Сиёсат

New York Times аз далели аслии терури Сулаймонӣ парда бардошт

Терури Қосим Сулаймонӣ на ба хотири куштани як низомии омрикоӣ тавассути нерӯҳои ироқӣ ва на ба хотири муҳосираи сафорати ин кишвар дар Бағдод тавассути мардуми Ироқ ҳамон тавр ки Тромп иддао мекунад будааст, балки ба хотири дидорҳои маҳрамонае, ки бо талоши Қосим Сулаймонӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуда будааст; дидорҳое, ки дар онҳо қарор бар ин буда, ки раванди танишзудоӣ байни Аморот ва Арабистон бо Эрон ба миёнҷигарии Ироқ ва Покистон сурат бигирад. Мақомҳои омрикоӣ ва исроилӣ пас аз огоҳӣ аз пешрафти ин музокироти маҳрамона бар ин эътиқод будаанд, ки пешрафти раванди танишзудоӣ байни Эрон ва ин кишварҳо, эътилофи минтақаии Омрико ва Исроил бо кишварҳои минтақа алайҳи Эронро дучори фурӯпошӣ хоҳад кард.

Тибқи гузориши New York Times, мақомҳои Эрон ва Аморот дар моҳи сентябр музокироти маҳрамонаеро барои коҳиши таниш дар минтақа оғоз карда буданд. Ин дидорҳо ба дур аз чашми мақомоти омрикоӣ баргузор шуд, аммо ниҳодҳои ҷосусии Омрико ба ҷузъиёте аз ин дидор даст ёфтанд. Мақомоти амниятии Омрико аз ин бобат аз ин дидори маҳрамона эҳсоси нигаронӣ карданд, чаро ки мӯътақид буданд коҳиши таниш байни Эрон ва кишварҳои минтақа метавонад эътилоферо, ки онон дар минтақа алайҳи Эрон ташкил додаанд дучори фурӯпошӣ кунад.

Тромп ва Натонёҳу ин нишасти маҳрамонаро ақибнишинии эътилофе дар минтақа медонанд, ки қасдаш ба инзиво кашондани Эрон аст.

Илова бар ин, дар канори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки худро омодаи танишзудоӣ бо Эрон мекард, Арабистони Саудӣ ҳам аз тариқи Покистон ва Ироқ дар садади танишзудоӣ бо Эрон буд.

Аммо ҳамзамон бо талошҳои минтақаӣ барои танишзудоӣ замоне ки Мойк Помпеу дар моҳи октябр вориди Исроил шуд, Юси Куҳен, раиси Мусод, ба ӯ гуфт, ки Эрон дар ҳоли нобуд кардани эътилофи минтақаӣ аст, ки мо алайҳи онон эҷод кардаем. Баъди ин дидорҳо ва ду моҳ пас аз ин дидор, Сардор Сулаймонӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва ин гуфтугӯҳо мутаваққиф шуд.

Пештар Эрон эълом карда буд, ки Сардор Сулаймонӣ замоне ки дар Ироқ мавриди ҳамла қарор гирифт ва ба шаҳодат расид, дар як сафари диплумотик дар Ироқ буд. Ӯ дар ин сафар мехост паёми Эронро аз тариқи нахуствазири Ироқ ба мақомҳои арабистонӣ бирасонад. Аммо бо шаҳодати ӯ, талош шуд, ки ин раванд мутаваққиф шавад, зеро омрикоиҳо медонистанд, ки ҳар гуна интиқоми Эрон алайҳи шаҳодати Сулаймонӣ дар минтақа рух хоҳад дод ва табиатан кишварҳои минтақа ҳадафи Эрон қарор хоҳанд гирифт ва ин ба сурати худкор таниши кишварҳои минтақаро бо Эрон бештар мекард ва раванди танишзудоӣ ба сурати комил мутаваққиф мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.