Сиёсат

Ширкати раиси ПМТ дар конфронси “Порлумониҳо барои Қудс” дар Молезӣ – (Тасовир)

Тибқи гузориши сафҳаи Паймони Миллии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ дар конфронси байналмилалии “Порлумониҳо барои Қудс”, ки рӯзҳои 8-ум то 10-уми феврал дар Куоло-ломпур, пойтахти Молезӣ (Малайзия) баргузор шуд, ширкат намуд.

Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронӣ дар ин конфронс, дар ҳошияи он бо ҳайатҳои мухталифи кишварҳои ширкаткунанда дидору гуфтугӯ намуд.

Дар ин конфронс ҳайатҳои зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ низ ширкат доштанд. Ба ҷуз ҳайатҳои ширкаткунанда, раиси ПМТ бо раисони аҳзоби сиёсии Молезӣ низ дидору гуфтугӯ намудааст.

Меҳвари аслии гуфтугӯҳои ӯ вазъияти ҳуқуқи башар, озодиҳои маданӣ ва демукросӣ дар Тоҷикистон будааст. Бар пояи ин гузориш, раиси ПМТ дар ин сӯҳбатҳо дар бораи ҳамкорӣ ва пофишории дастаҷамъона барои раҳоии зиндониёни сиёсӣ сӯҳбат намуда аз ҳайатҳо хостааст, дар ин замина ҷиддитар амал намоянд. Ҳамчунин нусхаи қарори СММ дар бораи талаби озодии аъзои зиндонии РО ҲНИТ ба онҳо тақдим гардид.

Ҷузиёти бештари ин сафар дар яке аз суханрониҳои қарибулвуқуъи раиси ПМТ матраҳ хоҳад шуд.

Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.