Ҷаҳон

Ҳамкории Facebook бо Reuters барои кашфи хабарҳои дурӯғ

Facebook бо ҳамкории 3 хабаргузории бузурги ҷаҳон талош мекунад матолиби ҷаълӣ ва дурӯғин дар ин шабакаи иҷтимоӣ ва Instagram-ро кашф кунад.

Ба гузориши Reuters, ширкати Facebook эълом кард, бо хабаргузории Reuters ба тавофуқе расидааст, ки бар асоси он, муҳтавои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram баррасӣ ва хабарҳои ташхис ҷаълӣ шавад.

Facebook аз ду моҳ қабл (декабри 2019) барномаи озмоиширо барои кашфи сареъи иттилооти гумроҳкунанда дар Омрико оғоз кард. Facebook ин иқдомро таҳти фишор барои ҳазфи хабарҳои ҷаълӣ ва дурӯғ дар ин шабакаи иҷтимоӣ қабл аз интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико анҷом дод.

Яке дигар аз далоил ва ангезаҳои Facebook барои ташхис ва ҳазфи хабарҳои ҷаълӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ, “истифодаи русҳо аз Facebook барои интишори хабарҳои ҷаълӣ ва таъсиргузорӣ бар интихоботи риёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида дар соли 2016” аст.

Дар ин интихобот, Ҳилори Клинтун шикаст хӯрд ва Тромп ба пирӯзӣ расид. Давлати Русия ин мавзӯъро рад мекунад.

Хабаргузории Reuters ҳам гуфтааст, ниҳоде, ки ба тозагӣ дар ин расона таъсис шудаааст вазифаи таҳқиқу баррасии аксҳо, филмҳо, титрҳо ва дигар муҳтавоҳоро, ки мухотабон дар Facebook мунташир мекунанд, баррасӣ хоҳад кард.

Ин баррасӣ қарор аст танҳо шомили матолиб ва акс ва филмҳое бошад, ки барои корбарони Facebook дар Омрико ба ду забони англисӣ ва испониёӣ мунташир мешавад.

Facebook ҳамчунин бо 7 тарафи дигар барои баррасӣ ва кашфи хабарҳо ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумлаи ин тарафҳо метавон ба хабаргузориҳои Фаронса ва Associated Press ишора кард.

Рубрики:Ҷаҳон

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.