиҳо дар соли 2015 вақте ки равобити Тоҷикистон бо Эрон танишолуд шуд, барои кӯмак ба Тоҷикистон вориди майдон шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии Алараб, Тоҷикистон монанди Арабистон Ихвонул-муслиминро як гурӯҳи ғайриқонунӣ эълом кардааст. Ҳаводорони ин гурӯҳро дар шаҳри Хуҷанд боздошт карда буд. Дақиқан дар ҳамин шаҳр, Тоҷикистон як маркази фарҳангӣ ва тиҷории эрониро низ таътил кард ва сипас вақте Эрон хостори узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой шуд, монеъи узвияти Эрон шуд. Амре, ки мӯҷиб шуд бархе нозирон, ба нуфузи бештари Арабистон дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунанд.

Арабистони Саудӣ ба манзури густариши нуфузаш дар бархе кишварҳои Осиёи Миёна, сармоягузорӣ дар ин кишварҳоро бештар кардааст. Бархе маҳофили расонаии наздик ба Арабистон мегӯянд, ҳадаф аз ин сармоягузориҳо, муқобила бо нуфузи Эрон аст.

Ҳадафи Арабистон аз нуфуз дар Осиёи Миёна маҳори нуфузи Эрон ва гурӯҳи Ихвонул-муслимин дар он минтақа аст. Рӯзномаи Алараб навишт, Арабистон дар низоъ бо Эрон ва гурӯҳи Ихвонул-муслимин бар сари нуфуз дар минтақаи Осиёи Миёна, имтиёзоти зиёде ба даст овард. Аксари ин таҳаввулот дар Тоҷикистон рух дод. Ҷое, ки ҳузури Ихвонул-муслимин дар сатҳҳои гуногун коҳиш ёфтааст ва дар айни ҳол, Теҳрон аз бойкути тақрибан комили мақомоти Тоҷикистон ва ҳамчунин маҳдуд шудани фаъолиятҳояш дар ин кишвар ранҷ мебарад.

Дар 26 июли 2018 Абдулазиз бен Муҳаммад ал-Бодӣ, сафири вақти Арабистон дар Тоҷикистон, тайи гуфтугӯе бо хабаргузории “Авесто”, аз кӯмаки 200 милюн дулории Риёз ба Душанбе хабар дод. Ал-Бодӣ талвеҳан ҳадафи Арабистон аз ин кӯмакҳоро маҳдуд кардани нуфузи Эрон донист.

Дар ҳамин гуфтугӯ, ал-Бодӣ барои ин ки нуфузи Эрон дар Тоҷикистонро зери суол бибарад, ба як ёддошти таҳлилие ишора кард, ки дар хабаргузори “Ховар” мунташир шуда буд. Қамар Нурулҳақ, нависандаи ин ёддошт, иддао мекунад, ки Эрон аз тариқи ҲНИТ ба дунболи эҷоди як инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон аст. Нурулҳақ ин ҳизбро шохае аз Ҳизбуллоҳ донист.

Аз соли 2015 ба баъд бархе мақомоти тоҷикистонӣ иддаоҳое дар ин хусус матраҳ карданд ва ҳатто ҲНИТ-ро ғайриқонунӣ эълом карданд. Дар сентябри ҳамон сол, мақомоти Тоҷикистон муддаӣ шуданд, ки ҲНИТ дар як кудетои ноком, ки тавассути муовини вазири дифоъ анҷом шуд, нақш дошт. Охирҳои соли 2015, вақте ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб, дар Теҳрон бо мақомоти баландпояи Эрон ба таври аланӣ дидор кард, равобити Теҳрон ва Душанбе тиратар шуд. Баъд аз он дидор, ки мавриди эътирози ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифт, иттиҳомоте алайҳи Эрон мабнӣ бар ҳимоят аз опозисиюни Тоҷикистон дар ҷанги дохилии даҳаи 1990 матраҳ шуд ва дар ҳамин робита чандин филми мустанад дар телевизиюни давлатии Тоҷикистон пахш шуд.

Саудиҳо дар чунин шароите ба фикри густариши нуфузи худ дар Тоҷикистон афтоданд ва саъй карданд худро муттаҳиди ростини Тоҷикистон нишон диҳанд. Ал-Бодӣ дар ҳамон гуфтугӯ, бо таъна ва киноя гуфта буд, ки Арабистон мисли баъзе кишварҳо нест, ки дар зоҳир бо мардуми Тоҷикистон иддаои дӯстӣ кунад, вале аз пушт ба онҳо ханҷар бизанад.

Низоъи Арабистон бо Ихвонул-муслимин ва Эрон дар Осиёи Миёна

Аз соли 2015 ба баъд, ҳамзамон бо танишолуд шудани равобити Эрон ва Тоҷикистон, равобити Арабистон бо Тоҷикистон ба тадриҷ қавитар шуд. Саудиҳо ба тадриҷ дар пружаҳои умронии Тоҷикистон монанди сохти мадорис ва бузургроҳ дар шарқи Тоҷикистон мушорикати молӣ карданд.

