Ҳуқуқи башар

Номаи Афви байналмилал ба Раҳмон бо дархости озодии фаврии Далер Шарифов

Афви байналмилал (Amnesty International) корзореро барои ҷамъоварии имзоҳо зери як нома ба Эмомалӣ Раҳмон бо талаби озодии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов оғоз кардааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Афви байналмилал (Amnesty International), як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, маъракаи ҷаҳониеро барои ҷамъоварии имзоҳо зери як нома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо талаби раҳоии журналисти тоҷик Далер Шарипов шурӯъ кардааст.

Бар пояи ин гузориш, Афви байналмилал аз ҳамаи онҳое, ки нисбат ба сарнавишти журналисти боздоштшуда бефарқ нестанд, хостааст, ки бо талаби озодии Далер Шарифов ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бифиристанд.

Дар матни номае, ки Афви байналмилалӣ дар сомонааш нашр кардааст, ин созмон Далер Шарифовро маҳбуси эътиқод (узник совести) номида, навиштааст, ки “ӯ сирф барои истифода бурдан аз ҳаққи худ ба озодии баён ба ҳабс гирифта шудааст ва бояд билофосила ва бидуни қайду шарт озод карда шавад.”

Афви байналмилал бо дарназардошти таҷрибаи талхи мақомоти амниятии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Далер Шарифов метавонад дар боздошт таҳти шиканҷа қарор дода шавад.

Ахбор дар идомаи гузориши худ овардаст, дар нома дар баробари талаби раҳоии билофосила ва бидуни қайду шарти Далер Шарифов ҳамчунин аз президент Эмомалӣ Раҳмон хоста шудааст, ки ба таври фаврӣ ҷиҳати ҳимояти ин журналисти мустақил аз шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ва таъмини дастрасии билофосила ва бемаҳдудияти вакили мудофеъ ба Далер Шарифов чора биандешад.

Далер Шарифови 32-сола, ки қаблан дар ТВ «Сафина” кор мекарду бо ҳафтаномаи мустақили «Озодагон” ва сомонаи «Рӯшноӣ” ҳамкорӣ дошт, рӯзи 28 январ аз ҷониби кормандони КДАМ дастгир шуд. Додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ ӯро рӯзи 30 январ барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Ахбор менависад, Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ба зидди ин журналист бар асоси моддаи 189-уми КҶ ҶТ бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати динӣ парванда кушодаанд. Додситонӣ гуфт, ташхис дар ҳудуди 200 мақолаи тайи солҳои 2013-2019 чопкардаи Далер Шарифов ва дар китобчаи бо номи «Муҳаммад (с) ва терроризм» тарғиби ақидаҳои ифротӣ, аз ҷумла ақидаҳои Ихвон-ул-муслиминро пайдо кардааст. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи дин гуфт, матлабҳои Далер Шарифовро ҳанӯз ташхис накардааст.

Қаблан Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, Кумитаи амрикоии ҳимоят аз журналистон, Афви байналмилалӣ, Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва ҳамин тавр, намояндагон 8 созмони ғайридавлатӣ ва наздики 30 журналисти тоҷик дар як изҳороти муштаракозодии Далер Шарифовро талаб карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.