Дидгоҳ

Популизм ва опозисиюни тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Популизм, ки ба тоҷикӣ ба он “авомгароӣ” гуфта мешавад, равиши сиёсиест, ки дағдағаи соҳиби он ҷуз “ризояти умумӣ ва ҷалби пуштибон” нест, ба ин маъно, ки як сиёсатмадори популист таваҷҷӯҳаш беш аз он ки равонаи мушкилоти решаӣ ва асосӣ дар як кишвар ва ироаи роҳкорҳое барои ҳалли онҳо бошад, ба ҷойи он, мушкилотеро мавриди таҷаҷҷӯҳи худ қарор медиҳад, ки “феълан” мардум бо онҳо дасту панҷа нарм мекунанд.

Ҳоло як мисол бизанам, то бароятон равшантар шавад: фарз кунед, як кишвар аз мушкилоти зерсохтӣ ранҷ мебарад мисли ин ки иқтисодаш вобаста аст ва рӯйи пойи худ наистода, артише бисёр заъиф дорад, донишгоҳҳояш мутахассис тарбия намекунад ва ҷавононаш маҷбур ба таҳсил дар берун аз кишвари худ мешаванд ва ғайра (ки мисолҳояш зиёд аст). Инҳо мушкилоти зерсохтӣ ҳастанд. Ва дар канори он, мушкилоте ҳам дар ин кишвар аз қабили гаронии қимати равғану гӯшту орду ғайра вуҷуд дорад.

Мушкилоти зерсохтӣ ғолибан барои тӯдаи мардум малмусу маҳсус нестанд, зеро дар зиндагии рӯзмарраи онҳо таъсири мустақим надоранд. Аммо гаронии қимати маводди ғизоии зарурӣ, барояшон маҳсусу малмус аст.

Хуб, дар якчунин кишваре, як сиёсатмадори популист, ки тасмим дорад дар интихобот ширкат кунад ва мехоҳад мардум ба ӯ раъй диҳанд, тамоми шиорҳо ва барномаҳои пеш аз интихоботии худро дар ҳалли мушкилоти рӯзмарраи мардум хулоса мекунад ва масалан ваъда медиҳад, ки ман агар раисиҷумҳур шавам, қимати равғану гӯшту ордро бароятон арзон хоҳам кард, на ин ки бигӯяд, коре хоҳам кард, ки иқтисодамон рӯйи пойи худ биистад, то дигар вобастаи бегонагон набошем, ва ё сатҳи донишгоҳҳоро боло хоҳам бурд ва ғайра…

Албатта, ин фақат як мисол буд барои тафҳими маънои популизм, вагарна мешавад мисолҳои дигаре ҳам зад; зеро мушкилоти рӯзамарра, аз як кишвар то як кишвари дигар фарқ мекунад. Ба унвони мисол, дар Урупо ва ё ҳатто Омрико, ки дар чанд соли ахир популистҳо сари қудрат омаданд, мушкилоти рӯзмарра, ки мардум бо онҳо дасту панҷа нарм мекунанд, ҳаргиз гаронии қимати равғану гӯшту орд набуд, балки сарозер шудани муҳоҷирон аз кишварҳои севвум бахусус кишварҳои фақир ва ҷангзада буд, аз ин рӯ сиёсатмадорони популист, ки муваффақ ба касби раъйи мардум шуданд, шиорҳо ва барномаҳояшон бештар ҳалли мушкили муҳоҷират ва ин ки ҷилави онро бояд гирифт ва ин қабил масоил буд.

Он чи арз шуд, фақат як муқаддима буд барои баёни як матлаби дигар, ки дар поён арз мекунам.

* * *

Дар ин ки ҳадафи аҳзоби сиёсӣ расидан ба қудрат аст, шакке нест. Ва дар ин ҳам, ки шиорҳо ва барномаҳои популистӣ гоҳе аҳзобро ба ҳадафашон мерасонад низ тардиде вуҷуд надорад ва мисоли равшанаш ҳам, таҳаввулот дар Омрико ва бархе кишварҳои урупоӣ дар чанд соли ахир аст. Аммо суоли матраҳ — ки мехоҳам андаке пиромуни он баҳс ба амал оварам — ин аст, ки кадом аҳзоби сиёсӣ ва дар чӣ шароите ба василаи шиорҳо ва барномаҳои популистӣ метавонанд ба ҳадафи худ ноил оянд? Оё ҳар ҳизби сиёсие ва дар ҳамаи шароит, ё фақат баъзе аз аҳзоб ва дар шароити хоссе?

Посух равшан аст, ва он ин ки: бо таваҷҷӯҳ ба кӯтоҳ будани таърихи масрафи шоирҳо ва барномаҳои популистӣ, танҳо аҳзобе метавонанд бо тамассук ба ин равиш ба ҳадафи худ ноил оянд, ки фаъолияти онҳо дар дохили кишвар буда ва ҷузъе аз опозисиюни қонунӣ ва эътирофшуда аз сӯи ҳукумат ҳастанд. Масалан, дар Урупо, аҳзобе, ки дар чанд соли ахир бо касби раъйи мардум ба қудрат расиданд, инҳо аҳзобе эътирофшуда ва фаъолияташон қонунӣ буд ва онҳо бо суистифода аз шароити пешомада дар Урупо, бо тарҳи шиорҳои тӯдаписанд, тавонистанд “ризояти умумӣ”-ро ҷалб намоянд.