Дар муқобил, мақомоти Тоҷикистон фаъолиятҳои Ихвонул-муслимин ва Эронро маҳдуд карданд ба тавре, ки дар се соли гузашта даҳҳо руҳонӣ ба иттиҳоми узвият дар Ихвонул-муслимин боздошт шуданд. Ҳамчунин Тоҷикистон монанди Арабистон Ихвонул-муслиминро як гурӯҳи ғайриқонунӣ эълом кардааст. Андрей Казантсев, мудири маркази таҷзия ва таҳлили Муассисаи таҳқиқоти байналмилаль дар Донишгоҳи равобити байналмилали Маскав, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи русии “Коммерсант”, нуфузи Арабистон дар Тоҷикистонро далели мухолифати ин кишвар бо узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой донист.

Казантсев гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар соли 2016 сафаре ба Риёз дошт, ки дар ҷараёни он, Арабистони Саудиро муҳимтарин шарики ин кишвар дар ҷаҳони араб номид. Сипас дар баҳори 2017 иттилооте дар расонаҳои гурӯҳӣ мунташир шуд, ки бар асоси он, Арабистон дар ҳоли сохти маҷмӯаи сохтмонҳое барои порлумони Тоҷикистон аст, ки барои ин манзур чандин сохтмон дар маркази шаҳри Душанбе, аз ҷумла сохтмони сафорати Эрон тахриб шудаанд ва тарафи эронӣ маҷбур шуд, то маҳалли сафорати хешро тағйир диҳад.”

Ин дар ҳолест, ки Эрон саъй карда бо кишварҳои Осиёи Миёна равобити ҳасанае барқарор кунад. Бархе аз ин кишварҳо дар канори Эрон, бахше аз ибтикори ҷоддаи абрешими ҷадид (як ҷодда як камарбанд) ҳастанд, ҳамчунин кишварҳои мисли Тоҷикистон, ки ба дарё роҳ надоранд, ба бандарҳои Эрон, ки аз лиҳози ҷуғрофиёӣ ба Тоҷикистон наздик ҳастанд, ниёз доранд.

Дар ҳамсоягии Тоҷикистон, кишвари дигаре низ вуҷуд дорад, ки зоҳиран ба майдоне барои рақобат табдил шудааст. Ба гуфтаи рӯзномаи Алараб, Ӯзбакистон низ рӯйкарди эҳтиёткоронае дар муқобили Ихвонул-муслимин дорад. Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар иқдоме, ки ҳадаф аз он, аз сӯи бархе нозирон тазъифи Ихвонул-муслимин қаламдод шуд, назорати Кумитаи динӣ (вобаста ба дастгоҳи амниятӣ) бар омӯзиши диниро маҳдуд кард. Мирзиёев, ҳамчунин як окодемии омӯзиши исломӣ таъсис кард.

Алараб дар идома навишт, Арабистон бо қудрат, вале эҳтиёткорона дар Ӯзбакистон гом бармедорад. Дар соли 2019, бозаргонони саудӣ ду бор ба Тошканд сафар карданд, то фурсатҳои сармоягузорӣ дар Ӯзбакистонро баррасӣ кунанд. Ҳамчунин, ширкати ҷаҳонии “Аҷлон ва бародаронаш”, ки бар тавлиди пӯшок дар Арабистон тамаркуз дорад, тарҳҳое барои сармоягузории панҷсола ба арзиши ду милёрд дулор дар назар дорад.

Бо ин ҳол, равобити Ӯзбакистон ва Эрон ҳамчунон ҳасана боқӣ монд. Мирзиёв дар соли 2017 фармоне барои беҳбуди зерсохтҳои ҳамлу нақл содир кард. Бар асоси ин фармон, бахше аз коноли ҳамлу нақл миёни Ӯзбакистон, Туркманистон, Эрон ва Умон эҳдос мешавад. Ӯзбакистон низ монанди Тоҷикистон ба дарёи озод роҳ надорад. Ин кишвар тарҳҳое барои эҷоди коноли ҳамлу нақл аз Тирмиз ба Бандар Аббос дунбол мекунад. Ин конол аз Мазори Шариф ва Ҳирот дар Афғонистон убур мекунад.

Саудиҳо ба тозагӣ барои таҳкими равобит бо Қирғизистон низ гом бардоштаанд. Миёнаҳои декабри гузашта тайи сафари Сурунбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон ба Арабистон, сарони ду кишвар роҳҳои тақвияти равобит дар ҳавзаҳои мухталифро баррасӣ карданд. Дар ҳамин сафар, ҳаддиақал 6 тавофуқ ва ёддошти ҳамкорӣ дар ҳавзаҳое монанди варзиш, беҳдошт, саноеъ, кишоварзӣ, илм ва омӯзиш имзо шуд. Ҳамчунин як тавофуқи молӣ барои эҳдоси як ҷодда дар Қирғизистон низ ба имзо расид.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.