Сиёсат

Ба баҳонаи солрӯзи хуруҷи артиши сурхи Шӯравӣ аз Афғонистон

Имрӯз, 15 феврал мусодиф аст бо солгарди хуруҷи охирин сарбозҳои Шӯравии собиқ аз Афғонистон.

Пас аз кудатои кумунистии соли 1978, ки мунҷар ба рӯйи кор омадани ҳукумати таҳти ҳимояти Шӯравӣ дар Афғонистон шуд, муқовимати мардуми мусалмони ин кишвар бар алайҳи давлати дастнишондаи Шӯравӣ шиддат гирифт ва Шӯравӣ маҷбур ба таҷовузи мустақим ба хоки Афғонистон шуд.

Муқовимати шуҷоъонаи мардуми мусалмони Афғонистон боис шуд, ки артиши сурхи Шӯравӣ пас аз 9 солу як моҳу 20 рӯз ишғол ва бо бар ҷой гузоштани ҳудуди 13 ҳазор кушта, 35 ҳазор захмӣ ва 311 мафқуд ва аз даст додани 114 фарванд ҳавопаймо ва 332 фарванд болгарди ҷангӣ, ба ночор хоки Афғонистонро тарк кунад.

download

Охирин сарбозони Шӯравӣ дар 15 феврали соли 1989 аз Афғонистон хориҷ шуданд.

Наҷибуллоҳ ҳарчанд тавонист барои муддате дар муқобили муҷоҳидин истодагӣ кунад, вале ҳаргиз муваффақ нашуд муҷоҳидинро бо худ дар оштии миллӣ ҳамроҳ кунад ва гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ҳамчунон ӯро дастнишондаи давлати Шӯравӣ мехонданд ва фақат ба ҳазфи вай аз қудрат розӣ мешуданд.

Ташкили кобинаи муваққати муҷоҳидин дар Покистон

Тасаввури умумӣ бар ин буд, ки бо хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон, ҳукумати кумунистии Кобул дар сареътарин вақт суқут мекунад ва як давлати исломии ташкилёфта аз аҳзоби ҷиҳодӣ ҷойгузини он мешавад, ба ҳамин манзур ва танҳо пас аз 10 рӯз аз хуруҷи комили артиши Шӯравӣ аз Афғонистон, аҳзоби ҳафтгонаи муқими Пешовари Покистон, ки худро дар остонаи пирӯзӣ медиданд, бо ташкили як шӯрои машваратӣ, ки 519 узв дошт, худро барои расидан ба қудрат омода мекарданд.

Ва саранҷом тарҳи давлати муваққати муҷоҳидин дар Покистон ба саранҷом расид ва давлати муваққат омода шуд, то пас аз сарнагунии ҳукумати Наҷибуллоҳ қудратро дар даст гирад.

Гулбуддин Ҳикматёр, вазири хориҷаи давлати муваққати муҷоҳидин, дар раъси ҳайъате ба Эрон, Арабистон, Либӣ, Молезӣ, Сингопур, Ироқ, Миср, Устролиё ва чанд кишвари дигар сафар кард ва дар натиҷаи ин талошҳо давлати муваққати муҷоҳидин аз сӯйи давлатҳои Арабистон, Молезӣ ва Судон ба расмият шинохта шуд.

Ихтилофафкании Омрико дар миёни муҷоҳидин

Ба ҳамон андоза, ки давлати муҷоҳидин дар таҳаррукоти сиёсии худ пеш мерафт, ба ҳамон андоза дар ҷабҳаи низомӣ замингир шуд ва натавонист тибқи барномаҳое, ки интизор мерафт, ҳукумати Наҷибуллоҳро сарнагун кунад.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки муқовимати мардуми мусалмони ин кишвар боиси шикасти артиши сурхи Шӯравӣ аз ин кишвар шуд ва бо ин шикаст, оташи хашми Омрико фурӯ нишаст ва муроди худро, ки ҳамон шикасти артиши сурх буд ҳосилшуда ёфт ва дигар майл ва рағбати чандоне барои ба қудрат расидани муҷоҳидин дар Кобул надошт.

Бинобар ин, Омрико кӯмакҳои худро, ки дар соли 1987 ба 630 милюн дулор мерасид, ба шиддат коҳиш дод ва талош кард, ки давлати муваққати муҷоҳидинро дар заду бандҳои сиёсӣ дар Пешовар ва Ровилпиндӣ машғул нигаҳ дорад.

