Ваҳдати исломӣ

Суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

* Сангдил се аломат дорад: бар нотавон тараҳҳум накунад, ба андак насозад, панду андарз дар ӯ асар нагузорад.

* Сиддиқ (яъне он ки гуфтор бо кирдораш мутобиқ аст) се нишона дорад: пӯшондани садақа (яъне агар садақа бидиҳад, ба сурати пинҳонӣ медиҳад), пинҳон кардани мусибат ва махфӣ намудани ибодат.

* Фосиқ се аломат дорад: фасодангезӣ, зиён расондан ба мардум, инҳироф аз роҳи рост.

* Фурӯмоя се нишона дорад: нофармонии Худо, озори ҳамсоя, ишқ ба саркашӣ ва ёғигарӣ.

* Нишонаи обид се чиз аст: дар бораи Худованд бар худ хашм гирад (ки чаро вазоифи бандагияшро анҷом намедиҳад) ва дар роҳи Худо душмани шаҳавот бошад ва қиёми намозро тӯл диҳад.

* Марди боихлос се аломат дорад: душмании мол, душмании дунё, кинаи гуноҳ.

* Олим се нишона дорад: ростгӯӣ, парҳез аз ҳаром, фурӯтанӣ дар баробари умуми мардум.

* Саховатманд се аломат дорад: гузашт ҳангоми қудрат, адои закот, дӯст доштани садақа.

* Рафиқи некӯ се нишона дорад: молашро пеш аз моли ту сарф кунад, обрӯяшро сипари обрӯят қарор диҳад ва ҷонашро фидои ҷонат кунад, илова бар онҳо, асроратро фош накунад.

* Фоҷир (табаҳкор) се аломат дорад: савганди дурӯғ ёд кунад, занонро бифиребад ва ба бегуноҳон тӯҳмат занад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.