Сиёсат

New York Times: “Хасоратҳои инсонии ҳамлаи мушакии Эрон бисёр бештар аз пиндори Тромп буд”

Як расонаи омрикоӣ дар ёддоште, бо ишора ба омори сарбозоне, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айнуласад дучори осеби мағзӣ шудаанд, таъкид кард, ки раисиҷумҳури Омрико хасоратҳои воридшуда ба нерӯҳои омрикоӣ дар ин ҳамларо камтар аз воқеият ҷилва додааст.

Акс аз New York Times

Нашрияи омрикоии New York Times дар ёддоште ба қалами Лурен ДеҶунг (Loren DeJonge) ва Пул Шор (Paul Scharre) бо таъкид бар ишораи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ва дигар мақомоти давлати вай, ки саъй доранд хасоратҳои воридашуда ба нерӯҳои омрикоӣ дар ҷараёни ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айнуласадро кучак ҷилва диҳанд, таъкид кардааст, ки ин равия боис мешавад мардуми Омрико надонанд ҳазинаи воқеии ҷангҳои ин кишвар дар хориҷ аз марзҳо чист.

Лурен ДеҶунг ва Пул Шор, ки ҳар ду аз аъзои Андешкадаи “Маркази амнияти навини Омрико” ҳастанд, дар ёддошти худ дар New York Times изҳор доштаанд:

Пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айнуласад дар ғарби Ироқ, беш аз 100 сарбози омрикоӣ ба далели осебҳои мағзӣ таҳти дармон қарор гирифтанд. Ин ҳамла дар посух ба терури женерол Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорон – ки Тромп онро гоми муҳимме барои тақвияти корзори интихоботии худ медонад — сурат гирифт.

Ин ҳамлаи мушакӣ бо беш аз 10 мушаки болистик – ки теъдоде аз онҳо кулоҳаки ҷангии 500 килограмм маводди мунфаҷираи қавӣ ҳамл мекарданд — анҷом шуд, аммо вокуниши мақомоти омрикоӣ танҳо ин буд, ки ҳамла маҳдуд буда, Омрико ҳеч талафоте надошта ва чархаи ташдиди танишҳо идома нахоҳад ёфт.

Аммо хеле зуд мушаххас шуд, ки теъдоди зиёде аз нерӯҳои омрикоӣ ба далели осеби мағзӣ таҳти дармон ҳастанд. Афзоиши тадриҷии омори сарбозони осебдида паёмҳои мутафовитеро мерасонад.

Агарчи нерӯҳои мусаллаҳи Омрико билохира осебҳои мағзиро ҷиддӣ гирифтаанд, аммо ҳанӯз роҳи дарозе дар ин замина боқӣ мондааст. Аз тарафи дигар ин як ҳушдор дар бораи чигунагии бароварди ҳазинаи дахолатҳои низомии Омрико дар дигар кишварҳост. Дар ҳоли ҳозир дар ин баровардҳо дар беҳтарин ҳолат танҳо ҳазинаҳое муҳосиба мешавад, ки барои титри расонаҳо хуб аст ва ба нудрат таъсироти баландмуддат мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.

Вазорати дифои Омрико бояд чигунагии гузоришдиҳии умумӣ дар бораи талафоти муртабит бо осебҳои мағзиро тағйир диҳад. Муддатҳост, ки дар муҳосиботи расмии талафот, омори нерӯҳое, ки дучори осеби мағзӣ шудаанд, бисёр камтар аз ҳадди воқеӣ гузориш мешавад. Дар натиҷа, ҳазинаҳои воқеии ҷангҳои имрӯз ва ҳазинаҳое, ки дар оянда бояд барои контроли таъсироти баландмуддати ин ҷангҳо сарф шавад, бисёр камтар аз рақами воқеӣ гузориш мешавад.

Бар асоси оморҳои расмии Вазорати дифои Омрико, аз соли 2001 то кунун, 52000 сарбози омрикоӣ дар ҷангҳҳои Ироқ ва Афғонистон маҷрӯҳ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки тайи ҳамин давра нишонаҳои осеби мағзӣ дар 413000 нафар аз сарбозони омрикоӣ, ки дар Афғонистон ва Ироқ ҳузур доштаанд, ташхис дода шудааст.

Ҳатто агар таъаммуде дар ироаи ин оморҳои нодуруст ва гумроҳкунанда вуҷуд надошта бошад, тафовуте дар натиҷа нахоҳад дошт, зеро дар ҳар сурат мардуми Омрико дар ҷараёни ҳазинаҳои инсонии воқеии ҷангҳои хориҷии ин кишвар қарор нагирифтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.