Омрико дар ҳоле ки машғули ихтилофафканӣ дар миёни муҷоҳидин буд, аз тарафи дигар талош мекард, то нерӯи севвумеро, ки бештар гаройиш ба Омрико ва Ғарб дошта бошад, вориди саҳна намояд ва онро ҷойгузини муҷоҳидин кунад ва барои ин манзур бо тарафдорони Зоҳиршоҳ вориди музокира шуд, то дар лаҳзаи интиқоли қудрат, ин нерӯҳо нақши таъйинкунанда дошта бошанд.

Шикоф дар миёни нерӯҳои низомии давлати Наҷибуллоҳ

Дар самт дигари ин майдон, ҳукумати Наҷибуллоҳ, ки тавониста буд пас аз хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон, ҳамчунон дар қудрат боқӣ бимонад, бо бурузи шикофи дохилӣ мувоҷеҳ шуд ва ин шикоф зарбаи ниҳоиро бар пайкари ҳукумати Наҷибуллоҳ ворид кард.

Умдаи ин ихтилофот байни Наҷибуллоҳ ва женерол Дӯстум, фармондеҳи артиши Афғонистон дар шимоли ин кишвар зуҳур кард ва Наҷиб, ки аз сӯи женерол Дӯстум эҳсоси хатар мекард, саъй кард вайро барканор кунад, аммо женерол Дӯстум, ки фармондеҳи артиш дар шимоли Афғонистон буд ва беш аз 40 ҳазор нерӯи ӯзбак таҳти ихтиёри ӯ буданд, алами мухолифат бо ҳукуматро бардошт ва амалан манотиқи шимоли Афғонистон аз сайтараи давлат хориҷ шуд.

download (2)

Эътилофи шимол ба сӯи Кобул

Билофосила баъд аз суқути Мазори Шариф, намояндагоне аз Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ба раҳбарии Абдулалӣ Мазорӣ ва Шӯрои низор ба раҳбарии шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд дар шаҳри Ҷабалуссироҷ гирд омаданд ва дар канори женерол Дӯстум иттиҳодеро бо номи Шӯрои олии ҷиҳодии Афғонистон, ки баъдҳо ба Эътилофи шимол машҳур шуд, бунён гузоштанд.

download (3)

Дар ин эътилоф шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ба унвони раис, Абдулалӣ Мазорӣ ба унвони муовин ва женерол Дӯстум низ ба унвони масъули низомӣ таъйин шуданд ва дар ин нишаст буд, ки ҳар 3 тараф ба тавофуқ расиданд, ки шаҳри Кобулро аз тасарруфи нерӯҳои давлатӣ берун кунанд.

download (4)

Дар воқеъ метавон гуфт, ки Шӯрои низор ба раҳбарии шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, Ҳизби ваҳдат ба раҳбарии Абдулалӣ Мазорӣ ва Ҷунбиши шимол ба раҳбарии женерол Дӯстум, бештарин саҳмро дар суқути Кобул ба дасти муҷоҳидин ифо карданд.

Сипас шаҳри Чорикор ва фурудгоҳи низомии Багром бидуни муқовимат ба тасарруфи нерӯҳои шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд даромад ва Наҷибуллоҳ, ки хатари суқутро эҳсос карда буд, 3 рӯз баъд ба таври расмӣ истеъфои худро эълом кард ва ҳамроҳ бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ба фурудгоҳи Хоҷа Равоши Кобул рафт, то ба Деҳлӣ парвоз кунад ва ба хонаводаи худ мулҳақ шавад.

Дар фурудгоҳ алорағми он ки зоҳири худро тағйир дода буд, тавассути нерӯҳои женерол Дӯстум мавриди шиносоӣ қарор гирифт ва натавонист парвоз кунад ва маҷбур шуд, ки ба дафтари Созмон Милал дар Кобул паноҳанда шавад.

Наҷиб пас аз истеъфо, қудратро ба 5 нафар аз низомиёни вобаста ба худ вогузар кард ва онҳо ҳам натавонистанд дар он лаҳазоти ҳассос, истротежии воҳиде дар қиболи ҳаводиси пуршитоб иттихоз кунанд ва аз тарафе ҷони худро дар маърази нобудӣ медиданд ва тибқи гаройишҳои қавмӣ, ки доштанд, ҳар кадом саъй карданд, ки қудратро ба ҷиноҳе бисупоранд, ки аз назари қавмӣ бо он иштирок доранд.

Ин гуна тӯмори давлати кумунистӣ, ки Наҷибуллоҳ охирин сардамдори он буд, дар Афғонистон барчида шуд ва муҷоҳидини Афғонистон ба пирӯзӣ расиданд, ҳарчанд ки ихтилофоти дохилӣ дар оғозини рӯзҳо, ин пирӯзиро дар коми ҳамаи талх кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.