Без рубрики

Довудуғлу нахустин рақиби Ардуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ

Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷа ва нахуствазири собиқ ва узви пешини ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиъа, дар интихоботи оянда бо Раҷаб Тайиб Ардуғон барои расидан ба мақоми риёсати ҷумҳурии Туркия рақобат мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Turkeyalaan, Мустафо Надим Ямолӣ, муовини раиси Ҳизби Оянда сешанбешаб гуфт: “Довудоуғлу дар интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда номзад мешавад.”

Вай афзуд: “Ҳизби Оянда интизор дорад шаҳрвандони Туркия дар соли 2023 раисиҷумҳури ҷадидро интихоб кунанд.”

Довудуғлу муддате пеш ба унвони раиси ҳизби тозатаъсиси Оянда интихоб шуд.

Вай пештар узви ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиъа ва аз соли 2009 то 2014 дар давлати Ардуғон, вазири умури хориҷа буд ва пас аз он то соли 2016 ба унвони нахуствазир фаъолият кард, аммо сентябри 2019 аз ҳизби ҳоким канорагирӣ кард.

Довудуғлу аз талошҳои Ардуғон барои афзоиши қудрати риёсати ҷумҳурӣ ҳимоят накард ва дар пайи он, аз нахуствазирӣ канор гузошта шуд.

Ҳизби Оянда нахустин ҳизбест, ки тавассути муттаҳидони Раҷаб Тайиб Ардуғон таъсис шудааст.

Алӣ Бобоҷон, вазири пешини умури хориҷаи Туркия низ гуфта, ки ба зудӣ ҳизби тозае таъсис мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.