Аммо барои як ҳизбе, ки ба ҳар далел – дуруст ё ғалат — аз сӯи ҳукумати вақт “ғайриқонунӣ” эълом шуда ва фаъолияташ дар дохили кишвар мамнӯъ аст ва ин ҳизб шароити ширкат дар интихоботро надорад, барои якчунин ҳизбе, пеша кардани равиши популистӣ дар фаъолиятҳои худ, на танҳо суде надорад, балки дар дарозмуддат ба зиёну зарараш поён меёбад. Чаро?

Аз инҷо вориди асли мавзӯъ, ки ба вазъияти кишвари мо ва опозисиюни Тоҷикистон – ки ҷузъе аз он ҳастам – марбут аст, мешавам.

Имрӯз, мушкилоти решаӣ ва асосӣ дар кишвари мо, ки опозисиюн тамаркузаш бояд рӯи онҳо ва ироаи барномаҳое ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо ва таваҷҷӯҳ додани назари мардум ба сӯи онҳо бошад, на ин аст, ки масалан, фалон вазир дар бораи “марширофка” чунину чунон гуфта ва ё вазири дигаре хатое муртакиб шуда ё вазири севвуме муҳофизонаш чунину чунон карданд ва ё ҳукумат рӯзеро иди “картошка” ва рӯзи дигареро иди “харбуза” эълон карда ва ғайра … Балки мушкилоти решаӣ дар кишвари мо, ба унвони мисол, меросӣ шудани қудрат аст, ва ё тасвиби қонуни “Пешвои Миллат” аст, ё вобастагии комил пайдо кардани иқтисоди кишвар ва ин ки Тоҷикистон ба як кишвари масрафгаро табдил гардида ва мардумаш бахусус ҷавононаш аз бекорӣ ранҷ мебаранд ва ҳудуди 2 милюн шаҳрванд дар Русия барои кор муҳоҷират кардаанд аст, ва ё бӯҳрони ҳувият дар натиҷаи бақои хатти кирилл ва бурида будани чанд насл аз гузаштаи худ аст, ва ё қарор гирифтани сарвату қудрат дар ин кишвар дар чанги як хонавода аст. Мушкилоти решаӣ инҳост, ки бояд коре кард, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз зеҳну ёди мардум ин мушкилот фаромӯш нашавад.

Тамаркузи расонаҳои опозисиюн рӯи масоиле мисли “марширофка” ва ё ин ки фалон вазир фалон хатое муртакиб шуда ва ҳукумат фалон рӯзро иди “картошка” эълон карда, ин тамаркуз ва таваҷҷӯҳи мардумро ба онҳо андармон кардан, айни популизм аст. Ин равиш дар шароити кунунӣ агар ҳам натиҷабахш буд, он натиҷа чӣ метавонад бошад? Оё ҷуз ин ки масалан вазире, ки дар бораи “марширофка” гуфта барканор шавад, ё он вазире ҳам, ки муртакиби хатое шуда танбеҳ шавад ва аз кор барканораш кунанд, ва ё ҳукумат куллан даст аз бидъати номгузории як рӯз ба иди “картошка” ва рӯзе дигар ба иди “харбуза” даст бардорад? Хуб, агар чунин иттифоқе афтод, боз ҳам мушкилоти решаӣ сари ҷояшон истодаанд ва чизе тағйир пайдо накарда.

Бинобар ин, пеша кардани равиши популистӣ дар фаъолияти опозисиюне мисли опозисиюни тоҷик, дар шароити кунунӣ, фоидае надорад, ки ҳеч, балки дар дарозмуддат ба зарару зиёнаш поён меёбад. Ба ин далел, ки дар натиҷаи тамаркузи пайваста рӯи ин гуна масоили пеши по уфтода, “хидмате”, ки опозисиюн кардааст ин аст, ки мардумро аз масоили решаӣ андармон намуда.

Расонаҳо ва мошини таблиғоти ҳукумати кунунӣ зарфи 20 соли ахир пайваста ва мудом ин масъаларо такрор карда ва мекунанд, ки сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, ҲНИТ будааст; бо вуҷуди мадорику шавоҳиди малмуси фаровоне мабнӣ бар ин ки пушти он моҷаро Русия ва Ӯзбакистон буданд ва ин ду кишвар буданд, ки бо роҳ андохтани “Фронти халқӣ” мусаббиби он ҳама масоиб шуданд ва Квачков шоҳиди зиндаи ин муддаост, аммо ба далели ин ки опозисиюни тоҷик бахусус ҲНИТ рӯи ин масъала тамаркуз накард ва саҳлангорӣ намуд, таблиғоти дурӯғини ҳукумат рӯи мардум таъсир гузошта ва имрӯза бо камоли таассуф ин пиндор, ки гӯи ҲНИТ мусаббиби он ҷанг будааст, тақрибан ҷо уфтода. Барои опозисиюни тоҷик бахусус ҲНИТ ин як масъалаи решаӣ буд, ки ҷилави ин таблиғоти дурӯғинро бигирад, ки нагирифт.

Бинобар ин, умед меравад расонаҳои опозисиюн аз ин ба баъд, ба ҷойи тамаркуз рӯи масоили пеши по уфтода ва популизми расонаӣ, мушкилоти решаӣ ва асосиро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор бидиҳад ва барои ҳаллу фасли онҳо барномаҳое ироа бикунад.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.